14 декабри соли ҷорӣ, дар назди Терминали мусофиркашонии шаҳри Бохтар ярмаркаи фурӯши ангишт баргузор шуд. Иқдом имкон медиҳад, ки сокинон ангиштро аз нархи бозор як баробар арзон харидорӣ кунанд.
Тибқи иттилои муовини директори генералии КВД «Ангишти Тоҷик» Ҳусейн Асоев, иқдоми мазкур аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаи зикршуда роҳандозӣ гардида, мақсад аз ташкил кардани он ба танзим даровардани нархи ангишт дар бозорҳои мамлакат ва кумак ба аҳолӣ мебошад.
Дар маҷмӯъ, 1300 тонна ангишт ворид шуд, ки арзиши ҳар як килограмми он 70 дирам мебошад.
Сулаймони СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»