Пешрафт

«Vira» ба бозори ҷаҳонӣ роҳ меёбад?

№17 (4600) 27.01.2023

ВИРА (2)Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон телефони мобилӣ истеҳсол мешавад, ки то чанд рӯзи охир касе ба ин бовар надошт. Як моҳ боз дар марказҳои савдои кишвар телефони навъи «Vira Model V1» бо тамғаи «Made in Tajikistan» дар фурӯш аст. Дар робита ба ин бо Абдурозиқ Худойқулзода, ҳуқуқшиноси ҶДММ «Ориён электрони», ки аввалин ва ягона истеҳсолкунандаи телефон дар кишвар маҳсуб меёбад, суҳбат кардем.

Ба иттилои ӯ, ширкат охири соли гузашта ба истеҳсоли телефони «Vira» оғоз карда, ҳоло қисмҳои эҳтиётӣ ва бархе лавозимоташ аз хориҷи кишвар дастрас мегарданд.

«Ҳоло барои истеҳсоли телефон мо қисмҳои онро аз кишварҳои Таиланд, Корея, Хитой ва Тайван меорем, вале ҳамзамон кӯшиш карда истодаем, ки дар ояндаи наздик баъзе қисмҳояшро дар мамлакат истеҳсол кунем», — гуфт ӯ.

То ҳол зиёда аз 1000 телефони «Vira» истеҳсол шуда, нархи яклухташ 145 сомонӣ муқаррар шудааст. Ба гуфтаи мусоҳибамон, дар аввали фурӯш сокинон каму беш аз гаронии нарх шиква мекарданд, аммо ҳоло ҳам таваҷҷуҳ зиёд шудаасту ҳам фурӯш.

«Ҳоло дар ширкат як гурӯҳи корӣ барои коркарду истеҳсоли телефони мобилии «Vira» машғуланд ва мо нақша дорем, ки дар муддати ду-се моҳи оянда телефонро бо андозаи калонтар барои нафароне, ки синну солашон ба ҷое расидааст, истеҳсол кунем. Яъне, бо экран ва тугмаҳои калонтар, ки чашмрас бошад»,- илова кард Абдурозиқ Худойқулзода.

«Vira» як сол кафолат дошта, корбар имкон дорад бо забонҳои англисӣ, форсӣ, туркӣ ва русӣ онро истифода барад. Мусоҳиби мо дар мавриди хусусияти техникии «Vira Model V1» иттилоъ дод, ки телефони мазкур дар заминаи низоми амалиётии «Java» бо хотираи насбшудаи 100 мегабайт истеҳсол шуда, иловатан ба он метавон 32 гигабайт флеш-корт насб кард. Бо 1,3 мегапиксел акс гирифта, барномаи радио ҳам фаъол аст. Ҳамчунин, бидуни пур кардани иловагии қувва онро метавон тақрибан 4-5 рӯз истифода бурд.

Ширкат нақша дорад, ки солҳои оянда ба истеҳсоли телефонҳои сенсорӣ низ машғул шуда, ҳамчунин, ният доранд содироти онро ба бозорҳои хориҷӣ ба роҳ монанд.

Ёдовар мешавем, ки иқдоми роҳандозии истеҳсоли телефони мобилӣ дар кишвар дар пасманзари эълон шудани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди соҳаи саноат» қадами калон буда, имкон медиҳад, ки то андозае дар бозори технологияҳои иттилоотӣ мавқеъ пайдо кунем. Акнун моро мебояд маҳсулоти ватаниро дастгирӣ карда, ба ҷойи дигар навъҳои телефонҳои тугмагӣ «Vira»- и ватаниро харидорӣ намоем.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,

 «Садои мардум»