«Вазъи таъминоти кадрӣ дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ»

№73 (4656) 05.06.2023

Чанде пеш бо чунин ном дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон суҳбати гирди миз баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории ҷамъомад омӯзиш ва таҳлили вазъи кунунии таъминоти кадрии соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта буд.

Вобаста ба масъалаи мавриди назар доктори илмҳои фалсафа, профессор Абдураҳмон Қурбонов дар мавзӯи «Вазъи таъмини мактабҳои олӣ бо кадрҳои илмиву омӯзгорӣ: мушкилот ва тамоюлҳо», доктори илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи идоракунии захираҳои инсонии  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Табаралӣ  Ғаниев дар мавзӯи «Менеҷменти креативӣ ҳамчун система ва модели стратегии омӯзиши ташаккули рушди неруи касбии инсонӣ», доктори илм­ҳои педагогӣ, роҳбари Маркази таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбияти ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Зарина Сайфуллоева дар мавзӯи «Мушкилоти кадриро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ чӣ тавр бартараф кунем?», номзади илмҳои фалсафа, дотсенти кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Вафобек Баҳромбеков дар мавзӯи «Проблемаи касбинтихобкунӣ ва пайомади он дар тайёр кардани мутахассисон», номзади илмҳои  тиб, директори Маркази рушди стратегӣ ва сифати таҳсилоти ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмудзода Хайём дар мавзӯи «Вазъ ва дурнамои омодасозии кадрҳои тиббӣ», номзади илмҳои фалсафа, ходими пешбари илмии шуъбаи сотсиологияи Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ Беҳрӯ Насурова дар мавзӯи «Худмуайян­куниии касбии ҷавонон дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон» маърӯза намуданд.

Баъдан, иштирокчиён перомуни маърӯзаҳои ироашуда фикру андеша­ҳояшонро иброз карданд.

Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,

 «Садои мардум»