Чаро аз гармшавии иқлим истифода намебарем?
Даҳ сол пеш парваришу рӯёнидани картошка дар гармхонаро кам касон дар кишварамон медонистанд. Ҳоло дар ноҳияҳои ҷанубии мамлакат ин раванд торафт оммавӣ гашта истодааст. Дар гармхона киштани картошка аз вақти маъмулӣ 1-2 моҳ пештар гирифтани ҳосил ва фавран киштани зироати навбатиро таъмин менамояд. Дар шароити камзаминии кишварамон зиёд кардани шумораи гармхонаҳо барои таъмини аҳолии мамлакат бо сабзавоти тару тоза такони ҷиддӣ хоҳад гашт.
Ноҳияи Мурғоб аз лиҳози масоҳат калонтарин ноҳияи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Сокинони ин минтақаи баландкӯҳ асосан ба чорводорӣ машғуланд. Қисми зиёди ҳудуди ноҳия аз сатҳи баҳр дар баландии 3500 — 4000 метр ҷойгир аст. Бо вуҷуди баландкӯҳ будан дар ноҳия майдонҳои паҳноваре ҳастанд, ки бо андак маблағгузорӣ метавон дар онҳо сабзавоту картошка кишт намуд.
Дар беш аз 70 соли мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ ягон роҳбари ҷумҳурӣ ба ин ноҳияи баландкӯҳ қадам ранҷа накард. Моҳи июни соли 1995 ба номусоидии обу ҳаво нигоҳ накарда, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути мошини сабукрави «Нива» аз мавзеи Аличур то маркази ноҳияи Мурғоб омада, бо мардум самимӣ суҳбат карданд. Маҳз бо таваҷҷуҳ ва дастгирии Сарвари давлат дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳия роҳи автомобилгарди Мурғоб — Кулма — Қароқурум, НБО «Тоҷикистон», Корхонаи коркарди маъдани «Якҷилва», даҳҳо бинои маъмурию маишӣ ва муассисаҳои маорифу тандурустӣ ба истифода дода шуданд.
Ҳеҷ кас дар замони шӯравӣ тасаввур намекард, ки дар ин ноҳияи баландкӯҳ метавон сабзавот кишт кард. Бо тавсияи Пешвои миллат ин афсона ба ҳақиқат табдил ёфт. Чунончи, дар деҳоти «Қизил- Работ», ки дар баландии 3800 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, инчунин дар деҳоти ба номи Гожо Бердибаев дар қатори кандани чоҳҳои амудии оби нӯшокӣ гармхона низ сохта шуд.
Маркази ноҳияи Мурғоб баландтарин маркази ноҳия дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Дар атрофи шаҳрак замини тахту ҳамвор ҳаст. Агар дар ин мавзеъ гармхонаҳо сохта шаванд, мардуми ноҳия тамоми сол бо сабзавоти тару тоза таъмин мегарданд. Ҳамчун нурии арзони органикӣ метавон аз поруи қутос истифода бурд.
Дар ноҳияи Мурғоб метавон парвариши топинамбур (ноки заминӣ)- ро низ ба роҳ монд. Соли 2014 дар ин ноҳия меҳмон будем, мушоҳида кардам, ки дар назди ҳавлии меҳмонхона топинамбур хуб нашъунамо дорад. Агар дар садҳо гектар замини бекорхобидаи ноҳия топинамбур кишт шавад, барои бузу гӯсфанд ва қутосҳо беҳтарин ғизо мешавад.
Ба гуфти доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев, дар як сентнер баргу пояи топинамбур 22,5 воҳиди хӯрокӣ ва 1,9 килограмм протеини ҳазмшаванда мавҷуд аст, ки ин нисбат ба ҷуворимакка 1,5 — 1,6 маротиба ва аз ҳисоби ҳосили воҳиди хӯрокӣ бошад, 1,3 маротиба зиёд аст. Дар як сентнер бехмеваи топинамбур аз 25 то 30 воҳиди хӯрокӣ ва 1,5 кило протеини ҳазмшаванда мавҷуд аст, ки ин нисбат ба картошка 1,2 — 1,6 маротиба ва нисбат ба лаблабу 1,7- 2,5 маротиба зиёд мебошад.
Мувофиқи маълумоти доктори илмҳои кишоварзӣ В. Н. Литвинов, солҳои 50 — 60 — уми асри гузашта дар шароити ноҳияҳои баландкӯҳи Ишкошим, Роштқалъа ва Шуғнон (дар баландии 3000 метр аз сатҳи баҳр) аз як гектар топинамбур 500 — 600 сентнер баргу поя ва 150 — 200 сентнер ҳосили лӯндаҳоро ҷамъоварӣ карда буданд. Мутаассифона, ҷуворимакка ҷойи топинамбурро гирифту «ноки заминӣ» миёни мардум танҳо ба хотири ороиш («картошкагул») истифода мешуд.
Солҳои охир, бинобар гармтар омадани ҳаво, имкони дар ноҳияи Мурғоб низ парвариш кардани ин зироати серғизою ояндадор пеш омадааст. Хуб мешуд, ки олимони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев якҷо бо Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар замини таҷрибавӣ кишти топинамбурро ба сокинони ин ноҳияи баландкӯҳ омӯзанд.
Чанде пеш Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ иттилоъ дод, ки дар деҳаи Ҷелондеҳи ноҳияи Шуғнон бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев гармхонаи инноватсионӣ бунёд ёфт. Дар ин мавзеъ чашмаи обаш гарм мавҷуд буда, тавассути қубурҳо ба гармхонаҳо кашидани оби истифодашуда гармии гармхонаҳоро таъмин менамояд. Бо ҳамин усул дар ноҳияи Мурғоб низ, ки Иссиқбулоқ, Чатригумбаз (Чештеппа), Бахмир барин чашмаҳои обашон гарм дорад, метавон гармхонаҳо бунёд кард.
Дар он сурат ноҳияи Мурғоб метавонад манбаи таъминоти озуқаи вилоят гардад.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»