Урметан — яке аз ҷамоатҳои калонтарини ноҳияи Айнӣ 19100 нафар аҳолӣ дорад ва аз маркази ноҳия 45 км, аз зеристгоҳи «Кошона»-и шаҳри Панҷакент 25 км дур мебошад. Сокинонаш ба боғдорӣ, зироатчигӣ, картошкапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва чорводорӣ машғуланд.
Тавре маълум аст, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар қатори дигар дастовардҳо дар соҳаи коммуникатсия ва электрикунонии ҷумҳурӣ ба муваффақиятҳои бузург ноил гардидем. Ҳамчунин, дар шаҳру ноҳияҳо ва деҳот биноҳои нави баландошёна, корхонаҳо бунёд гардиданд, ки ба боло рафтани сатҳи некуаҳволии мардум мусоидат карданд. Дар деҳаҳои Урметан, Мадм, Вешканд, Вашан, Ревад, Вота, Ёвон ва шаҳраки Ревади ноҳияи Айнӣ низ биноҳои 2-3- ошёнаи ба талаботи меъморию шаҳрдорӣ ҷавобгӯ бунёд ёфтанд. Дар ин замина, талаботи аҳолӣ ба неруи барқ рӯз то рӯз меафзояд. Самараи истиқлолият буд, ки имрӯз ҳар як хонадон дорои 2-3 телевизор, видео ва ғайра мебошад, ки ба неруи барқи на кам аз 3 квт талабот доранд. Соҳибкорӣ низ дар деҳаи Урметан ривоҷ ёфта истодааст ва теъдоди ошхонаю мағоза, қассобхонаю сартарошхона, дорухона ва корхонаҳои истеҳсолӣ дар ҳоли афзоиш аст.
Солҳои шӯравӣ талаботи аҳолии деҳоти «Урметан» ва деҳаҳои Куму Хайрободи деҳоти «Дардар» тавассути хати барқи «Ӯзбекистон» таъмин карда мешуд.
Соли 1980 бо мақсади беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 60 га замини Урметану Лангар ва обёрӣ кардани 18 га замини бекорхобидаи Урметан аз тарафи меъморони СПМК-14-и шаҳри Панҷакент дар дашти Устообид пойгоҳи обкашӣ сохта, бо пайваст намудан ба хати барқи «Ӯзбекистон» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Вале, муҳаррикҳои пойгоҳи обкашӣ зуд-зуд корношоям мегардиданд ва кори мунтазами он таъмин набуд. Сардори бригадаи ҳамонвақтаи таъмири хатҳои барқӣ марҳум Аслам Миров мегуфт, ки «яке аз омилҳои асосии мунтазам кор кардани пойгоҳи обкашӣ кашидани хати барқ аз зеристгоҳи «Кошона» то насоси дашти Устообид мебошад».
Соли 1985 аз зеристгоҳи барқии шаҳри Панҷакент ба масофаи 25 км хатти барқ кашида, насоси обкашӣ иваз карда шуд ва он мунтазам кор мекард. Вале, талаботи рӯзафзуни аҳолиро ба назар гирифта, собиқ раиси хоҷагии «Ӯзбекистон» марҳум И. Қурбонов бо собиқ роҳбарони Шабакаи барқи шаҳри Панҷакент хати барқи деҳаи Урметан ва якчанд деҳаи шаҳри Панҷакентро ба хати барқи насоси дашти Устообид пайваст намуданд. Дар натиҷа, мушкилоти пештара аз нав пайдо шуданд.
Сардори Идораи беҳдошти замин ва обёрикунии ноҳияи Айнӣ Додобой Шаҳобов мегӯяд, ки омили асосии кор накардани пойгоҳи обкашӣ паст шудани шиддатнокии барқ дар он аст. Собиқ раиси ноҳияи Айнӣ Мавҷуда Бобоева ва раиси ҳозира Неъматулло Раҳматуллозода талаботи аҳолиро ба инобат гирифта, оид ба бунёди зеристгоҳи барқӣ барои сокинони деҳоти «Урметан» борҳо ба Ширкати «Барқи Тоҷик» муроҷиат карда бошанд ҳам, натиҷаи дилхоҳ надод. Лозим ба ёдоварист, ки раиси Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент Н. Ҳикматуллоев бо мақсади таъмини барқи хушсифат ба аҳолӣ ба идораи ООО «Энергосет проект» барои тартиб додани харҷнома оид ба бунёди зеристгоҳи барқӣ дар деҳоти «Урметан» 85 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд. Ҳамин тариқа, дар мавзеи дашти Устообид 0,50 гектар замин барои бунёди зеристгоҳи барқӣ ҷудо карда, аз ҳисоби сокинон 10 фоизи корҳои сохтмонӣ ба таври ҳашар анҷом дода, атрофи зеристгоҳи барқӣ девор гирифта шуд.
Соли 2008 дар шумораи 34-уми ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мақолаи банда бо сарлавҳаи «Боз барқ, боз трансформатор» нашр шуд, ки дар он собиқ раиси Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент Юсуф Мукамилов иброз намуд: «Талаботи рӯзафзуни аҳолии деҳоти «Урметан» ва деҳаҳои Хайрободу Куми деҳоти «Дардар»-ро ба инобат гирифта, трансформатори 6300 кВт-аи зеристгоҳи «Кошона»-ро ба трансформатори 16000 кВт-аи зеристгоҳи «Зарафшон» иваз намудааст». Ин тадбир барои дар деҳоти «Урметан» сохтани зеристгоҳи барқӣ заминаи хуб фароҳам меовард. Айни ҳол сокинони Урметан ва деҳаҳои Хайрободу Кум шикоят доранд, ки шиддатнокии хати барқи Ӯзбекистон (ҳозира Дашти Қозӣ ба дарозии 47 км) ва хати барқи дашти Устообид (ҳозира Ревад- 74 км) талаботашонро қонеъ карда наметавонад, алалхусус, дар фасли зимистон.
Ногуфта намонад, ки Ширкати «Барқи Тоҷик» шикояти сокинони деҳоти номбурдаро ба инобат гирифта, аз тавозуни Шабакаҳои барқи шаҳри Истаравшан трансформатори 6300 кВт-аро бо мақсади бунёди зеристгоҳи барқӣ ба мувозинаи Шабакаи барқи шаҳри Панҷакент гузаронид.
Агар имкон мебуд, ки асбобҳои боқимондаи ҷиҳати бунёди зеристгоҳи барқӣ зарурро аз захираҳои ШСХК «Барқи Тоҷик» ҷудо мекарданд, барои иҷрои корҳои сохтмонӣ маблағи зиёд лозим намешуд.
Сарвари давлат дар баромадҳояшон ҳамеша масъалаи мақсаднок истифода бурдани заминҳо ва рушди соҳаи картошкапарварӣ, зиёд кардани боғҳои интенсивӣ ва аз як замин гирифтани ду-се ҳосилро таъкид мекунанд. Чунин мақоле низ мавҷуд аст: «Ҳар ҷо об бошад, ободонӣ мешавад». Худ қазоват кунед, магар бе оби полезӣ амру фармонҳои Роҳбари давлат ҷомаи амал пӯшида метавонанд? Вакили Маҷлиси намояндагон Олим Салимзода ба ШСХК «Барқи Тоҷик», Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи шифоҳӣ оид ба ин масъала муроҷиат намуда, ҷавоби қаноатбахш гирифта натавонист. Вале, сокинони деҳоти «Урметан» ва деҳаҳои Куму Хайрободи деҳоти «Дардар» умед доранд, ки масъулини ниҳодҳои номбурда арзи онҳоро ба инобат гирифта, ба додашон мерасанд.
Мирзо ҚУЛОВ, рӯзноманигор