Зӯроварӣ саодати хонаводагиро барҳам мезанад

№132 (4552) 28.10.2022

Аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO), ҳар зани сеюм дар давоми ҳаё­таш, ба таври умум латукӯб мешавад, мавриди таҷовуз ё суиистифода қарор мегирад. Собиқ Котиби генералии СММ Кофи Аннан дар ин маврид чунин гуфта буд: «Зӯроварӣ нисбат ба занон шояд шармовартарин поймолкунии ҳуқуқи инсон бошад ва он шояд маъмултарин ҳам бошад. Он (зӯроварӣ) ҳудуди ҷуғрофӣ, фарҳангӣ ё дороиро намедонад. То замоне ки он давом мекунад, мо наметавонем талаби пешрафти воқеӣ дар самти баробарӣ, инкишоф ва осоиш бикунем».

Мутаассифона, дар кишвари мо низ ҳодисаҳои зӯроварии хонаводагиро дар шаклҳои гуногун қариб дар ҳар як оила дидан мумкин аст. Зӯроварӣ дар оила нишон додани неру, зӯрӣ, тавоноӣ, золимӣ ва ситамгариро дар бар гирифта, он дар мавридҳои гуногун истифода мешавад. Зӯроварӣ кирдори зиддиҳуқуқӣ ва барқасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ, шаҳвонӣ ё иқтисодӣ мебошад, ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила нисбат ба дигар узви оила содир шуда, боиси поймол гардидани ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, расонидани дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатии ӯ мегардад ё таҳдиди расонидани чунин зарарро ба вуқӯъ меорад. Чунин рафтори ношоям дар оила хилофи раванди таълиму тарбия ва арзишҳои милливу умумибашарӣ буда, ба талаботи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва замони муосир ягон умумият надорад ва саодати хонаводаҳоро барҳам мезанад. Ин зуҳуроти номатлуб метавонад ба генофонди миллӣ низ таъсири манфӣ расонад.

Чанде пеш бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Парастор» ва дастгирии Ташаббуси минтақавии «Нури рӯшноӣ» («Луч света», «Spotlight initiative») дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4-и шаҳри Норак дар мавзӯи «Пешгирии зӯроварии гендерӣ» машғулият баргузор гардид.

Дар он сарвари ташкилоти мазкур Раъно Қосимова иброз намуд, ки 19 марти соли 2013 таҳти №354 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ба имзо расидааст.

- Зӯроварӣ дар оила ҳуқуқвайронкунии ҷиддие мебошад, ки қонунгузории мамлакат барои он ҷазо пешбинӣ кардааст, — гуфт Раъно Қосимова.

Зикр гардид, ки мубориза бар зидди зӯроварӣ дар оила хусусияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ дорад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» дар қатори мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятиро низ ҳамчун субъекти пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила эътироф намудааст. Қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонанд марказҳои ёрирасонро бо тартиби муайянкунандаи қонунгузорӣ таъсис диҳанд, тадбирҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди зуҳуроти номатлубро маблағгузорӣ намоянд, ба ҷабрдидагон кумаки иҷтимоӣ расонанд ва ғайра.

Ҳамкориии мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ асосан дар самти ошкор ва пешгирии зӯроварӣ дар оила ҷой дошта, он тавассути таҳия, қабул ва иқдоми барномаву таҳияи лоиҳаҳои якҷояе, ки пешбурди ташвиқу тарғиб, гузаронидани тадқиқот ва ғайраҳоро дар бар мегирад, диққат дода мешавад.

Ширкаткунандагони вохӯрӣ изҳор намуданд, ки дар ҷомеаи имрӯза бештар занон аз зӯроварии хонаводагӣ ҷабр мекашанд. Яке аз сабабҳои дучор шудани занон ба зӯроварӣ ин гӯё «айб будани гуфтани сирри хонавода» аст. Сабаби дигар паст будани маърифати ҳуқуқии занон мебошад. Дахолати шахсони сеюм (хешовандони шавҳар) огоҳ набудани ҳамсарон аз одоби оиладорӣ, саҳлангории нозирони минтақавӣ ва бармаҳал хонадор кардани ҷавонон низ боиси афзоиши хушунати хонаводагӣ мешавад.

- Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» чораҳои инфиродии ҳифзи ҷабрдидагон додани Аҳдномаи муҳофизатиро аз тарафи шуъбаи корҳои дохилӣ дар асоси аризаи ҷабрдида дар бар мегирад. Аҳдномаи муҳофизатӣ чораҳои маҳдудкунии махсусро нисбати хушунатгар таъмин мекунад ва ба муҳлати 15 шабонарӯз дода мешавад. Ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила, ҳамчунин, ҳуқуқ ба гирифтани кумак ба тариқи ройгонро доранд, — гуфт коршиноси Ташкилоти ҷамъиятии «Парастор» Мадина Раҳматова.

Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и шаҳри Норак Шабнам Асоева аз номи иштирокчиёни машғулият ба коршиносон арзи сипос намуда, гуфт, ки доир намудани чунин чорабиниҳо дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии бонувон ва дарёфти роҳҳои пешгирии хушунати хонаводагӣ нақши муҳим мебозад.

- Тавассути корҳои тарғиботӣ-фаҳмондадиҳӣ ва ҷалби воситаҳои ахбори омма метавонем ба ҳалли мушкилоти маънавӣ, иҷтимоӣ, аз ҷумла зӯроварии хонаводагӣ ноил шавем. Агар тавонем, ки мушкилотро оқилона, босаводона ва дар доираи қонун баррасӣ кунем, рафтори ноҷои аҳли ҷомеаро низ дигар карда метавонем,- иброз намуд Шабнам Асоева. 

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»