Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» мақолаи рӯзноманигор Мирзо Қулов бо унвони «Зеристгоҳи барқӣ зарур аст»-ро, ки дар рӯзномаи «Садои мардум», 148 (3942) аз 11 декабри соли 2018 ба табъ расидааст, мавриди баррасӣ қарор дода, чунин иттилоъ медиҳад:
Дарвоқеъ имрӯз муштариёни деҳоти «Урметан»-и ноҳияи Айнӣ тавассути хати интиқоли барқи 10кВ «Дашти Қозӣ» аз зеристгоҳи барқии 110/10кВ «Зарафшон» бо неруи барқ таъмин гардида истодаанд, ки масофаи умумии он якҷоя бо шохаҳо 46,78 км-ро ташкил медиҳад.
Ёдовар бояд шуд, ки талаботи рӯзафзуни ин минтақаро ба инобат гирифта, соли 2008-ум трансформатори зеристгоҳи барқии 110/10 кВ «Зарафшон» аз 6300 кВА ба 16000 кВА иваз карда шуд ва ин тадбир то ҷое ин мушкилотро ҳал кард.
Солҳои пеш, яъне то давраи мавриди истифода қарор гирифтани хати интиқоли барқи 220 кВ «Айнӣ — Рӯдакӣ», деҳоти «Урметан» тавассути хати барқии 110 кВ «Айнӣ – Панҷакент» бо неруи барқ таъмин мегардид ва якзанҷира будани ин хати барқӣ, алалхусус, дар давраи тирамоҳу зимистон боиси нороҳатии муштариёни тамоми шабакаҳои барқии Панҷакент мешуд.
Хушбахтона, пас аз мавриди истифода қарор гирифтани хати интиқоли барқи 220кВ «Айнӣ – Рӯдакӣ» ва таҷдиди зеристгоҳи барқии 220кВ «Рӯдакӣ» таъминоти барқ ба муштариёни шаҳру деҳоти Панҷакент ва қисмате аз деҳоти ноҳияи Айнӣ беҳтар гардид. Зеро, агар шиддат дар зеристгоҳи барқии 110/10кВ «Зарафшон» то давраи истифодаи хати интиқоли барқи 220кВ «Айнӣ – Рӯдакӣ» 9,8 кВ-ро ташкил медод, имрӯз он то ба 11,2-11,3 кВ расидааст.
Боиси хушист, ки тадбирҳои бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешида ба камбудиҳои техникии ҷойдошта нуқта гузоштанд.
Дар мавриди истифодаи пойгоҳи обкашии Урметан бояд гуфт, ки соли гузашта гурӯҳи корӣ аз ин мавзеъ дидан намуда, муайян кард, ки ҳолати бади таҷҳизоти истифодашаванда боиси фаъолият накардани ин пойгоҳи обкашӣ гардидааст.
Дар маҷмӯъ, истифодаи хати интиқоли барқи 220 кВ «Айнӣ — Рӯдакӣ» ва таҷдиди зеристгоҳи барқии 220 кВ «Рӯдакӣ» боис шуд, ки сатҳу сифати таъминоти барқ ба аҳолии деҳоти «Урметан» ва «Дар — Дар»-и ноҳияи Айнӣ ба талаботи мавҷуда ҷавобгӯй бошад.
Ғ. Убайдуллозода, муовини раиси ШСХК «Барқи Тоҷик»