Муносибатҳои меҳнатию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ агар дар асоси талаботи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ба танзим дароварда нашаванд, волоияти қонун таъмин нагардида, боиси баҳсу мунозираҳои беохир мегардад. Мутаассифона, роҳбарияти Вазорати нақлиёт ин омили одиро ба эътибор нагирифта, бо ваколатдиҳии бебаркаш ва ғайриқонунӣ ба ташкилоти зертобеъ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ боиси норозигии ташкилоту ҷамъиятҳои нақлиётии гуногунмоликият гардида истодааст.
Арзу шикояти ба идораҳои дахлдор ирсолнамудаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дар соҳа фаъолияткунанда далели исботи ин гуфтаҳост. Ҳатто Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости роҳбари ҶДММ «Наҷот»-и шаҳри Исфара Н. Исомаддинова маҳз ғайриқонунӣ ваколатдиҳии Вазорати нақлиётро ба ташкилоти зертобеъ муҳокима карда, дар қарори худ қайд намуд: «Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ваколати Вазорати нақлиёт дар хусуси вогузор намудани баъзе аз ваколати худ ба зиммаи ташкилотҳои зертобеъ, ки аз сархати панҷуми банди 6 Низомномаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, қайд менамояд, ки вогузор намудани ваколат ба ташкилотҳои зертобеи худ бояд пурра дар асоси талаботи қонунгузории амалкунанда сурат гирад, яъне ба КВД вогузор намудани ваколати муайян бояд ба талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» ва «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозори мол» ва дигар санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқӣ ба роҳ монда шавад».
Роҳбарияти Вазорати нақлиёт, ба гумони он ки ин талабот танҳо ба Корхонаи воҳиди давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» дахл дорад, баъди ба ҷои ин корхона таъсисёбии муассисаи давлатии ҳамноми он домони ваколатдиҳии ғайриқонуниро боз ҳам васеътар карда, нишондоду талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Низомномаи худи Вазорати нақлиётро поймол карданд. Қонуни мазкур дар моддаи 20 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти марказии давлатӣ иҷозат медиҳад, ки функсияҳои дорои хусусияти ёрирасону хизматрасонӣ ба аҳолиро ба зиммаи мақомоти идоракунии шаҳраку деҳот ва ташкилот вогузор намояд. Низомномаи Вазорати нақлиёт бошад, ба вазорат ҳуқуқ медиҳад, ки пурра не, балки баъзе аз ваколатҳои иҷрои масъалаҳои Низомномаашро ба уҳдаи ташкилоти зертобеъ гузорад.
Таҳлилу омӯзиши оинномаи Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ», ки бо фармоиши Вазорати нақлиёт, таҳти №172 аз 28 июли соли 2017 тасдиқ гардидааст, собит месозад, ки дар додани ваколатҳои худ ба ин муассиса Вазорати нақлиёт саховатмандии бемисл нишон дода, тамоми ваколат, ҳуқуқу вазифа ва функсияҳои худро бесобиқа ба он бахшидааст. Агар гӯем, ки оинномаи муассиса нусхаи дуюми Низомномаи Вазорати нақлиёт мебошад, хато намекунем. Пас Вазорати нақлиёт дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ чӣ корҳоро ба сомон мерасонида бошад, бароямон муаммост?
Хуб медонем, ки муассисаи давлатии номбурда дар иҷрои функсияҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ оҷизу нотавон мебошад. Чунки Вазорати нақлиёт, мисли Муассисаи давлатии «Душанбенақлиётхадамотрасон»-и шаҳри Душанбе барои он ягон молу мулки хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва базаҳои технологии таъмиру тармими нақлиётро надодааст, ки идоракунии онҳоро ба сомон расонад. Дар ҳамин ҳол, ба ташкилоти дигари нақлиётӣ моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт» дар идоракунии фаъолияти хоҷагию истеҳсолӣ соҳибихтиёриро кафолат медиҳад.
Наход, ки татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, ташкил ва идоракунии соҳа, таҳияи нақшаҳои рушди соҳа, риояи меъёрҳои бехатарӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии ташкилотҳои нақлиётӣ, мониторинги тарафҳо ва пардохтҳои хизматрасонӣ, таҳлилу санҷиши фаъолияти корхонаҳои нақлиётӣ, таъмини корхонаю ташкилотҳои нақлиётӣ бо варақаҳои роҳхату борхат, ташкилу гузаронидани озмуни тақсимоти хатсайрҳо ва ғайра функсияҳои ёрирасон бошанд, ки Вазорати нақлиёт онҳоро нофаҳмидаю носанҷида ба муассисаи дигар ғайриқонунӣ вогузор менамояд.
Мувофиқи талаботи қонунгузории ҷорӣ (нигаред ба моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон») татбиқи сиёсати давлатӣ ва идоракунии давлатии соҳаҳои муайян вазифаи асосии вазоратҳо мебошад: «Вазорат мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки татбиқи сиёсати давлатӣ ва идоракуниро дар соҳаи муайяни фаъолият амалӣ намуда, инчунин дар доираи пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти дигар мақомотҳои иҷроияи марказии ҳокимияти давлатиро дар ҳамин соҳа ҳамоҳанг месозад». Аммо Вазорати нақлиёт ин талаботи қонуни зикргардидаро сарфи назар карда, яке аз масъалаҳои муҳиму асосии фаъолияти худро ба ташкилоти зертобеаш вогузор намудааст. Аз ахбороти масъулини худи ин вазорат маълум мегардад, ки тақрибан 20 дарсади қувваи қобили меҳнати ҷумҳурӣ дар соҳаи хизматрасонии нақлиёти автомобилӣ машғули фаъолият мебошанд.
Магар татбиқи сиёсат ва идоракунии соҳаи нақлиёти автомобилӣ, ҳал кардани масъалаҳои меҳнатию истеҳсолии кормандони соҳа кори саҳлу осон аст, ки онро ба муассисае супоранд, ки аз оғози фаъолияташ зиёда аз як сол сипарӣ шуда бошад ҳам, то ҳол мувофиқи моддаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» оинномааш ба қайди давлатӣ гирифта нашудааст?
Аз ҳама бештар вогузор намудани ваколатҳои тиҷоратии ташкилу гузаронидани озмун (тендер) оид ба тақсими хатсайрҳои мусофирбарӣ дар байни интиқолдиҳандагон, таъмини корхонаю ташкилотҳои гуногунмоликият бо шумораи зарурии роҳхату борхат ба Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ», соҳибкорону шахсони ҳуқуқии дар соҳаи мусофирбарӣ бо нақлиёти автомобилӣ фаъолияткунанда ва идораҳои дахлдори давлатиро кайҳо боз ба ташвиш гузоштааст. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 21 ноябри соли 2011 бинобар ғайриқонунӣ буданаш дар асоси эътирози худ бекор кардани фармоиши Вазорати нақлиёт № 75 аз 12 июли соли 2011 «Оид ба тасдиқи Дастурамал дар бораи тартиби баровардан, пур кардан, истифода ва коркарди роҳхатҳо»-ро дар муддати 10 рӯз талаб карда буд. Вале зиёда аз 250 даҳрӯза гузашта бошад ҳам, эътирози Прокуратураи генералӣ иҷро нагардид ва фармоиши № 75-и Вазорати нақлиёт мавриди истифода қарор дорад. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ дар мактубаш № 4-14\1278 аз 11 апрели соли 2014 ба Вазорати нақлиёт чунин пешниҳод намуд: «Маҳдуд намудани ҳуқуқи ҶСК «Корпоратсияи мусофирбар» ва ширкатҳои аъзои Ассотсиатсияи нақлиёти автомобилии мусофирбари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъу нашр додани роҳхатҳои нақлиётӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии Комплекси табъу нашри «Шарқи озод» хилофи қонунгузории амалкунанда буда, рақобати солими субъектҳои хоҷагидорро дар бозорҳои мол халалдор менамояд». Масъулини Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мактуб № 2-04.7\182 аз 25 феврали соли 2016 навиштаанд: «Корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои системаи Вазорати нақлиёт, аз ҷумла Корхонаи воҳиди давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» ҳуқуқи ташкилкунӣ ва раисикунандаи озмун (тендер)-и хатсайрҳоро надоранд».
Бояд қайд намоем, ки баъди ба ҷои КВД таъсисёбии Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» ин мақомот дар асоси мактубҳои худ соли ҷорӣ низ ба Вазорати нақлиёт пешниҳод карданд, ки фаъолияти ваколатдиҳиаш ва масъалаҳои бамиёномадаро дар доираи талаботи қонунгузорӣ ҳаллу фасл намояд.
Боиси таассуф аст, ки талабу дархост ва пешниҳодҳои мақомоти дахлдори баландпояи давлатӣ рӯи қоғаз монданду роҳбарони МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» аз бепарвоию хунукназарии идораи болоии худ истифода бурда, ваколатҳои гузаронидани озмуни тақсимоти хатсайрҳо ва тақсими роҳхату борхатро чун воситаи фишороварӣ барои бастани шартномаи ҳамкорӣ истифода мекарданд. Дар назди роҳбарони дигар корхонаю ташкилоти нақлиётӣ шарт гузошта истодаанд, ки агар шартномаи ҳамкорӣ баста, барои як автобусу мошинҳои сабукрав 3 сомонию 18 дирам, барои микроавтобусҳо моҳона 3 сомонию 98 дирам насупоранд, роҳхату шаҳодатномаи истифодабарии хатсайрро намедиҳанд. Роҳхатро бошад, аз муассисаҳои махсусгардонидашудаи чопӣ (ҶДММ «Ганҷ – нашриёт») 24 — дирамӣ дастрас карда, як сомонӣ ба корхонаю ташкилоти шакли моликияташон гуногун мефурӯшанд. Ин маблағҳо барои он ғайриқонунӣ рӯёнида мешаванд, ки то ҳол нархномаи хизматрасониҳои муассисаи давлатии номбурда аз тарафи вазири нақлиёт тасдиқ ва бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа нагардидааст. Онҳо аз нархномаи хизматрасониҳои КВД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ»-и собиқ истифода карда истодаанд.
Умуман, ин амал хилофи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 32 аз 25 январи соли 2017 «Дар бораи тартиби истеҳсоли ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ, паҳн намудани онҳо, инчунин назорати субъектҳои бачопрасонандаи ин гуна маҳсулоти чопӣ» мебошад. Дар банди сеюми ин қарор таъкид мешавад, ки «Вазорату идораҳо, инчунин муассисаҳо, корхона ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон, эҳтиёҷоти солонаи худро ба ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботи қатъӣ ҳар сол то 1 октябр ба Вазорати фарҳанг пешниҳод намоянд». Ин маънои онро дорад, ки дар баробари вазорату идораҳо, дигар ташкилоти гуногунмоликият низ аз муассисаҳои чопӣ дар асоси супориши Вазорати фарҳанг шумораи зарурии роҳхату борхатро дастрас карда метавонанд.
Ҳамчунин, Вазорати нақлиёт аз доираи ваколатҳояш берун баромада, ба КВД Комплекси табъу нашри «Шарқи озод» ва ҶДММ «Ганҷ-нашриёт» 18 августи соли 2017 таҳти № 1.1086 мактуб ирсол карда, хоҳиш намудааст, ки варақаҳои роҳхату борхатро танҳо дар асоси дархости мақомоти ваколатдори Вазорати нақлиёт — Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» ба роҳ монанд. Аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост кардааст, ки ҳисоботи омории корхонаю ташкилотҳои нақлиётиро дар асоси таблограммаи Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» қабул намоянд. Боиси нигаронист, ки муассисаҳои чопии махсусгардонидашуда ва Агентии омор дархости Вазорати нақлиётро ба инобат гирифтанд. Дар натиҷа, корхонаҳои шакли моликияташон гуногун ноилоҷ мутеи муассисаи давлатии номбурда гардида истодаанд. Дар асл муассисаи давлатии болозикр ба ташкилу гузаронидани озмуни тақсимоти хатсайрҳо, таъмини корхонаю ташкилотҳои нақлиётӣ бо шумораи зарурии борхату роҳхат дар асоси хариду фурӯши он мувофиқи талаботи қонунгузорӣ ҳуқуқ надорад. Чунки санади таъсисотии МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» Қарори № 335-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 2017 мебошаду дар он машғул шудани муассиса ба корҳои тиҷоратию соҳибкорӣ пешбинӣ намегардад. Аз фармоиши № 172-и Вазорати нақлиёт аз 28 июли соли 2017 «Оид ба тасдиқи Оинномаи Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» бармеояд, ки фармоиши мазкур мутобиқи моддаи 132-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 2017, № 335 «Дар бораи Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ», аз 6 майи соли 2011, №250 «Дар бораи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» омода шудааст. Моддаи мазкури Кодекси гражданӣ, ки дар фармоиши Вазорати нақлиёт дарҷ гардидааст, рисолати муассисаҳоро чунин маънидод мекунад: «Ташкилоте, ки молик барои амалӣ гардонидани вазифаҳои идоракунӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ё вазифаҳои дигари хусусияти ғайритиҷоратӣ таъсис дода, онро пурра ё қисман маблағгузорӣ мекунад, муассиса дониста мешавад».
Ҳамин тавр, ваколатҳои бебаркаш ба Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» додаи вазорат фазои солими хизматрасониҳои нақлиётиро халалдор сохта, кафолати давлатии фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳама шакли моликият, аз ҷумла, моликияти хусусиро, барҳам мезанад. Масъулин медонанду нодида вонамуд мекунанд, ки мувофиқи талаботи моддаи 17-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ ҳуқуқ доранд: «Фонди (даромад) аз фаъолияти соҳибкориро, ки баъди пардохти андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ боқӣ мондааст, озодона ихтиёрдорӣ намоянд».
Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикркарда, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имзо кардаанд, пурра ба талаботи меъёрҳои қонунгузории байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд. Мо бовар дорем, ки мушкилоти мавҷуда агар дар асоси муқаррароти онҳо ҳаллу фасл шаванд, волоияти қонун таъмин ва баҳсу мунозира байни корхонаҳои зертобеи Вазорати нақлиёт, дигар субъектҳои хоҷагидори гуногунмоликияти соҳаи нақлиёти автомобилӣ қатъ мегарданд.
Мақсад аз ин матлаб ба мақомоту идораҳои дахлдори давлатӣ расонидани ҳолати мавҷуда мебошад. Умед аст, ки масъалаи номбурда дар доираи талаботи қонунгузорӣ ҳамаҷониба таҳлил гардида, хулосаи зарурӣ бароварда мешавад.
С. ГУЛОВ, раиси Ассотсиатсияи нақлиётчиёни мусофирбари Ҷумҳурии Тоҷикистон,
И. ҚАРАЕВ, директори иҷроияи оид ба истифодабарии нақлиёт ва масъалаҳои ҳуқуқии ҶСК «Корпоратсияи мусофирбар»,
М. ХОҶАЕВ, ҳуқуқшиноси Ассотсиатсияи нақлиётчиёни мусофирбари Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Т. ТОШОВ, раиси Иттифоқи касабаи Ассотсиатсияи нақлиётчиёни мусофирбари Ҷумҳурии Тоҷикистон