Дар ҳама давру замон бидуни бунёди роҳҳои мувофиқ ба зиндагии гуворою шоиста ноил шудан амри маҳол аст. Ба ин хотир, роҳҳоро рагҳои хунгард дар ҷисми кишвар меноманд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 2013 зимни суханрониашон дар маросими оғози сохтмони роҳи мошингарди Восеъ — Ховалинг чунин гуфта буданд: «Бунёди роҳу пулҳо дар замони давлатдории навини мо василаи асосиву муассири пешрафти иқтисодии давлат ва таъмини шароити зиндагии сазовори шаҳрвандони мамлакат ба шумор меравад». Бо мақсади огоҳ намудани хонандагони рӯзнома мо бо рафти корҳои азнавсозӣ аз наздик шинос шудаю бо коргарону мутахассисон ва сокинони ҳамшафати ин роҳи сераҳамият ҳамсуҳбат шудем.
Ин роҳ аз пули таҷдидёбандаи маркази ноҳияи Восеъ, ки он роҳи мошингарди Восеъ — Ховалингро ба шоҳроҳи байналмилалии Душанбе — Кӯлоб — Қулма пайваст мекунад, шурӯъ мешавад.
Ёдрас мешавем, ки маблағи умумии лоиҳа 425 миллион сомониро дар бар гирифта, аз ин ҳисоб 350 миллион сомонӣ гранти Бонки Осиёии Рушд ва боқимонда ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Паймонкори лоиҳа Ширкати «Синохидро»- и Ҷумҳурии Халқии Хитой мебошад. Тибқи лоиҳа 87,8 километр роҳ ва 12 пул азнавсозӣ шуда истодаанд.
Чанде пеш воқиф гардидем, ки қисмати зиёди корҳо ба анҷом расидаанд. Қитъаи роҳи Восеъ — Кадучиро, ки бо иллати намнокии замину гузаштани мошинҳои гаронвазн корношоям гардида буд, ҳамвору мустаҳкам кардаанд. Пули даромадгоҳи деҳаи Чорбоғ, ки дар қитъаи роҳи мазкур қарор дорад, дар ҳоли анҷомёбист. Қисмати зиёди роҳ ва обгузарҳои он аз деҳаи Кафтархона то деҳаи Пушёни Болои деҳоти ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ пурра азнавсозӣ шудааст.
Дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8-и деҳаи Ғелоти деҳоти мазкур, ки дар шафати роҳ қарор дорад, лаҳзае таваққуф карда, бо муаллим Миралӣ Куганов ҳамсуҳбат шудем.
- Аз ҳама пеш манфиати роҳи азнавсозишударо ман дидам,- боифтихор гуфт муаллим.
Аз ин ифтихору қаноатмандии муаллим дар тааҷҷуб мондам. Вай ин ҳолати маро пай бурда, даъват намуд, ки якҷо вориди осорхонаи муассисаи таълимии мазкур шавем.
- Нисфи бозёфтҳои осорхонаи муассисаи таълимии мо маҳсули азнавсозии роҳи Восеъ — Ховалинг аст. Вақте ки васеъкунии роҳи канори деҳа оғоз шуд, ман аз роҳсозон хоҳиш намудам, ки ҳангоми пайдо шудани хишту сафолпорае маро ҳатман огаҳ намоянд. Ҳамин тавр, аз ин қисмати ками роҳи васеъгашта даҳҳо намуди бозёфтҳои таърихиро пайдо намуда, ба осорхона овардам. Аксари ин бозёфтҳо мутааллиқи замони Аспиёнанд.
- Ин чӣ хел замон аст? — мепурсам аз муаллим.
- Ин сарзаминро қабл аз Хатлон Аспиён ва ё Аспияна мегуфтанд. Имрӯз дар ҳудуди Хатлон садҳо деҳу маҳаллаҳое ҳастанд, ки бо номи асп марбутанд. Аслан дар гузашта Хатлонро бо ҳамин ҷонвари бовафо мешинохтанд.
Дар деҳаи Пушёни Миёна ҷавоне ҳоҳиш кард, ки ӯро то мавзеи Тангатобтӣ ҳамроҳ гирам. Ӯ дар Ширкати «Синохидро»- и Ҷумҳурии Халқии Хитой кафшерчӣ шуда кор мекардааст. Имконро муносиб дониста, бо ҳамсафари навбатии худ на ба сифати рӯзноманигор, балки ба ҳайси як ронандаи муқаррарӣ дар ҳар хусус, аз ҷумла сифатнок азнавсозӣ намудани роҳ ҳамсуҳбат шудам. Ба андешаи ҳамсафарам, на ҳама корҳои азнавсозӣ бо сифати баланд ва табъи дил ба анҷом мерасанд. Вақти ба қароргоҳ наздик шудан худро ба ӯ шиносонидам ва дидам, ки дар ҳаракату симои ин кафшерчии озодагӯ ҳеҷ гуна пушаймонӣ ҳис намешавад.
Аз суҳбат бо тарҷумони ин ширкат Оксана Счен Пинг маълум шуд, ки айни ҳол аз нафарони роҳбар танҳо директори тиҷоратии ширкати мазкур Счен Бен Линг дар ҳуҷраи кории худ қарор дорад ва мо метавонем бо ӯ бобати иҷрои лоиҳа ҳамсуҳбат шавем.
Дар вохӯрӣ бо Счен Бен Линг оид ба мушоҳидаҳои хеш аз километри аввали роҳ то қароргоҳ арзи матлаб намудам. Ӯ дар посух гуфт:
- Алҳол қисмати зиёди коргарону техникаи мо дар қисмати шимолии роҳ, дар самти ноҳияи Ховалинг машғули азнавсозианд. Бо дарназардошти он ки ин қисмат релефи мураккаб дораду зимистонаш сарду тӯлонист, мо қарор додем, ки қувваи асосиро ба ин самт равона намоем. Метавонем, ки дар фасли сармо ва баҳор дар қитъаи марбут ба самти ноҳияи Восеъ озодона фаъолият намоем. Айни замон Ширкати «Синохидро» — и Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҳудуди 49 фоиз ҳаҷми корҳои лоиҳавиро ба иҷро расонидааст ва кӯшиш мекунем, ки дар муҳлати муқарраргардида роҳро мавриди истифода қарор диҳем. Ҳоло 75 фоизи коргарони ширкат аз ҳисоби коргарону мутахассисони маҳаллианд.
Муносибати роҳсозон ба сокинони минтақа хеле хуб аст. Мо воситаҳои техникиамонро дар тахту ҳамвор кардани роҳҳои маҳаллӣ ва кумак ба мардум дареғ намедорем. Масалан, барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиии ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 15 техникаи пуриқтидори гуногунтамғаро сафарбар кардем.
Тоҷикистон ва иқлими он барои коргарони Ширкати «Синохидро»- и Ҷумҳурии Халқии Хитой хуб ошност, зеро мо беш аз даҳ сол боз дар ин ҷо ба роҳсозӣ машғулем. Таҷдиди роҳи Душанбе — сарҳади Қирғизистон низ маҳсули меҳнати коргарони ширкати мост.
Саъю талоши ҳамешагии мо, пеш аз ҳама, ба он равона карда шудааст, ки азнавсозии роҳи 87 — километраи Восеъ — Ховалингро дар муҳлати муқарраргардида ва бо сифати баланд ба анҷом расонем, то ки роҳи азнавсозишуда солҳои тӯлонӣ ба фарзандону наберагони ин мардуми меҳмоннавоз хизмат карда тавонад. Ин масъулияти ҷиддиро дар маросими оғози сохтмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мо вогузор карда буданд.
Роҳи мошингарди Восеъ — Ховалинг баъди таҷдиду азнавсозӣ ба сифати як қитъаи махсуси Шоҳроҳи бузурги абрешим боиси тавсеаи муносибатҳои иқтисодии шаҳру навоҳии кишвар мегардад. Дар баробари ин, ба фаъолияти корхонаҳои истихроҷу коркарди маъданҳои қиматбаҳои табиӣ, ки ҳудуди ноҳияи Ховалинг аз ин гуна маъданҳо хеле бой аст, таъсири мусбат расонида, онҳоро ба маркази вилоят ва мамлакат наздиктар менамояд.
Минбаъд ин роҳ алоқаро ба се коридори байналмилалӣ — тавассути ноҳияи Тавилдара ба коридори 3 — роҳи Душанбе — сарҳади Қирғизистон, тавассути шаҳри Қӯрғонтеппа ба коридори 5 — роҳи Душанбе — сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва ниҳоят ба коридори 6 ба воситаи шаҳри Кӯлоб ба шоҳроҳи байналмилалии Душанбе — Хоруғ — Қулма — Қароқурум таъмин мекунад.
Аҳамияти бештари роҳи мазкур дар он аст, ки оянда дар шафати он иншооти зиёди хизматрасонию истироҳатӣ бунёд меёбад ва пеш аз ҳама, барои рушди туризм ва соҳиби ҷойи кор гаштану манфиати иқтисодӣ бардоштани сокинони маҳаллӣ мусоидат менамояд. Ховалинг ва мавзеъҳои ҳамшафати он, аз қабили Балҷувону Сарихосор, ки соҳиби садҳо ёдгориҳои таърихию манзараҳои зебои табиианд, барои ҷалби сайёҳони дохилию берунӣ хеле мусоиду мувофиқанд.
Ниҳоят, роҳи мошингарди Восеъ — Ховалинг ҷиҳати аз миён бурдани мушкилоти рафтуо миёни маҳаллаҳои аҳолинишини ин ду ноҳияи ҳаммарз мусоидат мекунад. Қисмати зиёди сокинони ин ду ноҳия, ки беш аз 260 ҳазор нафарро ташкил мекунанд, дар шафат ва наздик ба ин роҳ сукунат доранд.
Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки пешрафти ҷомеа аз мавҷудияти роҳҳо вобастагӣ доранд. Умед дорем, ки роҳи мавриди назар низ ба густариши ободкориҳо такон мебахшад.
Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»