Ваҳдатофар

№82-83 (4665-4666) 23.06.2023

КОЛЛАЖ

Собит шуда, ки парешонӣ миллатро ба нобудӣ мебарад. Таърих миллатҳои зиёдро дар хотир дорад, ки дар натиҷаи низоъ истиқлолият, фарҳангу ҳувияти миллиашонро аз даст дода, пароканда шуданд ё ба миллатҳои дигар омезиш ёфта, ҳамчун миллат аз байн рафтанд. Баъзе миллатҳо вуҷуд доранд, аммо давлати ягонаи умумимиллӣ надоранд. 

Тоҷикон ҳам тӯли таърих, хоса дар набарди сиёсии сад соли пеш, аз бисёр арзишҳои милливу давлатӣ, аз ҷумла ҳудудҳои ҷуғрофиашон маҳрум шудаанд. Ин саҳифаи таърихи давлатдории мо дарднок бошад ҳам, аммо аз ҳар ҷиҳат омӯзанда аст, хоса барои насли ҷавон. Сарзамине, ки имрӯз дар харитаи ҷаҳон ба номи Тоҷикистон вуҷуд дорад, танҳо ҳиссае аз ҳудуди сарзамини гузаштагонамон мебошад, ки он ҳам бо талошу ҷоннисориҳои мардони нусратманде чун Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва чанде дигарон арзи ҳастӣ намуд.

 Тоҷикистони имрӯза нисбат ба империяҳои бузурге, ки тоҷикон дар таърих доштанд, ба мисли Сомониёну Сосониён хурдакак аст, аммо муҳим он аст, ки мо давлати ягонаи умумимиллӣ дорем.

Бо дигар шудани вазъи сиёсии соли 1991 вазъият дар Тоҷикистон низ дигар шуд. Тоҷикон боз дар тангнои сиёсати ноадолатонаи давр қарор гирифтанд. Ин бор барои ҳимояи миллат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сина сипар намуданд. Кори худро аз сулҳ оғоз карданд. Мардуми ба иллати ҷанги таҳмилӣ парешоншударо ба ҳам овардан,  аз сирф давлати миллӣ бунёд кардан кори саҳл набуд, аммо ин Абармард тавонистанд. Ҳар дастоварде, ки имрӯз Тоҷикистон дорад, аз  баракати ваҳдат аст, ваҳдате, ки Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо оварданд.

Расидан ба ваҳдат ва истиқлолият барои ҳар миллату давлат кори саҳл нест, аммо мушкилтар эмин нигоҳ доштани он аст. Сарвари давлат  барои расидан ба ваҳдати комил,  мустаҳкам намудани пояҳои он корҳои зиёде анҷом доданд,. Бо дастуру ҳидоятҳояшон ҳар омиле, ки садди ягонагии миллӣ ва рушди он мешуд, барканор гардид. Яке аз ин мушкилӣ бунёди роҳҳо буд. Пешвои миллат дар давоми сӣ сол дар ин самт корҳоро  анҷом доданд, ки давлати абарқудрати шӯравӣ муддати 70 соли мавҷудият иҷро карда натавонист.

Арзиши дигаре, ки боиси таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад, ин парчам аст. Бори нахуст дар шаҳри Душанбе Парчами Тоҷикистон бо баландии 165 метр бунёд гардид, ки дар дунё беназир аст. Ҳоло қариб дар ҳама навоҳии кишвар Парчами Тоҷикис­тон бо сутунпоя сохта мешавад, ки рамзӣ буда, зери он бояд муттаҳид бошем.

Чизи дигаре, ки бо шарофати Роҳбари мамлакат ба дарки хусусияти муттаҳид­гардонӣ ва ваҳдатофарии он расидем, ин забон аст. Президенти ҷумҳурӣ онро ҳамчун омили қавии давлатдории навини тоҷикон эътироф намуданд. Ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуд ва он дигарбора ба тахт нишаст.

Ба омӯзиши таърих ва боло бурдани эҳсоси худшиносӣ, ҷовидон нигоҳ доштани урфу одат, анъанаҳои миллӣ ва ҳар чизе, ки таҳкимбахши ваҳдати миллӣ  мебошад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд. Сад шукр, ки масири интихобнамудаи давлатдории Пешвои миллат моро ба ваҳдати сартосарӣ расонд.

Агар ба ваҳдат намерасидем, шояд дар Тоҷикис­тон ҳанӯз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ идома дошт. Чун дар Афғонистон. Омили асосии ҷанги мутадовим дар ин кишвар набудани ваҳдати миллӣ мебошад…

Агар ба ваҳдат немерасидем, Неругоҳи барқи обии «Роғун» — ро, ки бузургтарин дар  минтақа маҳсуб меёбад, сохта наметавонистем. Сохтмони нақби «Истиқлол»-у «Хатлон» низ ғайриимкон мебуд…

Ин далелҳо, ки «қатрае аз баҳр» аст, кофист то хонандаи рӯзнома моҳияти ваҳдати миллӣ ва хидматҳои мондагори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмонро дарк намояд.

Ҳоло Тоҷикистон дар ҷаҳон ба ҳайси як кишвари соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёд ва осуда эътироф шудааст, аммо ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки мо аз хатарҳо эмин мебошем. Ба таъкиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон: «Дунё ҳар лаҳза тағйир меёбад ва барои мардуме, ки дар фикри саодати хеш ва ободии Ватанаш нест, хатарҳои зиёде таҳдид мекунанд…».

Набояд фаромӯш сохт, ки дар муқобили чунин тафриқандозӣ ҳар давлату миллат тавассути ваҳдати миллӣ, якдилӣ ва истиқлолияти комил метавонад истодагарӣ намояд. Биноан, моро зарур аст беш аз пеш муттаҳид бошем.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»