Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ҷумҳуриҳои ҳамҷавор аз системаи ягонаи энергетикӣ бо қувваи барқи доимӣ таъмин мегардиданд. Иқтидори истеҳсолии низоми энергетикии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 4100 МВт-ро ташкил медод. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолияти низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ қатъ гардид ва барои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба проблемаи доғ табдил ёфт. Бо дарназардошти вазъи пешомада Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расидан ба истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуданд.
Барои эҷоди заминаи ҳуқуқии ҳалли ин мушкил парламенти мамлакат қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика», «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия», «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва истифодаи самараноки энергия», қариб 40 созишномаи байналмилалӣ, ба монанди Созишномаи кредитӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд оид ба лоиҳаи «Эҳёи бахши энергетикӣ», Созишномаи кредитӣ (Амалиётҳои махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд оид ба лоиҳаи «Эҳёи энергетика», Созишнома оид ба ёрии байниҳамдигарӣ дар ҳолатҳои садама ва дигар вазъиятҳои фавқулода дар иншооти электроэнергетикии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Шартномаи консессияи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати энергетикии «Помир — энержӣ», Қарордоди молиявӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории Аврупо оид ба барқарорсозии соҳаи энергетикаи Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намуда, вобаста ба талаботи замон дар ҳамоҳангӣ бо Ҳукумати ҷумҳурӣ ва вазорату идораҳои дахлдор ба онҳо тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид кард.
Дар ин замина, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии истифодаи самараноки захираҳои обиву энергетикӣ ва сарфаҷӯии неруи барқ» ва «Барномаи давлатии дарозмуддати бунёди силсилаи неругоҳҳои хурди барқи обӣ дар давраи солҳои 2009-2020» таҳия ва қабул гардиданд.
Маҷлиси намояндагон ҳам Созишномаи иловагии №1 ба Созишномаи қарзӣ таҳти №41538 аз 8 июни соли 2011 байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Суғд», Созишномаи грантӣ барои лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Суғд» — расонидани кумак ба гурӯҳи татбиқи лоиҳа дар Тоҷикистон байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Душанбе Сити» дар бораи амалӣ кардани лоиҳаи низоми автоматикунонидашудаи назорат ва баҳисобгирии неруи барқ дар шаҳри Душанбе» ва ғайраро қабул намуд, ки ба рушди бомароми соҳа мусоидат намуданд.
Дар давоми наздик ба 30 соли соҳибистиқлолӣ сохтмону баистифодадиҳии иншооти бузурги тавлидоти неруи барқ ба роҳ монда шуд. Чунончи,
- навбати якум ва дуюми Неругоҳи барқи обии «Помир-1» бо тавоноии 28 МВт;
- Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда — 1». Он дар силсилаи неругоҳҳои барқи обии дарёи Вахш неругоҳи панҷум маҳсуб ёфта, агрегати якуми он 20 январи соли 2008, се моҳ пеш аз муҳлат, мавриди истифода қарор дода шуд. Якуми июли соли 2008 агрегати дуюм, 5 — уми ноябри ҳамон сол агрегати сеюм ва 31-уми июли соли 2009 агрегати чоруми он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд;
- Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда — 2». Агрегати якуми неругоҳи мазкур 5 сентябри соли 2011 ва агрегати дуюми он 10 сентябри соли 2014 ба кор даромад;
- сохтмони навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2». Моҳи августи соли 2012 бо ҶСК «ТВЕА»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба бунёди навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» бо иқтидори 100 МВт шартнома ба имзо расид. Он бо иқтидори истеҳсолии 100 МВт неруи барқ ва 67,95 Гкал энергияи гармӣ бунёд гардида, агрегати якуми он моҳи январ ва агрегати дуюмаш моҳи сентябри соли 2014 ифтитоҳ ёфта, ба сохтмони навбати дуюми он бо иқтидори 2х150 МВт санги асос гузошта шуд.
Маҷлиси намояндагон ҷиҳати амалӣ гаштани лоиҳаи зикршуда Созишномаи қарзи имтиёзноки ҳукуматӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба лоиҳаи «Сохтмони марҳилаи дуюми «Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» бо иқтидори 2х150 МВт» ва Созишномаи қарзи имтиёзноки харидорӣ (содиротӣ) байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба лоиҳаи «Сохтмони марҳилаи дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2» бо иқтидори 2х150 МВт» — ро қабул намуд.
Навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» бо иқтидори истеҳсолии 300 МВт неруи барқ ва 167,9 Гкал энергияи гармӣ солҳои 2015 — 2016 бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҷиҳати бунёди хати интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб — Шимол» моҳи майи соли 2006 байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва ҶСК «ТВЕА» — и Ҷумҳурии Халқии Хитой шартнома ба имзо расид, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро тасдиқ намуд. Дар доираи лоиҳа хати интиқоли барқи 500 кВ ба масофаи 263,8 км ва ду зеристгоҳи барқии 500 кВ (Душанбе-500 ва Суғд-500) бунёд гардида, 29 ноябри соли 2009 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд. Дар натиҷаи татбиқи он шабакаҳои барқии шимол бо шабакаҳои барқии ҷануби кишвар пайваст гардида, низоми ягонаи энергетикии кишвар таъсис дода шуд.
Соли 2008 бо ширкати ҳиндустонии КЕC вобаста ба бунёди хати интиқоли барқи 220 кВ «Тоҷикистон — Афғонистон» ба масофаи 116 км шартнома ба имзо расид. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳа низоми энергетикии кишвар ба низоми энергетикии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пайваст гардида, барои содироти неруи барқ дар фасли тобистон ва пайдо намудани мавқеъ дар бозори минтақавии фурӯши неруи барқ заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.
Дастоварди дигари барои кишвар тақдирсоз идома бахшидани сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо иқтидори истеҳсолии 3600 МВт ба шумор меравад. Агрегати якуми он соли 2018 ва агрегати дуюмаш соли 2019 ба истифода дода шуданд, ки неруи барқи истеҳсолшуда ба системаи энергетикии мамлакат интиқол мешавад.
Дар бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки ба сохтмони умумимиллӣ табдил гаштааст, беш аз 20 ҳазор коргар ва зиёда аз 2 ҳазор техникаву механизм шабу рӯз фаъолият доранд. Баъди пурра ба кор даромадани он Тоҷикистон имконияти истеҳсоли то 31 млрд. кВт/соат неруи барқро дорад, ки ин 6,2 дарсади иқтидори энергетикии обҳои кишварро ташкил медиҳад. Албатта, ин дастоварди муҳим дар минтақа хоҳад буд. Барои қиёс, истифодаи захираҳои обӣ дар бахши энергетика дар давлатҳои пешрафтаи дунё, аз ҷумла Норвегия, ки он низ кӯҳсор аст ва чиҳил неругоҳи барқи обӣ дорад, ба 40 дарсад баробар мебошад. Ин нишондиҳанда дар давлати Канада то 70 дарсад ва ИМА то 40 дарсад аст.
Бунёди иншооти бузург барои гузаштан ба «иқтисоди сабз», ки маҳаки асосии онро истифодаи сарчашмаи энергияи барқароршаванда ташкил медиҳад, мувофиқ аст. Дар маҷмӯъ, замони соҳибистиқлолии кишвар дар соҳаи электроэнергетикаи ҷумҳурӣ 34 лоиҳаи сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 40 млрд. сомонӣ татбиқ гардида, натиҷаҳои назаррасро ба бор овардааст.
Натиҷаи асосии татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ истеҳсоли зиёда аз 20 млрд. кВт. соат неруи барқ дар соли 2019 ва таъмини аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиёти кишвар бо барқ мебошад. Айни замон 7 лоиҳаи сармоягузории соҳаи электроэнергетика, аз қабили лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии Сарбанд», «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии Қайроққум», «Лоиҳаи минтақавии хати интиқоли барқи CASA-1000», «Марҳилаи якуми таҷдиди Неругоҳи барқи обии Норак» дар марҳилаи татбиқ қарор доранд. Дар маҷмӯъ, дар доираи лоиҳаҳои зикршуда дар ҳаҷми 1,1 млн. доллари ИМА маблағ ҷалб карда шудааст. Ҷиҳати татбиқи онҳо Маҷлиси намояндагон Созишномаи грантии таҷдидиназаршуда оид ба пешниҳоди кумаки техникӣ (С31808rev/AUS-2015-01-01) байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Таҷдиди НБО-и Қайроққум», Созишномаи грантӣ оид ба пешниҳоди кумаки техникӣ (С33191/EBSF-2015-02-20) байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз рӯи лоиҳаи «Таҷдиди НБО-и Қайроққум», Созишномаи қарзӣ (47253) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Азнавсозии Неругоҳи барқи обии Қайроққум бо мақсади баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим», Созишномаи грантӣ (47253) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Азнавсозии Неругоҳи барқи обии Қайроққум бо мақсади баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим», Созишномаи лоиҳавӣ (47253) байни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Азнавсозии Неругоҳи барқи обии Қайроққум бо мақсади баланд бардоштани устуворӣ ва тағйирёбии иқлим», Қарордоди молиявӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории Аврупо оид ба лоиҳаи «Азнавсозии Неругоҳи барқи обии Қайроққум бо мақсади баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим», Созишномаи грантӣ байни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Азнавсозии Неругоҳи барқи обии Қайроққум бо мақсади баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим», Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак, марҳилаи 1) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд, Cозишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак», марҳилаи 1» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ, Созишнома оид ба пешниҳоди қарзи сармоягузорӣ ва маблағҳои Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд барои маблағгузории лоиҳаи «Барқарорсозии НБО «Норак», марҳилаи 1» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки авруосиёии рушд»-ро ба тасвиб расонд.
Илова бар ин, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон татбиқи лоиҳаҳои «Сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор», «Бунёди хати интиқоли барқи 110 кВ Хоруғ — Шуғнон», «Бунёди хати интиқоли барқи 110 кВ барои пайвасткунии Дарвоз — Ванҷ ба шабакаҳои асосии ширкати «Помир энерҷӣ» ва ғайра идома доранд. Лоиҳаҳои «Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ», «Электрификатсияи деҳот», «Барномаи дастгирии ҷомеаҳо» ва «Сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» дар марҳилаи ҷараёни озмунҳо қарор дошта, арзиши онҳо 131,8 млн. доллари ИМА арзёбӣ гардидааст, ки пурра маблағҳои грантӣ мебошанд. Ҷиҳати татбиқи онҳо Маҷлиси намояндагон Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд оид ба лоиҳаи «Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ», Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот», Созишномаи лоиҳавӣ байни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот», Созишномаи лоиҳавӣ байни «Ширкати «Помир — энерҷӣ» ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот» ва ғайраро қабул намудааст.
Зимнан, барои интиқоли неруи барқ дар мавсими тобистон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ҷумҳуриҳои Исломии Афғонистон ва Покистон татбиқи Лоиҳаи минтақавии CASA — 1000 пешбинӣ гардидааст. Асосноккунии техникӣ — иқтисодии лоиҳаи мазкур аз ҷониби ширкати канадагии «SNC Lavalin» таҳия гардида, бо қарори Шӯрои байниҳукуматии лоиҳаи минтақавии CASA-1000 моҳи сентябри соли 2011 тасдиқ гардидааст. Татбиқи лоиҳа самти муҳими рушди ҳамкорӣ бо кишварҳои Қирғизистон ва Афғонистону Покистон дар соҳаи энергетика ба ҳисоб рафта, расидан ба ин ҳадаф имконият фароҳам меорад, ки Тоҷикистон содироти миқдори неруи барқи изофагиро ба ин кишварҳо ва умуман, ба минтақа пайдо намояд. Мувофиқи лоиҳа фурӯшандагони неруи барқ — Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон имкон пайдо менамоянд, ки дар давраи фаровонии неруи барқ аз моҳи май то моҳи сентябр 5 млрд. кВт/соат (аз ҷумла, тақрибан 3 млрд. кВт/соат Тоҷикистон ва 2 млрд. кВт/соат Қирғизистон) неруи барқро ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон содирот кунанд.
Оид ба амалишавии лоиҳаи CASA — 1000 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 созишнома, аз қабили Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Интиқол ва тиҷорати неруи барқ байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ» (CASA — 1000), Қарордоди молиявӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории Аврупо оид ба лоиҳаи «Ҳамкории энергетикӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон» (CASA — 1000), Созишномаи қарзӣ байни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Байниминтақавии тиҷорати неруи барқ» (CASA — 1000), Cозишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд оид ба «Ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаи интиқол ва тиҷорати неруи барқ байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ» (САSA — 1000), Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Байниминтақавии тиҷорати неруи барқ» (CASA-1000), Созишнома оид ба гранти Фонди бисёрдонораи мақсаднок байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «САSA — 1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа», Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «САSA — 1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа», Созишномаи лоиҳавӣ байни Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «САSA — 1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа», Созишномаи лоиҳавӣ байни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «САSA — 1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа» қабул намудааст.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мустаҳкам намудани заминаи ҳуқуқии рушди соҳа бархе аз қонуну шартномаҳои байналмилалиро, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи сиёсати давлат дар соҳаи саноат», «Дар бораи намунаҳои саноатӣ», «Дар бораи ангишт», Созишномаи қарзи имтиёзноки байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба лоиҳаи «Сохтмони корхонаи истеҳсоли креолит ва фториди алюминий ва корхонаи истеҳсоли кислотаи сулфат дар ҳошияи таҷдиди ТАЛКО», Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Huaxin Cement Co., LTD»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба сохтмон ва ба истифода додани хатҳои дуюм ва сеюми лоиҳавии корхонаҳои истеҳсоли семент дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати байналмилалии истеҳсолии Чжунгтсай моҳир семент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, гаҷкартон ва халта дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «КМ Муосир» оид ба сохтмони корхонаи истеҳсоли моддаҳои эмулсионии таркандаи саноатӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто гурӯҳ» бо Ширкати «Ulasim Ic ve Dis Ticaret Anonim Sirketi »-и Ҷумҳурии Туркия оид ба сохтмони Корхонаи истеҳсолӣ нақлиёти мусофирбари ҷамъиятию боркаш ва ба роҳ мондани маркази хизматрасони техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Моҳир семент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон, Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ККН — Регар» дар бораи сохтмон ва ба истифода додани корхонаи коркарди нефт дар минтақаи саноатии шаҳри Турсунзода, Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Artel Engineering and Management»- и Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба сохтмон ва истифодабарии Корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Артел Авесто Электроникс» дар шаҳри Душанбе ва Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул ва тасдиқ намуд.
Қобили зикр аст, ки тайи 30 соли Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёда аз 50 корхонаи калони соҳаи саноат ифтитоҳ ёфт, ки дар онҳо 9500 ҷойи кори нав муҳайё гардид. Аз ин шумора 17 корхона бо 2225 ҷойи корӣ ба вилояти Хатлон, 15 корхона бо 3305 ҷойи корӣ ба вилояти Суғд, 10 корхона бо 2760 ҷойи корӣ ба шаҳри Душанбе, 4 корхона бо 1000 ҷойи корӣ ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 3 корхона бо 300 ҷойи корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рост меоянд.
Иқтидорҳои нав асосан дар самтҳои коркарди пахта ва нахи пахта, пӯст, истеҳсоли пахтаи тиббӣ, маҳсулоти дӯзандагӣ, ҷӯроббофӣ, мебелсозӣ ва халтабарорӣ сохта, ба истифода дода шудаанд. Шумораи корхонаҳои соҳаи саноати сабук, аз ҷумла ресандагӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ, ҷӯроббофӣ, қолинбофӣ, коркарди пӯст, истеҳсоли пойафзол ва мебелбарорӣ аз 63 корхонаи соли 1991 дар соли 2020 ба зиёда аз 486 корхона расонда шуд. Истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук соли 1991 — ум 0,06 млн. сомонӣ, соли 1995 — 16,0 ва соли 2020 — ум 3140,3 млн. сомониро ташкил дод. Дар даврони соҳибистиқлолӣ 16 корхонаи калони коркарди нахи пахта сохта, ба истифода дода шуд. Аз ҷумла: ҶДММ «Ҷавонӣ», корхонаи «Кабоол Тоҷик текстайл», ҶДММ «Кӯлоб Текстайлз», ҶДММ «Ресандаи Хатлон», ҶДММ «Спитамен Текстил», ҶДММ «Нику Хуҷанд», ҶСП «Олим Текстайл», ҶДММ «Файзи Истиқлол — 2011», ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд», истеҳсолоти ресандагии ҶСП «Ҷунтай — Данғара Син Силу Текстил» ва монанди инҳо, ки дар маҷмӯъ маблағҳои азхудшуда зиёда аз 320 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Соли 2016 марҳилаи якум ва соли 2018 марҳилаи дуюми истеҳсолоти ресандагии ҶСП «Ҷунтай — Данғара Син Силу Текстил» ба истифода дода шуд, ки такони ҷиддӣ барои рушди саноати сабук ба ҳисоб меравад ва корхона аз чор марҳилаи истеҳсолӣ: ресандагӣ, бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ иборат мебошад. Иқтидори истеҳсолоти ресандагии он дар маҷмӯъ солона коркарди 24,5 ҳазор тонна нахи пахта буда, барои 530 нафар ҷойи кори доимӣ муҳайё гардидааст.
ҶДММ «Ёқут-2000» дар самти дӯзандагӣ яке аз корхонаҳои пуриқтидор ба шумор рафта, аз соли 2009 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагиро мунтазам афзоиш дода истодааст. Корхона асосан ба дӯхти сарулибос барои кормандони сохторҳои қудратӣ, либоси мактабӣ ва либоси кории махсус машғул мебошад. Инчунин, дар он истеҳсоли сумкаҳои гуногун, хаймаҳои артишӣ, парчам бо андозаҳои гуногун ба роҳ монда шудааст.
Ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID — 19 аз ҷониби баъзе аз корхонаҳои саноати сабук номгӯи нави маҳсулот, ки ивазкунандаи воридот ба шумор мераванд, аз ҷумла дока, ниқоб ва халатҳои махсуси муҳофизатии тиббӣ, истеҳсолашон ба роҳ монда шуд. Тибқи маълумоти оморӣ, 57 корхонаи соҳа соли 2020 ба миқдори 9424,5 ҳазор дона ниқоби тиббӣ истеҳсол намуданд. Инчунин, 19 корхонаи саноати сабук дар соли ҳисоботӣ 61229 дона халати муҳофизатии махсусро истеҳсол ва ба муассисаҳои тандурустӣ интиқол додаанд.
Соли 2020 ҶДММ «САТН» ва ҶДММ «Ҷавонӣ» 2 млн. 700 ҳазор дона ниқоби тиббиро ба Ҷумҳурии Италия содирот намудаанд, ки шаҳодати рақобатнокии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар бозорҳои хориҷи кишвар мебошад.
ҶДММ «Ваҳдат Текстайл» марҳилаҳои якум ва дуюми коргоҳи ҷӯроббофиро соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба роҳ монд. Иқтидори истеҳсолии корхона, ки дар он барои 400 нафар ҷойи корӣ муҳайё карда шудааст, 34 миллион ҷуфт ҷӯроб дар як сол буда, маҳсулоти ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои ҷорӣ истеҳсол карда мешавад.
Рушди соҳаи коркарди ашёи чорво (пӯст ва пашм) бо дарназардошти истифода аз манбаи мавҷудаи ашёи хоми маҳаллӣ, ҷиҳати пайдо намудани арзиши иловашудаи маҳсулоти истеҳсолӣ, аз ин ҳисоб ғанитар гардонидани буҷаи давлат, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии ҷумҳурӣ, ташкили ҷойҳои нави кори аҳамияти иқтисодии муҳим дорад. Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар таъсиси корхонаҳои ҶДММ «Чарми Осиё» дар заминаи «Заводи пӯсти Данғара», ҶДММ «Файзи Мастчоҳ», ҶДММ «Чарми Хуҷанд», ҶДММ «Сармоягузории байналмилалии Дубай», ҶДММ «Сомон чарм», ҶДММ «Ҳасан саноат» ва ғайра амалӣ гардид.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароит ва замина барои рушди саноати сабук дар асоси коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ ба молҳои саноати сабук, афзун намудани иқтидори содиротии корхонаҳои соҳа, таъмини шуғли аҳолӣ, таҳияи механизмҳои иқтисодӣ ва омилҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷалби сармоягузориҳои бевосита барномаҳои соҳавӣ қабул гардиданд. Аз ҷумла, «Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006 — 2015», «Барномаи коркарди пурраи нахи пахта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда барои давраи то соли 2015», «Барномаи коркарди пурраи ашёи хоми чорво (пӯст ва пашм) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015», «Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 — 2020» ва ғайраҳо.
Саноати металлургии Тоҷикистон низ бомуваффақият тараққӣ ёфта истодааст. Он дар байни дигар соҳаҳои саноат мавқеи пешбарандаро ишғол мекунад. Рушди соҳа ба манбаи бузурги ашёи хом ва талаботи рӯзафзун ба металлҳои ранга дар ҷаҳон асос меёбад. Вазни қиёсии соҳаи маъданҳои кӯҳӣ дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ соли 1991 — ум 8,0 фоиз бошад, соли 2020 он 25,1 фоизро ташкил дод.
Бо кӯшиш ва дастгирии бевоситаи Роҳбари давлат теъдоди корхонаҳо бо ҷалби сармояҳои ватанию хориҷӣ зиёд шуда истодаанд. Ҳоло 25 корхонаи истеҳсоли тилло, нуқра ва металлҳои ранга фаъолият дорад, ба монанди Корхонаи ҶММ КМ «Зарафшон», ҶМТКММ «Апрелевка», ҶДММ «Пакрут», ҶСК «ГОК Адрасмон», ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ — саноатии Тоҷикистону Хитой», ҶСК «Комбинати металлҳои нодири Ленинобод», ҶДММ «Ширкати металлургии «Анзоб», ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» ва ғайра.
Бо мақсади зиёд намудани истеҳсоли тилло, нуқра ва металлҳои ранга, таъмини ҷойҳои нави кор барои мардуми маҳаллӣ ва ғанӣ гардонидани буҷети давлат бо ҷалби сармояи ватанӣ ва хориҷӣ, таъсиси корхонаҳо чор барномаи соҳавӣ, аз ҷумла: «Барномаи рушди соҳаи саноати коркарди тилло ва нуқра барои солҳои 2002-2010», «Барномаи давлатии коркард ва фурӯши сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ дар солҳои 2001-2005», «Барномаи рушди заргарӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ барои солҳои 2009-2015» ва «Барномаи давлатии рушди соҳаи саноати истихроҷу коркарди тилло ва нуқра барои солҳои 2012-2016» амалӣ гардиданд.
Мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 1999, Идораи маъдани Олтин — Топкан, шаҳраки Олтин-Топкан ва иншооти дигар аз тарози ҶСК «Комбинати маъдантозакунии Олмалиқ» ба моликияти хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Кони маъдани Олтин — Топкан дар як сол зиёда аз 1,5 млн. тонна маъдани сурбу руҳ, ки дар таркибаш элементҳои ҳамсафар, аз қабили нуқра дорад, истихроҷ менамуд, вале он пурра дар Комбинати кӯҳии металлургии Олмалики Ӯзбекистон коркард мешуд. Моҳи июни соли 2007 дар заминаи Идораи маъдани Олтин — Топкан Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати кӯҳӣ — саноатии Тоҷикистону Хитой» расман ба фаъолият шурӯъ намуд.
Моҳи апрели соли 2014 бо иштироки Роҳбари давлат гузоштани хишти аввали корхонаи металлургӣ бо иқтидори 50,0 ҳазор тонна сурб ва 50,0 ҳазор тонна руҳ дар як сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуд. Ҳаҷми сармоя барои сохтмони коргоҳи металлургӣ на кам аз 172,5 млн. доллари ИМА — ро ташкил мекунад. Иловатан бо мақсади амалӣ намудани созишномаҳо оид ба муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой аз 15 январи соли 2007 ва байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ аз 16 сентябри соли 1996, ҳангоми ташрифи расмии Роҳбари аввали Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Си Тзинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ оид ба лоиҳаи «Минтақаи саноатии Тоҷикистон ва Хитой» байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти масъулияти маҳдуди «Ширкати байналмилалӣ Тачен оид ба захираҳои СУАР»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой» ба имзо расонида шуд.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати «Kruso Resources Limited» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пакруд» оид ба истихроҷи кони «Пакруд»-ро ба тасвиб расонд. 4 июни соли 2016 фаъолияти расмии марҳилаи якуми фабрикаи бойгардонии ҶДММ «Пакруд», воқеъ дар шаҳри Ваҳдат бо иқтидори коркарди 660 ҳазор тонна маъдан дар як сол бо иштироки Сарвари давлат ифтитоҳ ёфт, ки фаъолияти пурсамар дошта, дар он зиёда аз 730 нафар ба шуғл фаро гирифта шуда, музди миёнаи меҳнати онҳо 7470 сомониро ташкил медиҳад.
То соли 1992 дар корхонаҳои соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо тақрибан 3000 нафар фаъолият мекарданд. Айни замон, баъди таъсиси корхонаҳои нав ва зиёд намудани ҷойҳои кории нав шумораи коргарон ба 10286 нафар расидааст. Дар оянда низ барои коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ аз тарафи корхонаҳои коркарди маъдан ҷиҳати амалисозии «Барномаи рушди металлургияи ранга ва сиёҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» ва «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» чораҳои амалӣ андешида мешаванд.
Саноати масолеҳи сохтмонӣ яке аз соҳаҳои муҳими саноати кишвар ба шумор рафта, дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳми назаррас мегузорад. То соли 1991 дар саноати масолеҳи сохтмонии ҷумҳурӣ 30 корхонаи саноатӣ ва ташкилоти хизматрасонии соҳа арзи вуҷуд дошт, ки дар онҳо зиёда аз 3000 нафар фаъолият мекард. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ шумораи корхона ва коргоҳҳои соҳа мунтазам афзоиш ёфта истодаанд. Агар соли 2013 дар саноати масолеҳи сохтмонии ҷумҳурӣ 260 коргоҳу корхонаи саноатӣ арзи вуҷуд дошта бошад, пас соли 2019 миқдори онҳо ба 517 корхонаю коргоҳ расид. Шумораи коргарони корхонаҳои соҳа 10364 нафарро ташкил медиҳад, ки назар ба соли 2013 — ум 3743 нафар зиёд мебошад.
Зимни сафари Роҳбари давлат ба ноҳияи Ёвон 12 ноябри соли 2014 хишти аввали корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори солонаи 1,2 миллион тонна, гаҷкартон бо иқтидори 1 миллион метри мураббаъ, халтаҳои коғазӣ бо иқтидори 80 миллион дона дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чунгтсай моҳир семент» ва истеҳсоли гаҷ бо иқтидори 150 ҳазор тонна, варақаи гаҷӣ бо иқтидори 2,5 миллион дона дар ширкати «Ху Чан Ғаюр индустриал» гузошта шуд. Мақсад аз бунёди корхонаҳои сементбарорӣ пурра таъмин намудани бозори дохилӣ бо сементи ватанӣ ва ба хориҷи кишвар содир намудани он мебошад. Ҳар сол ба ҷумҳурӣ зиёда аз 1,0 миллион тонна семент ворид мегардид. Ба фаъолият оғоз кардани корхонаҳои нави сементбарорӣ имкони содиротии онро фароҳам оварданд. Содироти семент охирҳои соли 2015 оғоз гардида, соли 2019 ба 1,5 миллион тонна расид. Семент ба ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон ба фурӯш бароварда мешавад.
Корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмонӣ соли 2019 ба маблағи 2,7 миллиард сомонӣ масолеҳ истеҳсол карданд. Ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ 10,0 фоизро ташкил дод. Истеҳсоли семент ба 4,2 миллион тонна, хишт 159,1 миллион дона, газоблок 36,9 ҳазор метри мукааб, масолеҳи ғайримаъданӣ 1,5 миллион метри мукааб, гаҷкартон 1,4 миллион дона ва шифер 1,3 миллион дона баробар гардид.
Дар маҷмӯъ, соли 2019 — ум 25 корхона ва коргоҳи соҳа ба фаъолият оғоз намуда, ба маблағи 82,2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Дар онҳо 661 ҷойи кори нав бунёд гардид. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа аз 472,5 млн. сомонии соли 2013 ба 2,7 миллиард сомонӣ дар соли 2019 расид.
Корхонаҳои саноати хӯрокворӣ соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба 6 миллиарду 768,9 миллион сомонӣ расониданд, ки суръати афзоиш нисбат ба соли 2019 -ум 128,1 фоиз ва ё ба маблағи 1 миллиарду 483,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Соли 2020 бо ҷалби сармояи соҳибкорони ватанию хориҷӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар, таъмини устувор ва кафолатнокии аҳолии мамлакат бо маҳсулоти ғизоии дорои сифати хуб бо дарназардошти васеъгардонии истеҳсолот 62 корхона ва коргоҳи истеҳсолӣ бо таъсиси 1480 ҷойи кори нав сохта, ба истифода дода шуд.
Густариши ҳамкориҳо бо ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонии кишварҳои Аврупо ва Осиё, ба монанди ширкатҳои «ХАСКИ»-и Ҷумҳурии Люксембург, «СИДЕЛ»-и Ҷумҳурии Италия, «ТРАН»-и Ҷумҳурии Фаронса, «Франсуа»-и Шоҳигарии Белгия, «АСКО»-и Конфедератсияи Швейтсария ва ширкати «НАНТЕН»-и Ҷумҳурии Финландия дар самти воридоти хатҳои технологии муосир ва ҷорӣ намудани онҳо дар корхонаҳои ватанӣ ба рушди саноати хӯрокворӣ, аз ҷумла таъсиси брендҳои ватанӣ, такон бахшид. Ин, пеш аз ҳама, дар мисоли баланд шудани сифати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бандубасти маҳсулоти хӯрока, таъсиси брендҳои ватанӣ, ба монанди «Оби Зулол», «Амирӣ», «Файзи Расул», «Шоҳона», «Сиёма», «Арзанда» ва дар корхонаҳои ватанӣ ба роҳ мондани истеҳсоли брендҳои шинохтаи ҷаҳонии «Кока-Кола», «Пепси», «Фанта», «Миринда», «Бонаква», «Буона» ва монанди инҳо ба назар мерасад.
Мувофиқи маълумоти геологӣ, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 36 кон ва зуҳуроти ангишт ошкор шудааст, ки захираҳои умумии онҳо зиёда аз 4.3 млрд. тонна ҳисобӣ шуда, аз он 331,4 млн. тонна захираҳои тасдиқшудаи саноатӣ ва барои истихроҷу коркард омода мебошанд. Замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷумҳурӣ ҳар сол ба миқдори 600-700 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шуда, талаботи солонаи он дар бозори дохилӣ 1,5 млн. тоннаро ташкил медод. Соли 2020 истеҳсоли он ба 2 миллиону 29 ҳазор тонна расонда шуд. Дар 10 соли охир 101 корхонаҳои масолеҳи сохтмон, 27 корхонаи коркарди металл, 27 корхонаи консервабарорӣ, 7 корхонаи саноати сабук, 2 корхонаи маъданҳои кӯҳӣ, дар маҷмӯъ зиёда аз 200 корхона ба истифодаи ангишт гузаронида шуданд. Инчунин, Корхонаи воҳиди давлатии «Алюминийи Тоҷик» ва дегхонаҳои ғарбию шарқии шаҳри Душанбе ба истеҳсоли гази синтезӣ аз ангишт шурӯъ карданд. Айни замон яке аз иншооти бузурги энергетикӣ — Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе — 2» бо истифода аз ангишти кони Фон — Яғноб фаъолият намуда истодааст.
Тоҷикистон бо такя ба барномаи миллии «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030» азм дорад, ки аз кишвари аграрию саноатӣ ба саноатию аграрӣ табдил ёфта, сохтори содиротро аз содироти ашёи хом бештар ба содироти молу маҳсулоти тайёр иваз намояд.
Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳсор, ҳам дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳам дар солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, аз сабаби надоштани роҳ ба се қисмат ҷудо шуда буд ва ҳар сол қариб шаш моҳ аз як минтақа ба минтақаи дигари ҷумҳурӣ гардиши молу маҳсулот ва рафтуомади одамон имкон надошт. Бо мақсади бартараф намудани мушкилот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромадан аз бунбасти коммуникатсиониро ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуд. Дар ин замина, Ҳукумати мамлакат ба масъалаи сохтмони роҳҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, аз соли 2000-ум стратегияи рушди комплекси нақлиётиро ба роҳ монд. Дар асоси он барои пурра раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон шоҳроҳҳо, нақбҳо, роҳҳои оҳан ва пулҳо сохта шуда, то ба ҳол лоиҳаҳои зиёди сармоягузорӣ амалӣ шуда истодаанд.
Парламенти мамлакат бо дастгирӣ аз сиёсати роҳандозинамудаи Пешвои миллат дар самти амалишавии ин ҳадафи стратегӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», Кодекси фазои ҳавоӣ, Кодекси нақлиёти автомобилиро қабул намуд. Бо мақсади таъмини рушди соҳаи нақлиёт Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор созишнома ва конвенсияҳои байналмилалӣ ҳамроҳ гардидааст. Аз ҷумла, 50 санади байналмилалии амалкунанда, ки аз он 22 созишномаи баимзорасида бо 13 давлат, 28 созишномаи бисёрҷониба ва конвенсияҳои байналмилалӣ мебошад.
Заминаи ҳуқуқии татбиқ ва амалишавии лоиҳаҳои мазкурро созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо ташкилотҳои қарзии хориҷӣ ва байналмилалӣ, аз қабили Созишномаи интиқоли байналмилалии автомобилии мусофирон ва бағоҷ, Созишномаи кредитӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК барои рушди байналмилалӣ оид ба лоиҳаи барқарорсозии роҳҳо, Созишномаи кредитӣ (Амалиётҳои махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд оид ба лоиҳаи барқарорсозии роҳҳо, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, Созишномаҳои қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд, Фонди кувайтии рушди иқтисоди Араб, Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ, Фонди саудии рушд ва Фонди абудабии рушд оид ба лоиҳаи «Сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб — Қалъаи Хумб», Созишномаи қарзи имтиёзноки ҳукуматӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба лоиҳаи «Сохтмони хатти роҳи оҳани Душанбе — Қӯрғонтеппа, қитъаи Ваҳдат — Ёвон», Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – сарҳади Ӯзбекистон, Созишнома байни Вазорати наклиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди тоҷикистонии Оғохон дар бораи ҳамкорӣ оид ба сохтмони пул аз болои дарёи Панҷ дар мавзеи Кокул бо роҳҳои автомобилгарди ба пул баранда (ноҳияи Фархори вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Ойхонум (вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон) бо маблағгузории Комиссияи Аврупо тавассути Бонки рушди Олмон ва Барномаи ҳамгироии минтақавии Покистон, Афғонистон, Тоҷикистон, Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд вобаста ба лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Обигарм — Нуробод» ва ғайраҳо ташкил медиҳанд, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд.
Тайи 30 соли Истиқлолияти давлатӣ дар соҳаи нақлиёт ба маблағи зиёда аз 20,3 миллиард сомонӣ 53 лоиҳаи гуногуни сармоягузории давлатӣ, аз ҷумла сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан, бунёди иншооти онҳо ва лоиҳаҳои таҳкимбахшии иқтидорҳои техникии соҳа амалӣ гардида, дар доираи онҳо сохтмон, таҷдид ва таъмири 2200 км роҳ, 237 адад пул, 2 адад чорроҳаи сесатҳа ва 2 адад дусатҳа, 5 адад нақби мошингузар, 3,4 км долонҳои зиддитармавӣ, инчунин 219 км роҳи оҳан бо 5 адад пул ва 3 адад нақб бунёду таҷдид гардиданд.
Ҳоло бо роҳнамоии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи нақлиёт 15 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 8 миллиард сомонӣ мавриди татбиқ қарор доранд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ соли 1999 роҳи оҳани «Қӯрғонтеппа — Кӯлоб» ба истифода дода шуд. Дарозии умумии он 132 километр буда, дар ин масир 5 пули калон ва 7 истгоҳу вокзал сохта шудааст. Ба муносибати ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии кишвар қитъаи Ваҳдат — Ёвони роҳи оҳани Душанбе — Бохтар — Кӯлоб бо дарозии умумии 40,7 км (3 нақб бо дарозии 3643 метр, 8 пул бо дарозии 683,2 метр) сохта, ба истифода дода шуд. Дар умум, 218,95 км хати роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шудааст.
30 декабри соли 2019 «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба сохтмони роҳи оҳани Ҷалолуддини Балхӣ (Колхозобод) — Ҷайҳун — Панҷи Поён (Тоҷикистон) — Шерхон Бандар (Афғонистон)» ба имзо расид, ки оғоз гардидани сохтмон ва амалӣ намудани он ба якҷонибагии самти хати роҳи оҳан хотима бахшида, баромадан ба мамлакатҳои Осиёи Ҷанубиро таъмин менамояд.
Айни замон, дар самти нақлиёт 13 созишномаи дуҷониба дар сатҳи баррасӣ, мувофиқа ва баимзорасонӣ қарор доранд ва масъалаи густариши равобити нақлиётӣ минбаъд низ таҳким бахшида мешавад. Илова ба ин, соли 2021 оғози татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории Рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ — РАОМ-4 ва Таҷдиди роҳи автомобилгарди Бохтар — Данғара — Кӯлоб пешбинӣ гардидааст.
Такмили қонунгузорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат ва нақлиёт дар давраи соҳибистиқлолӣ имконият дод, ки низоми устувори институтсионалии рушди соҳаҳо таъмин шавад ва он ба ҷалби сармояи беруна бо афзалиятҳои миллӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ мусоидат намояд. Таҳия ва татбиқи барномаҳо, консепсияҳо ва стратегияҳо имконият дод, ки солҳои охир соҳаҳои энергетика, саноат ва нақлиёт ба таври устувор рушд намоянд. Бо итминон метавон гуфт, ки мамлакат ояндаи наздик ба яке аз давлатҳои пешрафтаи саноатӣ, содироткунандаи «неруи сабз» ва аз ҷиҳати нақлиётӣ ба долони транзитӣ ва васлгари кишварҳои минтақа табдил меёбад.
Амонулло ХАЙРУЛЛО,
раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия