Дар яке аз деҳаҳои дурдасти водии Рашт меҳмон шудам. Аҳли деҳ дар чойхона-фароғатгоҳ сари як пиёла чой суҳбат доштанд. Мо, ду-се нафар, вориди чойхона шудем. Мардум ба эҳтиром бархостанд ва ҷой нишон доданд. Баъди як-ду пиёла чой нӯшидан раиси деҳ аз банда хоҳиш кард, ки доир ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ватандӯстӣ, вазъи ҷаҳони муосир, дастовардҳои миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мардум суҳбат кунам. Бо камоли майл қабул кардам ва қариб як соат сухан гуфтам. Пирамарди нуроние, ки рӯ ба рӯям менишаст, ба ман рӯй овард:
- Ту, додар, рӯзноманигору нависандаӣ, солҳои зиёд дар вазифаҳои давлатӣ низ кор кардӣ. Хуб мебуд, ки гуфтаҳои маро аз тариқи нашрияи «Садои мардум» ба нашр мерасондӣ.
Пирамард лаҳзае сукут варзид ва баъди нӯшидани як қулт чой суханашро идома дод;
- Додари азиз, Пешвои миллат барои халқу кишвар корҳоеро анҷом доданд, ки дар ҳеҷ давру замон подшоҳони одил анҷом надода буданд. Имрӯз дар дунё мамлакате нест, ки Тоҷикистону тоҷикро нашиносад. Соли гузашта ба зиёрати хонаи Худо рафтам. Дар як суҳбат аз кадом кишвар буданамро пурсиданд. Гуфтам, ки аз Тоҷикистонам. Бо даст китфамро сила карданду бо эҳтиром номи Пешвои миллати моро ба забон оварданд. Дар сифати ӯ суханҳои хуб гуфтанд. Аз ифтихор сарам ба осмон расид. Бале, додар, Пешвои миллат ҷону ҷигари мардуми тоҷик аст ва ҳама ӯро дӯст медорем. Хуб мешуд, агар ҳамаи вазифадорҳои давлат мисли ӯ ватандӯсту халқпарвар мебуданд. Ба Президенту миллат дар ҳар ҳолат садоқат ва муҳаббаташонро нишон медоданд. Ғами худро не, ғами миллатро хӯрда, барои ободии кишвар талош меварзиданд, аммо…
Пирамард ин дафъа бештар сукут кард. Шояд истиҳола менамуд.
- Амак, гапатонро гуфтан гиред, мо гӯш мекунем, — овоз додам ман.
- Гап дароз шуд, муаллим. Хулоса маро як масъала азоб медиҳад. Умрамро беҳуда сарф накардаам. Барои ободии диёр ҷон кандам. Солиёни зиёд омӯзгор будам. Имрӯз сафи воизони ватанхоҳ зиёд шудааст. Як тӯп коғаз таги каш мебинӣ, ки аз мошин мефароянд, Мардумро ҷамъ мекунанду вазъ мегӯянд. Ватан гуфта, дод мезананд. Вале на овози ширину таъсирбахш доранду на матни навиштаашон маънӣ. Нақшаи таҳияи чунин барномаҳо ва сенарияҳо қолабӣ ва бетаъсиранд. Тирамоҳу баҳор ин гуна чорабиниҳо зиёд мешаванд, яъне дар даврае, ки ҷавонон бояд ба хизмат раванд. Вале гоҳҳо гуфтори мубаллиғин ба кирдорашон рост намеояд. Дигаронро барои ба хизмати ҳарбӣ фиристонидани фарзандонашон таблиғ менамоянд, аммо барои ба хизмат рафтани фарзандони худу наздиконашон намуна намешаванд.
Хизмати ҳарбӣ имтиҳони ҷавонмардист. Ҷавонон метавонанд туфайли хизмати содиқона исбот намоянд, ки барои ҳимояи Ватан ҳамеша омодаанд ва намегузоранд, ки душманони миллат оромии кишварро халалдор созанд, ба ваҳдату саодати мардум латма ворид кунанд. Хушбахтона, сол то сол сафи ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба хизмат мераванд, зиёд мешавад, вале ҳанӯз сафи ҷавонони саркашу хизматгурез низ кам нест.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ шаш маротиба раиси ҷамоати мо иваз шуд. Ин давра аз фарзандони онҳо ва хешу таборашон касе ба хизмати Ватан нарафт. Ҳатто як нафараш даъво кардааст, ки «Ман ба давлата хизмат мекунам, басай».
Хуб мебуд, ки ҳар сол мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои водӣ ин масъаларо мавриди таҳлилу омӯзиш қарор медоданд. Рӯйхати хизматчиёни давлатию фаъолонро бо аҳли хонаводаашон меомӯхтанд. Он вақт маълум мешуд, ки ватандӯстии роҳбарҳо ба гуфтор аст ё …
Акнун, муаллим, мехоҳам донам, ки дар бораи ба хизмати аскарӣ нарафтани фарзандони мансабдорон ягон қарори Ҳукумати кишвар ҳаст?
- Дар назди қонун ҳама баробаранд, — гуфтам ман. — Агар хоҳем, ки дар ҳақиқат кишвар тараққӣ кунад ва зиндагии шоиста дошта бошем, бояд ба қонун итоат кунем, амак. Низоми зиндагии моро қонун ба танзим медарорад. Ин сухани ман нест, ин дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки чандин бор аз забонашон шунидаем. Бояд ҳар як шаҳрванди кишвар тобеи қонун бошад ва ба қонуншиканӣ роҳ надиҳад…
Намедонам ҷавоби камина пирамардро қонеъ гардонд ё не, аммо суҳбати холисонаи як мӯйсафеди кӯҳистонӣ бароям хеле муассир буд. Дар танҳоӣ дурудароз сари ин мавзӯъ андеша кардам.
Ҳақиқат талх аст. Дуруст мегӯяд пирамарди рӯзгордида. Дар ҳақиқат онҳое, ки дар вазоифи гуногуни давлатӣ фаъолият мекунанд ва ҳамеша дар маъракаҳо бологузаранд, бояд дар амал намунаи аҳли ҷомеа бошанд. Онҳо дар мавзӯи ватандӯстӣ, ҳифзи марзу буми кишвар, садоқат ба Ватан ва миллат ҳарф мезананд, аммо фарзандонашон аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд. Ҳатто барои ба чашми кормандони комиссариати ҳарбӣ наафтидани хешони дуру наздик чораву тадбир меандешанд.
Магар бо ин роҳ ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, тарбия кардан мумкин аст?
Ҷавонони ватандӯсти тоҷик солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бастаи норинҷак дар даст «барои Ватан ва барои Сталин» гуфта, худро ба таги танк мепартофтанд. Вале чаро қисме аз ҷавонони имрӯза ва он ҳам бо «кумак»-и хешу табори соҳибвазифа дар як муҳити орому осуда хизмат кардан намехоҳанд?
Ба андешаи мо, пешакӣ омода намудани аскарони оянда ба хизмати ҳарбӣ мавқеи ҳалкунанда дорад. Вале дар муассисаҳои таълимӣ, ки нахуст омодагии ҳарбӣ дар он ҷо сурат мегирад, кор дар сатҳи паст ба роҳ монда шудааст. Барои гузаронидани дарсҳои тайёрии ҳарбӣ на силоҳ асту на адабиёти зарурӣ, ки хонандагон дар назария омӯзанду дар амалия таҷриба бигиранд. Мутахассисон намерасанд. Дар баъзе муассисаҳои таълимии водии Рашт дарсҳои омодагии ҳарбӣ ба омӯзгороне дода мешаванд, ки ҳатто хизмати ҳарбӣ накардаанд. Мутаассифона, дар муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати таъминоти моддӣ-техникии таълими фанни тайёрии ҳарбӣ маблағ пешбинӣ намегардад.
Аз ин рӯ, зарур аст, ки мутасаддиён барои тайёр намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ раванди кори худро дигар намоянд. Ташкил намудани вохӯриҳои муназзам бо ҷавононе, ки дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон хизмат менамоянд, аскарбачаҳое, ки аз хизмат баргаштаанд, собиқадорони хизмати ҳарбӣ аз манфиат холӣ нест. Тарзи қабули ҷавонон ба мактабҳои олии кишвар низ бояд тағйир дода шавад. Ба ғайр аз хатмкунандагоне, ки дар муассисаҳои таълимӣ бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунанд, дигаронро танҳо баъди адои хизмат қабул намоянд.
Хуб аст, ки Маркази миллии тестӣ ба довталабоне, ки баъди адои хизмат хоҳиши таҳсил доранд, имтиёз муқаррар кардааст. Имтиёз аз 75 бал иборат мебошад, ки ба холҳои бадастовардаи довталабон зам хоҳад шуд. Агар дар ноҳияҳо низ барои ҷавонон имтиёзҳо дар доираи имконоти мавҷуда пешбинӣ мегардид, нуран алонур мешуд.
Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар даврони ҷаҳонишавӣ, замоне ки ҳар лаҳза дар дунё дигаргуниҳо ба чашм мерасанд, хеле зарур аст ва муҳим он аст, ки барои рафъи мушкилоти мавҷуда дастаҷамъона чораву тадбирҳои зарурӣ андешида шавад. Танҳо дар ҳамин маврид метавонем ҷавонони ватандӯст ва содиқро ба воя расонем, ки дар лаҳзаҳои ногувор барои дифои Ватан — Модар омода бошанд.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»