Деҳоти «Рованд», ки дар ноҳияи Ванҷ калонтарин ба шумор меравад, то саргаҳи пиряхи Федченко тӯл мекашад. То замони соҳибистиқлолӣ дар он ягон коргоҳи саноатӣ набуд. Бунгоҳҳои тиббӣ ва китобхонаву мактабҳо дар ҳолати ногувор қарор доштанд.
Илова бар ин, бо вуҷуди серзаминӣ, фарохдоманӣ ва дар саргаҳи рӯдхонаҳои кӯҳӣ маскан доштан, сокинон аз оби полезӣ танқисӣ мекашанд.
Аз ин хотир, ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи инфрасохтори деҳот ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ «Барномаи рушди деҳоти «Рованд» барои солҳои 2016 -2019» таҳия гардид.
Тибқи он, бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хатҳои интиқоли оби нӯшокӣ ва полезӣ гузаронида шуд.
Дар деҳаҳо бунгоҳҳои тиббӣ бунёд ва маркази саломатии деҳаи Ғуҷоваст бо таҷҳизоти тиббӣ таъмин гардид. Мактабҳо пурра таъмиру навсозӣ, шароити таҳсил дар онҳо беҳтар шуд.
Инчунин, соҳаи кишоварзӣ дар деҳот рушд намуда, боғдорӣ ташаккул ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили себ, чормағз, асал, густариш ёфт.
Чор сол муқаддам Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ванҷи Боло ташриф оварда, корхонаи истеҳсоли равғани ангат дар деҳаи Ғуҷоваст ва маҷмааи сайёҳии «Муфарраҳ» — ро дар деҳаи Вишхарвак ифтитоҳ намуданд.
Зимни ин вохӯрӣ бо сокинон Президенти кишвар иброз доштанд, ки дар ояндаи наздик корхонаҳои саноатӣ бунёд мегарданд ва санги мармари Пойи Мазор мавриди коркард қарор мегирад. Хушбахтона, суханони Президенти кишвар ҷомаи амал пӯшиданд. Он рӯз дур нест, ки минтақаи зикршуда ба мавзеи саноатӣ табдил ёфта, ободу зеботар мегардад.
Пайшамбӣ ШОҲЗОДА,
«Садои мардум»