Як қатра об

№77(3378) 06.06.2015

кранЯк қатраи об ба ҳисоби миёна 0,08 грамм вазн дорад. Агар ҳар сония аз ҷумаки қубури обрасонӣ якқатрагӣ об резад, тӯли сол қариб 10000 литр (10 тонна) об мерезад. Вале агар аз ҷумак фаввораи оби  монанди ғафсии сӯзан резад, он гоҳ дар як шабонарӯз 840 литр ва дар тӯли як сол тахминан 307 тонна об хоҳад рехт.

***

Қатра бо воситаи буғшавӣ ба қабати атмосфераи Замин баромада, бо маҷмӯи қатраҳои дигар якҷоя шуда, абрро  ба вуҷуд меорад ва дар атрофи Замин давр мезанад. Такроран он дар шакли борон, барф ё жола боз ба Замин бармегардад. Дар сатҳи Замин қатра боз заҳида (таровида) дохили қабатҳои он гашта, эҳтимол, солҳои зиёд дар зери замин захира шуда, бозпас бо обҳои маъданӣ ба рӯи Замин барояд.

Аҷаб не, ҳамон қатраи об ба дарё ё дарёча, ба баҳр ё кӯл дохил шуда ва аз нав буғ шуда, ба ҳаво «парвоз» намояд.

Қатраи обе, ки мо менӯшем, аз молекулаҳои хеле зиёд иборат буда, мумкин он кадом вақте дар уқёнуси Ором буд, замоне мумкин онро динозаврҳо нӯшидаанд, бо гузашти чандин асрҳо мумкин дар яхҳои Антарктида буд ва пасон бо қатраҳои боронҳо ба Тоҷикистон омадааст.

Таҳияи С. Тоҳиров