Дар шумораи №149 (3943) аз 15 декабри соли 2018 рӯзномаи «Садои мардум» мақолае зери унвони «Таъсиси маркази муборизаи биологӣ бар зидди зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ зарур аст», чоп шуд. Муаллиф назари худро доир ба беҳтарнамоии муборизаи биологӣ бар зидди зараррасонҳои кишоварзӣ баён намудааст. Ба рӯзнома барои чопи мавзӯи дар ҳақиқат муҳим ва ҳалталаб изҳори сипос менамоем.
Муаллиф Икром Тешаев, минҷумла ногузирии таъсиси Маркази муборизаи биологӣ бар зидди зараррасонҳои кишоварзиро қайд намудааст. Пешниҳоди таъсиси марказ фикри хуб, аммо дар ҳоли ҳозир пеш аз муҳлат мебошад. Айни замон дар кишвар 27 лабораторияи мавсимии биологӣ ва як биофабрикаи парвариши энтомофагҳо дар ноҳияи Б. Ғафуров амал мекунад.
Аксари лабораторияҳои биологӣ дар вилояти Суғд ҷойгиранд. Дар вилояти Хатлон 4 лаборатория (дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Фархор, Ҷайҳун ва Дӯстӣ) ва дар шаҳри Ҳисор як лаборатория фаъолият доранд. Моро зарур аст, ки барои пурзӯрнамоии лабораторияҳои мавҷуда ва бунёди лабораторияҳои нави биологӣ дар дигар ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ кӯшиш намоем. Танҳо дар сурати мунтазам фаъол намудани лабораторияҳо, ҳадди ақал дар ҳар як ноҳияи кишоварзии кишвар мумкин аст оид ба таъсиси марказе, ки муаллиф қайд кардааст, иқдом пеш гирифта шавад.
Иддаои муаллиф — бо усулҳои биологӣ мушкили ҳимояи зироатҳои кишоварзӣ аз зараррасонҳоро дар кишвар пурра ҳал намудан мумкин аст, нодуруст мебошад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ ва натиҷаи таҳқиқоте, ки дар кишварҳои ҳамсоя гузаронида шуд, исбот карданд, ки танҳо васеъ ҷорӣ намудани муҳофизати интегратсионии растаниҳо (МИР) аз зараррасону касалиҳо имкон медиҳад, ки миқдори зараррасонҳо дар агробиотсеноз ба танзим дароварда шавад. Дар ин раванд, ҳарчанд усули биологии мубориза бо зараррасонҳо ҳамчун қисми ҷудонопазири МИР ба ҳисоб равад ҳам, МИР ба ҷуз аз истифодаи маводи биологии маҳвкунии миқдори зараррасонҳо, роҳҳои баландбардории механизмҳои табиии танзими паҳншавии зараррасонҳо, аз ҷумла бо роҳҳои агротехникӣ, ҳамчунин, истифода аз коркарди пеститсидҳои интихобӣ (селективӣ)-ро низ дар мавридҳои зарурӣ тавсия мекунад.
Тавре аз консепсияи МИР бармеояд, дар муддати кӯтоҳ даст кашидан аз истифодаи пеститсидҳо ғайриимкон аст. Зарур аст, ки барои пайдо ва истифода кардани инсектитсидҳои интихобӣ (селективӣ), ки метавонад ҳашароти зараррасонро заҳролуд кунад ва ба дигар ҳашарот, аз ҷумла энтомофагҳо безарар бошанд, кӯшиш намоем.
Аз ин рӯ, дар рафти амалинамоии лоиҳаи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ «Дастгирии дар амал татбиқ намудани муҳофизати интегратсионии растаниҳо барои зироатҳои афзалиятнок ва мевагӣ дар Тоҷикистон (солҳои 2015- 2016)» истифодаи домҳои феромонӣ барои назорати зараррасонҳо, феромонҳо барои пешгирии ҷуфтшавии зараррасонҳо, домҳои равшан барои назорат ва нобудкунии зараррасонҳо, растаниҳои асалдеҳ, энтомофагҳо (тиллочашмак, трихограмма, ҳабробракон) ва ғайра амалӣ гардид.
Дар доираи лоиҳаи мазкур барои 1900 деҳқон, ки 41 фоизи онҳо бону буданд, давраи таҷрибаомӯзӣ гузаронида шуд. Дар давоми татбиқи лоиҳа майдончаҳои намоишӣ низ бунёд гардиданд, ки дар онҳо усулҳои алтернативии ҳимояи наботот, аз ҷумла, принсипҳои МИР, истифода шуданд.
Тибқи дастури роҳбари лоиҳа — мутахассиси Созмони озуқа ва кишоварзии СММ оид ба растанипарварӣ ва ҳимояи наботот, профессор Ҳафиз Мӯъминҷонов ба ғайр аз чорабиниҳои зикргардида, мо барои беҳтарнамоии бақайдгирии пеститсидҳо дар ҷумҳурӣ кумак расонидем. Эътироф бояд кард, ки бақайдгирии пеститсидҳо дар ҷумҳурӣ ба таври бояду шояд иҷро намегардид. Дар давоми 11 сол ягон номгӯйи нав ба Феҳристи маводи химиявӣ ва препаратҳои биологӣ, ки барои истифода дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудаанд, ворид ва ё содир нашуда буд. Ҳол он ки то ин давр номгӯйи зиёди пеститсидҳо, ки зиёновариашон исбот гардида буданд, дар дигар кишварҳо аз феҳристҳо гирифта шуданд ва нисбатан маводи безарар ба он ворид гардид. Ҳуҷҷатҳои мазкур дар ҳамкории зичи мутахассисони барҷастаи мақомоти ваколатдор омода ва бо вазорату кумитаҳои дахлдор мувофиқа карда шуд. Айни замон онҳо барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд.
Аз ин сабаб, ишораи муаллиф, ки «як гурӯҳ олимон бо роҳбарии Ҳафиз Мӯъминҷонов барои фурӯши пеститсидҳо манфиатдор мебошанд», бофта аст. Баръакс, ҳама кӯшиш барои беҳтарнамоии системаи бақайдгирии пеститсидҳо ва бо ин роҳ пешгирӣ аз воридоти ғайриқонунии пеститсидҳои пастсифат, хамчунин препаратҳое, ки барои солимии инсон ва муҳити атроф зиёни ҷиддӣ мерасонанд, равона шудааст.
Анвар ҶАЛИЛОВ,
мудири шуъбаи систематикаи ҳайвонҳои бесутунмуҳраи Институти зоология ва паразитологияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои биологӣ,
Маъруф МАҲКАМОВ,
мушовири Ассотсиатсияи тухмипарварони Тоҷикистон