Тағйирёбии таркиби замин ва таъсири он ба рушди устувори кишоварзӣ
Ин андеша, пеш аз ҳама, аз он сар зад, ки 15-20 сол пеш, вақте ба ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархор рафтуомад доштем, медидем, ки дар заминҳои канори роҳ қади ниҳолҳои пахта аз ду ваҷаб баланд нестанд, ҳатто дар баъзе қитъаҳо аз ин ҳам пасттаранд.
Ин мушкилот, яъне, аз рушд мондани соҳаи кишоварзӣ, махсусан пахтакорӣ, таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба худ ҷалб кард. Аз ин рӯ, 15 апрели соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои дахлдорро вазифадор намуда, чунин таъкид карда буданд: «Дар айни ҳол дар мамлакат 57 ҳазор гектар замин аз истифода берун мондааст». Сарвари давлат яке аз сабабҳои паст будани нишондиҳандаҳо ва рушди бахши асосии кишоварзӣ — пахтакориро дар бад шудани ҳолати мелиоративии заминҳои баъзе минтақаҳо донистанд.
Нигоҳубин ва серҳосил кардани замин вазифаи муҳими кормандони соҳаи кишоварзӣ буда, истифодаи мақсадноки он нишони фарҳанги заминдорист. Ин нуктаро Президенти кишвар дар Паёмашон аз 20 апрели соли 2012 низ зикр карда, иброз доштанд: «Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аз он вобастагӣ дорад, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо ва азхудкунии заминҳои нав мебошад».
Дар Паёмии навбатиашон (28 декабри соли 2023) Сарвари давлат ба ҳамаи кишоварзони кишвар миннатдорӣ баён намуда, чунин изҳор намуданд: «Фаромӯш набояд кард, ки дар се даҳсолаи гузашта аҳолии Тоҷикистон аз 5 миллион ба 10 миллион расид, яъне талабот ба маҳсулоти ғизоӣ ду баробар афзоиш ёфт». Воқеан, таъминот ба маҳсулоти асосии озуқавории истеҳсоли ватанӣ дар он вақт даст медиҳад, ки ҳолати мелиоративии ҳазорҳо гектар заминро беҳтар гардонида, заминҳои аз гардиши кишоварзӣ бозмондаро ба гардиш даровард.
Зери мафҳуми зарфияти мелиоратсия беҳдошти заминҳои таъиноти кишоварзӣ фаҳмида мешавад. Бинобар ин, маҳз беҳдошти замин дар меҳвари «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» меистад. Тараққиёте, ки талаботи имрӯзаи аҳолиро пурра қонеъ гардонда, барои талаботи наслҳои оянда заминаи мувофиқ муҳайё месозад, аз ҳолати қитъаҳои киштшаванда вобаста аст. Мо бояд сокинони кишварро бо ғизои хушсифати аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин намоем. Аз ин лиҳоз, рушди ин соҳа ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат буда, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 иброз доштанд: «Дар давраи соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла бунёду азнавсозии инфрасохтори обрасонӣ, азхудкунии заминҳои нав, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, таъминоти соҳаи кишоварзӣ бо техникаи зарурӣ, тухмиҳои аълосифат ва дастрасии субъектҳои хоҷагидор ба маблағгузорӣ, 22 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми беш аз 5,4 миллиард сомонӣ татбиқ шудааст. Ҳоло дар кишвар боз 7 лоиҳаи дигар ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст».
Воқеан, мелиоратсия ин тадбирест муҳим барои наҷот додани замин аз шӯршавӣ ва эрозия, обёрии илмӣ неруи ҳаётбахши заминро эҳё мекунад ва омили муҳимтарини серҳосилӣ буда, аз маҷмӯи тадбирандешиҳо иборат аст, ки боис мегардад, то замин таркиби аслии худро гум накунад ва аз як шакл ба шакли дигар нагузарад. Ба таври дигар гӯем, мелиоратсия омили «тандурустӣ»-и замин аст. Ҳосилнокӣ ва маҳсулнокӣ, тағйир ёфтани ҳолатҳои табиӣ ё беҳтарсозии шаклу таркиби замин аз мелиоратсия вобаста мебошад. Аз ин рӯ, тамоми тадбирҳоро андешидан лозим, то ки ҳосилнокии замин ҳифз гардад.
Дар ҷумҳурӣ захираи замини киштбоб маҳдуд аст, аз ин сабаб мо бояд заминҳои шӯр, ботлоқзор, беобро ба гардиши кишоварзӣ ворид созем. Бо ин роҳ метавонем, ки тақсимоти заминро ба ҳар нафари аҳолӣ зиёд кунем. Имрӯз ба як нафар 0,12 га замин мерасад ва дар як гектар замини обӣ вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ аз 4 то 8 нафар деҳотӣ ба ҷои кор таъмин мебошад. Дар сурати зиёд шудани теъдоди заминҳои обӣ ва тағйирдиҳии таркиби замин ин рақамҳо метавонанд афзоиш ёбанд. Ҳоло ин нишондиҳанда қаноатбахш нест. Сабаб, аз як тараф, афзоиши бемайлони шумораи аҳолӣ бошад, аз ҳисоби дигар, беэътиборӣ нисбат ба беҳдошти замин аст. Дар заминҳои обӣ манзили истиқоматӣ низ месозанд, ки ин боиси кам шудани заминҳои корам мегардад.
Таъмини амнияти озуқаворӣ, ки он яке аз ҳадафҳои муҳими Ҳукумати ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад, бештар аз сатҳи соҳаи кишоварзӣ ва соҳаи кишоварзӣ аз ҳолати мелиоративии замин вобастагӣ доранд. Бояд гуфт, ки мелиоратсия яке аз масъалаҳои асосии сиёсати аграрии Ҳукумати Тоҷикистон мебошад, ки дар пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ нақши бориз бозида, амалисозии он тақозои замони муосир ва фардост.
Амалигардии ҳадафҳои сиёсати аграрии кишвар аз бисёр ҷиҳат имкон медиҳад, ки замин ҳамчун тавлидкунандаи неъматҳои моддӣ ба коҳиш додани маводи воридотӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат мусоидат намояд. Мувофиқи маълумоти омори аграрии умумиҷаҳонӣ зиёда аз 20 давлати дунё дар таъмини озуқаворӣ ба аҳолӣ сахт танқисӣ мекашанд, чунки захираҳои табиӣ ва имкониятҳои мавҷударо оқилона истифода намебаранд, дар ҳоле ки потенсиали аграрии чунин давлатҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, хеле фарох буда, он имкон медиҳад таъмини амнияти озуқаворӣ ва иҷрои барномаи рушди устувори соҳаи кишоварзӣ амалӣ гардад. Дар дунё 36 миллион гектар замин аз сабаби истифодаи нодурусти агротехникӣ аз ҳосилдиҳӣ мондааст ва ин ҳолат бояд ягон кишвари аграрӣ ё саноатӣ — аграриро бетаваҷҷуҳ намонад. Ҳоло дар мамлакати мо низ, бинобар истифодаи нодурусти обмонӣ ва дигар ҳолатҳои табиӣ, шӯршавӣ аллакай ба 20 дарсади заминҳои корам таҳдид менамояд.
Баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба технологияи муосири истеҳсолӣ ва маҳсули зеҳнии мутахассисони соҳа алоқаманд аст. Ин нукта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 ба таври мушаххас чунин шарҳ ёфтааст: «Роҳбарону мутахассисони Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ҷиҳати зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва таҷдиду барқарорсозии иншооти обёрӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорон ҷиҳати таъсис додани корхонаҳои истеҳсоли нуриҳои минералӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд».
Бояд зикр кард, ки номусоидии боду ҳаво ва таъсири табиат заминро аз неруи ҳаётбахшӣ маҳрум месозад. Ин ҳолати табиӣ аст, вале қудрати инсонӣ қодир аст онро барқарор намояд ва ин ғайриимкон нест, аммо фаврӣ аст, на тӯлонӣ. Дар ин сарзамини файзрезу ганҷхез мо ҳуқуқ надорем ва бояд имкон надиҳем, ки бо сабабе як ваҷаб замин аз гардиши кишоварзӣ берун монад. Ғараз аз ин гуфтаҳо, тадбирандешӣ ва роҳандозӣ ҷиҳати пешгирӣ намудани таъсири табиат ва дигар омилҳо ба ҳолати замин мебошад, ки инсон қодир аст дар ин давраи болоравии технологияи инноватсионӣ оқибатҳои номатлуби номусоидии иқлимро дар ҳар вазъият бартараф созад ва пеши роҳи шӯру ботлоқшавии заминро гирад.
Ин аст, ҳадаф аз рушди устувор, ки ҳоло меҳвари асосии тараққиёт дар дилхоҳ соҳа мебошад. Ҳар як дастоварде, ки дар соҳаи кишоварзӣ ба каф меояд ва он боиси фаровонии бозори истеъмолӣ мегардад, ба соҳаи муҳимтарини хоҷагии халқ — кишоварзӣ рабт дорад, ки он зиндагии шоистаи мардумро таъмин менамояд.
Солҳои охир таъсири манфии тағйирёбии иқлим вазъи мелиоратсияро печидатар мегардонад. Дар 60 соли охир дар Тоҷикистон ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво як дараҷа баланд шудааст, ки он вазифаҳои нав ва мураккабро пеш меорад. Имрӯз замин ба наҷотбахшу заминбон ниёз дорад. Иншооти мелиоративии мавҷуда дар мувозинати хоҷагиҳои деҳқонӣ монданд ва шабакаҳои ирригатсионӣ фарсуда шуданд. Соҳибкорон онро уҳда карда натавонистанд.
Мақсади ҳама гуна барнома, аз ҷумла «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ, бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолии деҳот ва дар ин замина беҳтар гардондани сатҳи зиндагии шоистаи шаҳрвандони мамлакат мебошад, аммо имрӯз замин ба беҳдошӣ зарурат дорад, тағйирёбӣ ва эрозияи таркиби замин идома дорад, вале ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани қитъаҳо ба оҳистагӣ сурат мегирад.
Аз рӯи маълумоти кадастри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2017 масоҳати заминҳои обӣ 757842 гектарро ташкил дода, заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ба 8823 га баробар аст.
Аз маълумоти Агентии беҳдошти замин ва обёриии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки солҳои 2019-2022 ва даҳ моҳи соли 2023 ҳолати мелиоративии 46718 га замин беҳтар шудааст, ки ба беҳтаргардии соҳаи кишоварзӣ мусоидат менамояд.
Бахши мелиоратсия барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти озуқаворӣ нақши асосӣ мебозад, вале ин бахш айни замон ба як қатор мушкилот: фарсуда шудани инфрасохтори мавҷуда, зиёд гардидани майдони заминҳои ҳолати мелиоративиашон ғайриқаноатбахш, аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳои корам, эрозияи заминҳои обӣ, кам будани мутахассисони соҳавӣ, нарасидани маблағҳо барои хариди таҷҳизот рӯ ба рӯ гардид.
Роҳандозии мусоиди мелиоратсия ва дар амал татбиқ намудани он барои зиндагии на танҳо 46 дарсади аҳолӣ, ки ба кишоварзӣ машғуланд, балки барои миллионҳо нафар сокинони кишвар зиндагии шоиста фароҳам меорад ва дар ин замина, яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ таъмин хоҳад гашт. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бо талошҳои худ қадам ба масъулият гузорад ва ин масъулиятро ба амалҳое табдил диҳад, ки дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт иҷро гарданд ва олимону мутахассисонро водор созад, ки дар ҳалли ин мушкилот тадбирандешӣ намуда, аз авҷгирии тағйирёбии таркиби замин ҷилавгирӣ карда шавад.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»