Зи ҷӯе, ки хӯрдӣ …

№150 (4570) 05.12.2022

Чаро дар гузашта рӯдҳо дидбон доштанд?

rechka-tadjikistanДар канори рӯд ё чашмае нишастан чӣ кайфият дорад. Об ҷорӣ шуда, садои резиши он ба тану ҷон ҳаловат мебахшид. Ин манзараҳои зебо касро сеҳру афсун мекунад. Инро ман кайҳо эҳсос карда будам ва ахиран дар лаби рӯди пуртуғёни Варзоб мешинам. Он шасту бозии пештараашро надошт.

Ҳангоми тамошои рӯд манзараҳои соҳил маро ғамгин кард. Маҳзунии ман аз он буд, ки канори дарё, таги дарахтони сояафкан ҳолатеро мемонд, ки аз фарҳанги суннатии мо дур буд. Дар канораҳои соҳил аз обнӯшаҳои холӣ то халтаҳои носу сигарет ифлосиҳо зиёд буданд. Аз гӯшае то ҳанӯз боқимондаи дуди гулхану хокистари пошхӯрдаи «сайёҳони шабгард» ба машом мерасид. Аз як сӯ нафароне бо шару шӯр мошинҳои боҳашамати «ғалатӣ» – и худро намоишкорона ба ҷои паҳноии рӯд дароварда, бепарвоёна шустушӯ доштанд. Оби мусаффои дарё ҳамоно аз равғану ихроҷиҳои дигари мошин пур мегашт. Рӯд дигар садои форам надошт, балки бо ҳазорон хашм сар ба сангҳо зада, мехост хасрӯбаҳоро ба соҳил барорад, аммо наметавонист. Гоҳо паст фиғон кашида, ифлосиҳоро ба коми худ фурӯ мебурд. Ин манзараҳои ҳузнангезро мушоҳида карда, дарк кардам, ки имрӯз ба қадри дарёву кӯлҳои мусаффо ва чашмаҳои зулол намерасем. Дар зеҳнам гузаштаи дури таърих ҷилва дод: — чаро рӯдхонаҳоро посбонӣ мекарданд:

Чу омад ба наздики Арвандрӯд,

Фиристод аз рӯдбонон дуруд.

Мо низ бояд рӯдҳоро муҳофизат кунем, ин на танҳо кори давлат ё як кумита, балки рисолати аҳли ҷомеа мебошад. Баҳри ин фаҳмондадиҳӣ лозим, зеро нарасидани оби ошомиданӣ кайҳо боз ҷаҳониёнро ба ташвиш овардааст. Мардумро зарур аст, ки обро гиромӣ доранд ва ба захираҳои фаровон – сарманшаи ҳамаи неъматҳо эҳтиром гузоранд.

Набояд фаромӯш кард, ки гузаштагони мо на танҳо рӯдҳоро посбонӣ мекарданд, балки нисбат ба об эҳтироми хоса доштанд.

Оби ноёфта гарон бошад,

Чун биёбанд, ройгон бошад.

А. Саноӣ

Дар ҷаҳони имрӯза масоили зиёди ба ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) рабтдошта, аз ҷумла тағйирёбии иқлим ва мушкилоти экологӣ зеҳни ҷаҳониёнро машғул кардааст. Проблемаи норасоии оби нӯшокӣ кори як касу ду кас нест ва он роҳи сарҷамъона буда, инсоният тӯли солҳои дароз дар ин самт ҷаҳду талош дорад.

Солҳои зиёд аз тағйирёбии иқлим ва таъсири офатҳои табиӣ нигаронӣ аз норасоии об боз ҳам афзудааст. Захираҳои обии пиряхҳо торафт кам шуда истодааст. Аз рӯи маълумоти коршиносон, имрӯз дар ҷаҳон тахминан 1,5 миллиард одамон имконияти истифода бурдан аз оби ошомиданиро надоранд. Беш аз 7 миллион одамон ҳар сол аз сабаби бемориҳое, ки вобаста ба об аст, ба ҳалокат мерасанд. Аз ин шумора 2,2 миллиони онҳоро кӯдакони то панҷсола ташкил медиҳанд. Ин пайомадро ба назар гирифта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол бо ташаббусҳои арзишманди хеш дар сатҳи ҷаҳонӣ дар бобати истифодаи оқилонаи захираҳои об барномаҳои мукаммалу мушаххасро пешниҳод месозанд. Маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2003-юм «Соли байналмилалии оби тоза» эълон гардид. Ин иқдоми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъдтар боиси амалишавии солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» гардид. Созмони Милали Муттаҳид ташаббусҳои бузурги муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ карда, соли 2013-ро «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон намуд.

Ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба дастрасӣ ба оби нӯшокӣ ҳанӯз аз солҳои 2000-ум ибтидо мегирад, ки аз тарафи аксар давлатҳои ҷаҳон дастгирӣ ёфта, айни замон дар ин самт чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ пайваста зарурати таъмини аҳолӣ ба оби ошомиданӣ ва беҳдошти муҳити зист, баланд бардоштани сифати об ва самаранокии истифодаи он, ҳифзи экосистемаҳои об, идоракунии муштараки захираҳои об ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи обро таъкид мекунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар саргаҳи ташаккулёбии захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ ҷойгир шудааст, омилҳои асосии рушди устувор, беҳдош­ти муҳити зист ва ҳифзи саломатии аҳолӣ ва дастрасии умумӣ ба об, маҳз аз ин саргаҳ сарчашма мегирад. Амалӣ гаштани Даҳсолаи байналмилалии «Об — барои рушди устувор» барои рушди устувори иқтисодиёти сайёра, дастрасии бештари аҳолӣ ба оби ошомиданӣ ва ҳифзи экосистемаҳои нодири табиӣ мусоидат хоҳад кард. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таҳлилу баррасии соҳаҳои дигари мамлакат, ҳамчунин, ба беҳдошти муҳити зист ва обу пиряхҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аз ҷумла қайд намудаанд: «Равандҳои рушди ҷаҳонӣ чунинанд, ки арзиши об метавонад аз арзиши нефт, газ, ангишт ва дигар захираҳое, ки барои рушди устувори ҳар як мамлакат ва минтақа заруранд, боло равад». Бо гузашти давоми на чандон зиёд понздаҳсолаи дурустии ин гуфтаҳо собит гардидааст. Ин омил боис гашт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи худро ба мушкилоти вобаста ба об афзун намуда, ҷанбаҳои гуногуни ҳалли онҳоро ба рӯзномаи Ҳадафҳои рушди устувор ворид намояд.

Кишвари мо чандин маротиба мизбони ҳамоишҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ оид ба баррасии масъалаҳо ба об рабт­дошта гардида, дар ин раванд саҳми муносиб гузошт. Бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳашт қатънома қабул кард, зеро таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об, бахусус пиряхҳо, ­бисёр нигароникунанда мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зери таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар чанд даҳсолаи охир зиёда аз ҳазор пиряхи худро аз даст додааст.

Тоҷикистон саргаҳи обҳои зулоли ошомиданӣ буда, пиряхҳои бешумори кӯҳсорони мо манбаи бузурги обҳои поканд. Ҳашт фоизи ҳудуди кишвари моро пиряхҳо ташкил медиҳанд, ки масоҳати умумиашон 11 миллиону 146 ҳазор км2 буда, дар онҳо тақрибан 845 км3 захираи обӣ маҳфуз аст.

Дар кишвари мо 947 дарё ва 1300 кӯл ба масоҳати 705 км2 вуҷуд дорад. Ҳавзаи дарёҳои Ому, Сир, Панҷ, Вахш, Зарафшон, Кофарниҳон аз он ҷумлаанд. Кӯли машҳури Сарез, даҳҳо кӯлҳои оби мусаффо, рӯдҳои хурӯшон, чашмаҳои нуқрагуни кӯҳҳои Тоҷикистон саршори обҳои зулоли бебаҳо дар ҷаҳонанд. Аз ин рӯ, ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ на фақат барои мардуми мо, балки ба тамоми сайёра муҳим ва заруранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли саривақтии ин масъала ҷалб намуда, аз ҷумла иброз намуданд: «Ҳамагон бояд фаҳманд, ки арзишмандии об на камтар аз арзишмандии нефт, газ ва дигар навъҳои сӯзишвориву манбаъҳои энергия барои ояндаи босуботи кишвар ва минтақа мебошад». Ҳадаф аз ин ташаббусҳо таъкиди зарурати ҳамкории созанда дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об ҳамчун манбаи ҳаёт ва рушди устувори инсоният аст

Бо дастгириву ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 6 -ум то 9-уми июни соли 2022 дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид, ки дар он ҳолати кунунии кӯлу дарё ва пиряхҳо баррасӣ шуд.

Оянда низ одамон дар рӯи замин ба шарофати ин неъмати худодод ҳаётро идома хоҳанд дод. Об барҳақ муъҷизаи табиат мебошад ва дар худ ҳазорҳо асрори нуҳуфта дорад. Ба ақидаи олимон, обро дидори одамони нек хуш меояд ва замзамаи он ҳатто ҷонваронро ба ваҷд меорад. Неруи об он қадар бузург аст, ки қатраи оби зулол ба одами ташна неруи нав бахшида, онро аз марг наҷот медиҳад. Нақши об дар ҳазми ғизо, мубодилаи моддаҳо калон аст. Мардуми тоҷик аз қадимулайём обро гиромӣ медоранд ва ситоиши Панҷ, Искандаркӯл, Вахш, Сурхоб, Сир, Зарафшон, Кофарниҳон, Бадахшон дар осори ниёкон зиёд аст. Шеъри машҳури Рӯдакӣ, ки аз оби мусаффои Ҷайҳун ёдовар шудааст, далели ин гуфтаҳост:

Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме,

Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.

Маҷид САЛИМ,

нависанда