Дар мамлакат корхонае фаъолият мекунад, ки ба васлу насби нақлиёти барқӣ ва велосипед машғул аст. Айни замон он то 30 фоиз кор иҷро мекунад ва тасмим дорад, ки давра ба давра иқтидорро такмил дода, васлу насби нақлиёти барқиро пурра ба роҳ монад.
Ба хотири рушди соҳаи нақлиёти аз нигоҳи экологӣ тоза, ташкили ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии кишвар соли 2011 дар шаҳри Душанбе ба сохтмони КВД «Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва велосипед» санги асос гузошта шуд. Директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбехадамотнақлиётрасон» Фирдавс Саидзода, ки қаблан роҳбарии КВД «Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва велосипед»-ро ба уҳда дошт, изҳор дошт, ки пас аз ба фаъолият шурӯъ кардани корхона дар навбати аввал харидорӣ намудани машинакомплекти троллейбуси тамғаи «Тролза-5275.03» «Пойтахт» бо дараҷаи комплектатсияи 90 фоизи тайёр ва насби 10 фоизи боқимонда дар назар буд. Корхона бо ҶММ «Тролза-Маркет»-и шаҳри Энгелси Федератсияи Россия бобати харидорӣ намудани 15 мошинакомплекти троллейбус қарордод ба имзо расонд. Тибқи он 15 мошинакомплекти троллейбусро то якуми ноябри соли 2013 қабул намуд. Мошинакомплектҳои троллейбус аз оғози фаъолият (5 сентябри соли 2013) то моҳи апрели соли 2014 пурра васлу насб шуданд.
Инчунин, бо мақсади ба роҳ мондани васлу насби автобуси тамғаи «ПАЗ-320402.05» корхона аз ҶММ «Русские автобусы-Группа ГАЗ»-и шаҳри Павлови Федератсияи Россия 25 мошинакомплекти автобуси тамғаи зикршударо бо дараҷаи комплектатсияи 83 фоизи тайёр нимаи дуюми моҳи апрели соли 2014 қабул ва то моҳи декабри ҳамон сол пурра ба анҷом расонд. Инчунин, намои 25 мошинакомплекти автобуси тамғаи «ПАЗ 320402. 05»-и бо ранги сафед воридгардида пас аз иҷрои корҳои насбу барқарорсозӣ дар асоси хулосаи Агентии стандартизатсия, метрология ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ба намои автобусҳо, ки дар шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор доранд (сафеду сабз), мутобиқ гардонида шуд. Автобусу троллейбусҳои зикршуда тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе аз 19 декабри соли 2014 ба тавозуни ташкилотҳои нақлиётии шаҳри Душанбе гузаронида шуда, мавриди истифода қарор доранд.
Тавре директори КВД «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе Хайрулло Камолов иттилоъ дод, имрӯз дар пойтахт 14 хатсайри троллейбус мавҷуд мебошад, ки аз он 8 хатсайр фаъол буда, дар назар аст, ки баъд аз анҷоми корҳои таъмирӣ боз се хатсайри дигар ба фаъолият шурӯъ кунад. Номбурда гуфт, ки дар тавозуни КВД «Троллейбус» 166 троллейбус мавҷуд буда, аз он 105 — тоаш дар ҳолати корӣ қарор дорад. Муҳлати истифодаи 61 троллейбус гузашта, барои аз эътибор соқит кардан ба мақомоти дахлдор ҳуҷҷат пешниҳод шудааст. Ҳар рӯз 70-75 троллейбус ба сокинон ва мусофирони пойтахт хизмат мерасонанд. Корхона давоми се моҳи аввали соли равон ба 3265600 нафар хизмат расонидааст, ки 100,2 фисади нақшаро ташкил медиҳад.
Ғайр аз шаҳри Душанбе, чанд сол пештар дар шаҳри Хуҷанд низ троллейбусҳо ба мусофирон хизмат мерасониданд. Аммо зиёда аз даҳ сол аст, ки на танҳо троллейбус дар ин шаҳри бостонӣ ҳаракат намекунад, балки ноқилҳои барқии он дигар ба чашм намерасад. Мудири шуъбаи нақлиёти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Ғафурҷон Дадаҷонов гуфт, ки бинобар норасоии қувваи барқ соли 2006 фаъолияти троллейбусҳо дар шаҳри Хуҷанд боздошта шуд. То соли зикршуда 17 троллейбус дар 11 хатсайри шаҳр ба мусофирон хизмат мерасонд, ки айни замон онҳо бинобар гузаштани муҳлати истифода аз эътибор соқит карда шудаанд. Ба гуфти ӯ, бинобар фаъолият накардани нақлиёти барқӣ КВД «Троллейбус»-и шаҳри Хуҷанд ба КК «Нақлиёти ҷамъиятӣ» табдили ном кард. Дар ҷавоб ба суоли мо оид ба ҳамкорӣ бо КВД «Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва велосипед»-и шаҳри Душанбе изҳор дошт, ки дар сурати аз нав ба фаъолият шурӯъ кардани хатсайрҳои троллейбус дар шаҳри Хуҷанд имкони ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ин корхона мавҷуд аст.
Якуми апрели соли 2011 таҳти №165 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» ба тасвиб расид. Мувофиқи он бояд дар чанд шаҳру ноҳияи сераҳолии ҷумҳурӣ хатсайрҳои троллейбус фаъол мешуданд. Дар қарор, аз ҷумла омадааст, ки «афзоиши теъдоди мусофирон ва дарназардошти афзоиши табиии аҳолӣ тақозо менамояд, ки дар давраи дарозмуҳлат дар самтҳои атрофи пойтахт — шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода ва шаҳраки Сомонии ноҳияи Рӯдакӣ, инчунин шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Сарбанд хатҳои наздишаҳрии троллейбусҳо ба роҳ монда шаванд». Маблағгузорӣ барои татбиқи ин банди барнома ду марҳиларо дар бар гирифта, марҳилаи аввал бояд то соли 2020 ва марҳилаи дувум то соли 2025 амалӣ шавад. Масъули иҷрои корҳо дар Барномаи зикршуда мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аст.
Дар шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ барои иҷрои банди мазкури барнома то ҳол иқдоме сурат нагирифтааст. Мутаассифона, масъулини ин ду ноҳияи ҳамшафати пойтахти кишвар аз мавҷуд будани чунин як барномаи соҳавӣ изҳори бехабарӣ карданд ва ҷузъиёти онро аз мо пурсиданд. Мудири бахши саноат, сохтмон ва нақлиёти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор Зоир Исроилов гуфт, ки то имрӯз оид ба ин масъала (сохтмони хатти троллейбусгард) дар буҷет маблағ пешбинӣ нашудааст. Сармутахассиси бахши иқтисод, савдо, саноат ва нақлиёти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ Аъзам Хӯҷаев изҳор дошт, ки масъулини соҳа ба вазифа нав таъин шудаанд ва аз чунин барнома огоҳ нестанд. Пас аз хондани якчанд банди марбути мавзӯъ, ки дар барнома зикр шудааст, номбурда изҳор дошт, ки «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Рӯдакӣ барои солҳои 2017-2020» таҳия ва барои тасдиқ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо пешниҳод шудааст.
- Мо кӯшиш мекунем, ки сохтмони хатти троллейбусро ба ин барнома ворид намоем, — афзуд ӯ.
Мутахассиси бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат Вайсиддин Назиров гуфт, ки аз масъала оид ба ташкили хатсайри троллейбусгард огоҳӣ дорад, аммо то имрӯз дар ягон барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр ворид нагардидааст.
Танҳо дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Турсунзода, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб оид ба иҷрои барнома омодагӣ сурат гирифтааст. Мудири бахши нақлиёт ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода Шералӣ Сафаров гуфт, ки чанде пеш бо намояндагони Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия, ки бо роҳбарии Сергей Ключаров омада буданд, оид ба ташкили инфрасохтор барои фаъолияти троллейбусҳо дар шаҳр гуфтушунид сурат гирифт. Айни ҳол се хатсайр ба нақша гирифта, ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки баъди таҳлил ва омӯзиши ҳаматарафа хулосабарорӣ кунанд. Дар суҳбат оид ба сохтмони хатти дохилишаҳрии троллейбус ва пайваст кардани он ба хатти умумии шаҳри Душанбе пешниҳод ироа гардидааст. Номбурда зикр кард, ки намояндагони Федератсияи Россия бояд моҳҳои наздик биёянд ва ин масъала ҳал шавад. Муовини якуми раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Искандар Абдуллозода низ аз омодагиҳое, ки дар ин самт ду сол пеш гирифта шудаанд, иттилоъ дод. Бино ба гуфти ӯ, соли 2015 ду маротиба дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба ин масъала ҷаласа доир шуда, мақоми ваколатдор барои татбиқи лоиҳа таъсис ёфт.
Мудири шуъбаи иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Абдураззоқ Хуҷамқулов изҳор дошт, ки намояндагони Корхонаи троллейбуси шаҳри Энгелси Федератсияи Россия ва КВД «Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва велосипеди шаҳри Душанбе» бо шароити кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Кӯлоб ҷиҳати ташкили хатсайри троллейбус шинос шуда, ба хулоса омаданд, ки дар навбати аввал дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, ки 8,5 километр дарозӣ дорад, чунин хатсайр ташкил шавад. Айни замон барои дарёфти сармоя кор рафта истодааст ва дар сурати ниҳоӣ шуданаш корҳои сохтмонӣ шурӯъ мешавад. Бино ба гуфти ӯ, ин масъала дар «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2015-2019» ворид шудааст ва бояд дар муҳлати муайяншуда мавриди истифода қарор гирад.
Дар шароите, ки роҳбарони давлатҳо ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ аз тағйирёбии иқлим бонги хатар мезананд, истифодаи нақлиёти барқӣ ба мақсад мувофиқ аст. Ҳангоми истифода аз нақлиёти ҷамъиятӣ, хусусан микроавтобусҳо, ки бо номи «Старекс» маъруфанд, ба баҳси ронандаву мусофирон дар мавриди «боло гузар»-у «камтар ҷумб» ва чанд сухани «болохонадор»-и дигар шоҳид мешавем. Зеро дар ҷое, ки бояд се нафар шинад, чор мусофир савор мешавад ё барои фаромадани як нафар аз қисмати қафои мошин, бояд 6 -7 нафар аз нақлиёт поин шуда, роҳ диҳанд. Мутаассифона, ин амал ба зуҳуроти маъмул табдил ёфтааст, ки дигар гоҳҳо чунин ба назар мерасад, ки эътирози мусофирон пеши ронандаву масъулини ташкилотҳои мусофиркашонӣ арзише надорад. Ҷавоби онҳо ҳамоно чун пештара як аст: «нафората бо таксӣ рав!». Троллейбус бо ғунҷоиши бештари мусофирон метавонад дар як вақт даҳҳо микроавтобусро иваз намояд. Дар ин сурат, ҳам тамбашавии нақлиёт дар роҳҳои дохилишаҳрӣ коҳиш меёбад ва ҳам мусофирон бе ташвиш бо нархи нисбатан арзон ба ҷойи лозима мерасанд. Пас масъулини соҳа хусусан роҳбарони шаҳру ноҳияҳое, ки ташкил кардани хатсайрҳои троллейбус дар «Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» муайян шудааст, мебояд дар ин самт бетаъхир чораандешӣ намоянд.
Шариф Атобуллоев,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ