Таърих гувоҳ аст, ки хатти тоҷикӣ таърихи бештар аз 4000 — сола дораду навиштаҷоти Кӯҳи Бесутун, Тахти Ҷамшед, Катибаи нақши Рустам ва пораҳои китоби Авастои муқаддас далели ин гуфтаҳоянд.
Забони тоҷикӣ, баъди пароканда шудани давлати Сомониён ҳам, ки қавмҳои туркнажод ҳокимони он буданд, забони давлатдорӣ буд.
Ин забон, баробари забони арабӣ, ки ҳамчун забони илм пазируфта шуда буд, тавони худро дар риштаҳои гуногуни илм, бахусус, дар мисоли шоҳасарҳои Абӯалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ, Берунӣ, Хоразмӣ, Форобӣ, Имом Тирмизӣ, Ҷурҷонӣ, Умари Хайём ва дигарон ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст.
Яке аз хидматҳои бузурги донишмандон ба вуҷуд овардани истилоҳоти илмӣ ба забони модарӣ мебошад. Ин истилоҳот дар ганҷинаи луғавии забон мақом ва арзиши махсус дошта, муҳаққиқонро лозим аст дар забони илм аз суннати тӯлонии забони тоҷикӣ истифода намоянд. Ба вуҷуд овардани забони илм ва танзими истилоҳоти дақиқи илмӣ аз ҷумлаи вазифаҳои мактабҳои олии кишвар ба шумор меравад. Ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикии худ ба муносибати Рӯзи забон (21 июли соли 2009) супориш дода буданд, ки дар ҳамкорӣ бо мутахассисони соҳаҳои гуногуни илм бо мақсади ташаккул ва танзими истилоҳоти илмӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Донистани чанд забон, ки имрӯз аз ҷониби Сарвари давлат аз тамоми ҷавонон ва кормандони мақомоти давлатӣ тақозо мешавад, барои рушди шахсият, ҷомеа ва дастрасии ҳар фард ба иттилооти ҷаҳонӣ мусбат арзёбӣ мегардад.
Таҳия, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот яке аз масъалаҳои муҳим ҷиҳати рушди забони давлатӣ аст. Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот дар ҳамкорӣ бо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беш аз 40 фарҳангномаи марбут ба истилоҳоти соҳавӣ хулоса пешниҳод намудааст. Фарҳангномаҳо бештар дар соҳаҳои тиб ва дорусозӣ, сиёсатшиносӣ, кишоварзӣ, техникӣ, иқтисодиёт, сохтмон ва меъморӣ, биологӣ, нассоҷӣ, педагогӣ, нақлиёт, коргузорӣ ва дигар соҳаҳои тахассусӣ таҳия гардида, дузабона (русӣ — тоҷикӣ), сезабона (тоҷикӣ — англисӣ — русӣ) мебошанд ва зиёда аз 500 000 истилоҳро дар бар мегиранд. Аммо масъалаи истилоҳсозӣ танҳо аз сохтану ёфтани ягон мафҳум ба забони тоҷикӣ иборат нест.
Истилоҳи як соҳа метавонад дар соҳаи дигар маънои худро гум кунад. Аксар донишмандон роҳи осони истилоҳкорфармоиро пеша кардаанд, ки гӯё онҳо калимаҳои иқтибосиянду варианти тоҷикиашон гӯшхарош аст ё ба маънӣ тавъам нест. Биноан, дар забони модарӣ нуфуз пайдо кардани қолабҳои бегона ва ғайритабиии истилоҳсозӣ ҳоло бештар эҳсос мешавад.
Аксари мафҳумҳои нав, ки ба забон ворид мешаванд, ба дигаргуниҳои ҷаҳони муосир рабт дошта, дар забони модариямон василаи дақиқи ифода надоранд. Аз ин хотир, бояд бо мақсади ифодаи мафҳумҳо чор усули маъмул — муодилҷӯйӣ; истилоҳсозӣ; тарҷумаи истилоҳ ва иқтибосгириро истифода барем.
Усули якум- муодилҷӯйӣ аз ганҷинаи забони модарӣ, аз хазинаи осори ниёгон. Мисол, вожаи «пизишк», ки соф тоҷикӣ асту аз он чандин истилоҳи тиббӣ сохта шудааст: равонпизишк, дандонпизишк.
Усули дувум- истилоҳсозӣ, яъне сохтани истилоҳоти нав бо риояи қолабҳои таърихӣ. Масалан, парол — ниҳонвожа, фасд фуд- хӯроки саридастӣ, бизнес класс- гаронбаҳо, экономкласс — арзонбаҳо, трасса – шоҳроҳ. Ё ин ки барои ифодаи мафҳумҳои иқтисодию русию аврупоии «бенефициар» истилоҳи «манфиатдор», «акциз» «изофаандоз», «акцептный дом», «пазиришгоҳ» ва ғайра сохта шудаанд.
Усули сеюм — тарҷумаи истилоҳ, яъне сохтани истилоҳоти нав бо тарҷумаи истилоҳот аз забонҳои дигар.
Усули чорум — иқтибос гирифтани истилоҳот вобаста ба табиати забон аз забонҳои дигар аст. Дар сурати мавҷуд набудани муодили тоҷикии истилоҳ ва имкон надоштани истилоҳсозӣ истилоҳ мустақим аз забони асл ё ғайримустақим ба воситаи забони сеюм иқтибос гирифта мешавад. Масалан: мониторинг, холдинг, трансферт, форвард, форфейтинг, опсион ва ғайра.
Дар маҷмӯъ, забони тоҷикӣ бо истилоҳсозӣ дар асри иттилоот ва техникаи навбунёд қодир аст, ки чун забони илм рушд кунад, зеро фарҳанги бои мо дар осори ниёгон маҳфуз асту онро танҳо мутолиа мебояд.
Ҳокимхон ШОКИРОВ, ассистенти кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарии Донишгоҳи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон