Бо гузаштани моҳи шарифи Рамазон нархи аксар маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар давоми ин моҳи муборак «ях» карда буд, каме арзон шуд. Имрӯз дар бозорҳои пойтахт нархи помидору бодиринг, ки ҳафтае пеш зиёда аз панҷ сомонӣ буд, то ду сомонӣ паст рафт. Арзоншавии тарбузу харбуза низ ба мушоҳида мерасад. Аммо нархи яке аз маҳсулоти ниёзи аввал – картошка, ки миёни мардум чун нони дувум машҳур аст, тамоюли афзоишро касб намудааст. Шурӯъ аз аввали мавсими баҳор нархи картошка аз ду сомонӣ якбора то панҷ сомонӣ «ҷаҳид» ва дигар арзон нашуд. Он вақт масъулин гароншавии нархро дар баста будани роҳи Душанбе-Хуҷанд ва камчинии маҳсулот арзёбӣ карданд. Инак, барфҳо ҳама об шуданд, аммо ҳанӯз ҳам як идда «корчаллонӣ» мекунанд. Зеро то ҳол дар бозор картошкаи куҳнаро низ мефурӯшанд. Дар фурӯши сабзӣ низ айнан ҳамин ҳолатро мушоҳида кардан мумкин аст. Чунин ҳолат бозгӯйи он аст, ки захираи картошкаву сабзӣ ба қадри кофӣ дар ҷумҳурӣ мавҷуд буда, баланд будани нархи он ба омилҳои дигар рабт дорад. Масъулинро мебояд сари ин мушкилот ҷиддӣ андешанд, зеро «зери коса нимкоса» аст…
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»