Ё бартарии зироаткории органикӣ дар чист?
Сокини деҳаи Нусратулло Махсуми деҳоти «Фахробод»-и ноҳияи Хуросон, омӯзгори собиқадор Абдураҳмон Аймирзоев чанд сол аст, ки дар замини лалмӣ картошка, помидор ва дигар намуди сабзавот парвариш мекунад. Солҳои аввал маҳсулоти рӯёндаашро ба бозори маркази ноҳия ва ё шаҳраки Уялӣ мебурд. Чанд соли охир муштариён картошкаро аз ҳавлиаш омада мебаранд. Сабаби таваҷҷуҳи харидорон ба картошкаи рӯёндаи ин омӯзгори таҷрибадор он аст, ки дурудароз нигоҳдорӣ мешавад. Сабаби дуюм он аст, ки ҳазмкуниаш сабук мебошад.
Асрори сифати баланд доштани ҳосили картошкаро аз Абдураҳмон Аймирзоев пурсидем. Ӯ гуфт, ки тамоми маҳсулоти кишоварзиро бидуни истифодаи нуриҳои минералӣ мерӯёнад. Ба замин фақат поруи пӯсидаи чорво ва хокистар меандозад.
- Замини порую хокистардор намиро дер нигоҳ дошта, аз моддаҳои гуногун бой аст. Деҳаи мо аз маркази ноҳия дур мебошад. Ҳоло нархи нурии минералӣ баланд аст. Илова бар ин, агар тавассути таксӣ нурии минералиро аз бозор ба хона орем, нархаш гаронтар мешавад. Бинобар ин, ман поруи ҳайвонот, хазон ва буттаҳои сабзавотро пӯсонида, ба замин мерезам. Ҳам замин серғизо мешаваду ҳам структураи хок беҳтар мегардад, — иброз намуд Абдураҳмон Аймирзоев.
Таҷрибаи Абдураҳмон Аймирзоевро «зироаткории органикӣ» меноманд, ки сол то сол дар мамолики гуногун ҷонибдорони ин усул афзуда истодааст. Нархи маҳсулоти бо усули «зироаткории органикӣ» рӯёндашуда дар бозори ҷаҳонӣ қиматтар бошад ҳам, харидоронаш зиёд аст.
Усули мазкур бе истифодаи нуриҳои минералӣ, заҳрхимикатҳо, гербитсид (бо роҳи химиявӣ, нест кардани алафҳои бегона), тухмии генашон дигаргуншуда (ГМО), гормонҳои тақвиятдиҳандаи нашъунамо рӯёнидани ҳосил ва маҳсулоти парандаю чорворо дар бар мегирад. Ҳадаф аз ривоҷ додани зироаткории органикӣ ҳифзи саломатии инсон, баланд бардоштани ҳосилхезии замин, пешгирии бодхӯрдашавии хок ва биёбоншавӣ, ҳифзи оилаҳои занбӯри асал ва дигар энтомофагҳои ба табиат нафърасон, инчунин тозагии манбаъҳои об мебошад. Ин усул чор принсип (солимӣ, экология, адолатнокӣ ва ғамхорӣ)- ро дар бар мегирад. Принсипҳои мазкур зимни нигоҳубину рӯёнидани маҳсулот, коркард, интиқолдиҳӣ, нигоҳдорӣ ва истеъмоли маҳсулот риоя карда мешавад.
Мушовири миллии Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои кишоварзӣ Муродҷон Эргашев иброз намуд, ки заҳрхимикатҳо, нуриҳои минералӣ ва гербитсидҳо ба микроорганизмҳои хок таъсири манфӣ расонида, манбаъҳои обро низ ифлос месозанд. Тибқи принсипи «солимӣ»-и зироаткории органикӣ, агар замин (хок) солим бошад, он ҳосили солим медиҳад. Ҳосили солим дар ҷисми солим рӯҳияи солим эҷод мекунад. Яъне, зироаткории солим ҳамаи ин ҳалқаҳои солимро ба ҳам васл намуда, боиси солимии миллат мешавад.
Мувофиқи принсипи экологӣ, усули органикӣ фарсудашавӣ, беқувватшавӣ ва бодхӯрдашавии заминро пешгирӣ намуда, дараҷаи ифлосшавии муҳити зистро кам мекунад. Истифодаи пору ва пасмондаи баргу буттаи растаниҳо барои компостхобонӣ, кишти сидератҳо (зироатҳои фосилавӣ) неруи заминро барқарор месозанд.
Талабот ба зироаткории биологӣ баланд аст
Соли 2021 бозори ҷаҳонии фурӯши маҳсулоти аз зироаткории органикӣ бадастомада 227 миллиард долларро ташкил дод. Дар назар аст, ки ин рақам соли 2026 ба 437 миллиард доллар расад. Аз ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти мазкур ИМА дар ҷаҳон ҷойи аввалро мегирад. Қариб 41 дарсади фурӯши маҳсулоти аз зироаткории органикӣ рӯёнидашудаи ҷаҳон ба ин кишвар рост меояд. Германия (12 фоиз) ва Фаронса (11 фоиз) ҷойҳои дуюму сеюмро ишғол мекунанд.
Ба гуфти Муродҷон Эргашев дар киштзор ғайр аз зироати асосӣ алафҳои бегона низ мерӯянд, ки элементҳои заруриро аз хок гирифта, ба зироатҳо соягӣ мекунанд. Дар натиҷа, нашъунамои зироат суст мешавад. Дар зироаткории органикӣ алафҳои бегонаро решакан карда, зери буттаҳои зироатҳои асосӣ мепартоянд. Қабати алафҳои бегонаи кандашуда дар рӯи хок бухоршавии босуръати намиро пешгирӣ карда, заминро аз сафолакбандӣ эмин медорад. Аз дигар тараф, қабати ковоки хок зуд сахт нашуда, ҳавогирии решаи зироатҳо беҳтар мегардад.
Сарходими илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Сайфиддин Садриддинов яке аз шартҳои дигари гузаштан ба зироаткории органикиро риояи қатъии киштгардон меҳисобад, зеро ҳангоми дар як майдон паиҳам чанд сол кишт кардани як зироат замин камқувват шуда, ҳосилнокӣ паст мешавад. Аз ин рӯ, ҳар сол киштгардон кардан лозим аст. Ба гуфти ин олими собиқадор, истифода аз обёрии қатрагӣ низ пеши талафи обро гирифта, монеи шусташавии қабати ҳосилхези хок ва афзоиши алафҳои бегона мегардад. Инчунин, истифодаи поруи пӯсида дар заминҳо ба ҳосили солҳои минбаъда низ таъсири мусбат мерасонад.
Собиқадори соҳаи ҳимояи наботот, устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Икром Тешаев ба он ақида аст, ки истифода аз усули биологии ҳимояи наботот на танҳо хароҷотро кам мекунад, балки пеши нобудшавии занбӯри асал ва дигар ҷонваракони фоиданокро гирифта, сифати ҳосилро беҳтар мегардонад.
Дастоварди Ҳиндустон дар зироаткории органикӣ
Пас аз ба даст овардани истиқлолият (15 августи соли 1947) Ҳукумати Ҳиндустон дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти озуқаворӣ ба мушкилӣ рӯ ба рӯ буд. Ҳукумати мамлакат тавассути таъсиси марказҳои илмии кишоварзӣ, донишкадаҳои кишоварзӣ, шабакаи махсуси телевизионӣ барои кишоварзон, азхудкунии заминҳои бекорхобида, обёрикунии сарфакорона «инқилоби сабз» карда, дар истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардид.
Соли 1995 муҳаққиқон саршумори чорвои калони шохдори Ҳиндустонро 207,5 миллион сар ҳисоб карданд. Муайян гардид, ки солона аз пасафкандаи ин миқдор чорво 830 миллион тонна пору ҷамъ мешавад. Агар 20 дарсади он ҷамъоварӣ нашуда монаду 25 дарсадаш ҳамчун сӯзишворӣ истифода шавад, 55 дарсади он қариб 500 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Қарор карда шуд, ки ин захираи бузурги нурии органикӣ ба ҳосилхез гардонидани заминҳо равона шавад. Ҳукумати ҳар як иёлат (штат) барои ноҳияҳое, ки нурии органикиро бештар истифода мебаранд, ҷоиза муайян кард. Ба ин ҳашари умумихалқӣ ҷамъовардагони партовҳои шаҳраку шаҳрҳо низ ҳамроҳ шуданд. Муздурон партовҳоро дар замин гӯронда, баъди 6 моҳ онро дар халтаҳо гирифта, ба фурӯш мегузоштанд.
Акнун деҳқонон ба ҷои нуриҳои минералӣ, ки нархашон хеле гарон буд, нурии арзони органикиро истифода мебурданд. Бо ин роҳ ҳосилнокии заминҳо низ афзуду хароҷоти деҳқонон кам шуда, фоидаашон зиёд гашт. Дар ноҳияҳо курсҳои кӯтоҳмуддати тайёр намудани компост аз баргу пояи растаниҳо ва поруи парандаю чорво ташкил гардид. Як қатор ширкатҳо устухони ҷамъшудаи парандаю чорворо орд намуда, ба компост ҳамроҳ менамуданд ва онро чун «компости ғанигардонидашуда» дар халтачаҳои 5 — 10 килограммӣ мефурӯхтанд. Ин намуди компост аз нитрогену фосфор бой буда, ҳосилнокии зироатро зиёд мекард.
Ҳамин тавр, дар Ҳиндустон истеҳсоли нуриҳои биологӣ дар асоси истифодаи азотобактер, ризобиюм, азолла, батсилус, аспергилан, сюдомонас, вамайкорриза, инчунин шабакаи васеи парвариши энтомофагҳо барои мубориза бо зараррасонҳои зироат ба роҳ монда шудааст.
Дар натиҷаи роҳандозии чунин усулҳо имрӯз Ҳиндустон на танҳо як миллиарду 420 миллион нафар аҳолиашро ба маҳсулоти арзони озуқаворӣ таъмин мекунад, балки онро ба дигар кишварҳо низ мефурӯшад. Айни ҳол Ҳиндустон аз ҷиҳати истеҳсоли шир, лӯбиёгиҳо, ҷут дар ҷаҳон ҷои якум, аз рӯи истеҳсоли гандум, шолӣ, найшакар, чой, арахис (чормағзи заминӣ), меваю сабзавот, пахта, саршумори чорвои калони шохдор ҷойи дуюмро мегирад. Месазад, ки бо истифода аз таҷрибаи Ҳиндустон дар кишварамон зироаткории органикиро васеъ ба роҳ монем.
Се соли охир бо ташаббуси агрономи собиқадор Мухтор Отахонов дар хоҷагии ба номи Латиф Муродови шаҳри Ҳисор бо истифода аз поруи фермаи чорводорӣ парвариши пахта бо усули органикӣ ба роҳ монда шуда, он натиҷаи хуб дод. Раиси хоҷагии ба номи Абдурауф Юсуфии шаҳри Ҳисор, номзади илмҳои ветеринарӣ Зафар Қаландаров бошад, дар парвариши зироат истифодаи биогумусро ба роҳ монд. Яъне, дар сурати хоҳиш будан имкони роҳандозии зироаткории органикӣ мавҷуд аст.
Олимону мутахассисони соҳаро зарур аст, ки бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта зироаткории органикиро тарғиб намуда, дар солимии фаровонии муҳит, ғизо ва тандурустии аҳолӣ саҳм гузоранд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»