…Шаҳри Москва. Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи ИҶШС. Фаввораи «Дӯстии халқҳо». Дар паси муҷассамаҳои бонувони зебои ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ аз байни бастаҳои гандум барги рустание ба назар мерасад, ки ҳоло шояд бинандагони зиёдро ба ҳайрат орад. Ин зироат бангдонаи бадномшуда аст, ки баъзе аз навъҳои он аз даврони қадим дар бисёр кишварҳо ҳамчун зироати ғизоӣ ва табобатӣ истифода мегардид. Замони шӯравӣ зироати асосии кишоварзӣ маҳсуб ёфта, аз дон ва баргу танаи он маҳсулоти зиёд истеҳсол мешуд.
Бангдона чӣ гуна зироат аст ва чаро бадном шудааст?
Дар бисёр кишварҳо онро бо номҳои канабис, канабис сатива ва канабенол мешиносанд. Аҷиб аст, ки дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» низ бангдона ҳамчунин канаб ва канаф ном бурда мешавад. Дар шарҳи ин вожаҳо чунин омадааст: «…гиёҳи шоҳдона (бангдона), ки аз торҳои танаи он ресмон мебофанд ва коғаз месозанд». Бангдона ҳамчун номи дуюм пас аз вожаи шоҳдона омадааст ва ин бесабаб нест.
Гурӯҳи гиёҳҳои гулдори як ё чандсола бо баргҳои панҷаии бурида ё панҷаии лапдорро шоҳдонаиён меноманд. Вале дар луғатҳо шоҳдонаро банг ҳам номидаанд ва ин ном дар байни мардум бештар паҳн гардида, чунин шарҳ дода шудааст: «…гиёҳи яксолаест, ки барои ҳосил кардани нашъа ва равған дар баъзе кишварҳои гарм парвариш мешавад».
Яке аз хусусиятҳои баъзе аз навъҳои шоҳдона моддаҳои психотропӣ доштани онҳост, ки бо ҳамин сабаб аз онҳо маводи мухаддир истеҳсол мегардад.
Дар рисолаи номзадии муҳаққиқи лаҳҷаҳои бадахшонӣ Санавбар Аноятшоев «Этнолингвистический анализ лексики лекарственных растений языков Бадахшанского ареала» (с. 2020) омадааст, ки дар «Авесто» низ бо мафҳуми «canabis sativa» дучор омадан мумкин аст. Дар фарвардин яшт дар бораи тарзи парвариши шоҳдона — ҳамчун зироати кишоварзӣ сухан меравад.
Тибқи баъзе маълумот, шоҳдона ба хони наврӯзии ҳафтшин низ шомил будааст:
«Дар чорабиниҳои фароғатии наврӯзӣ дастархон бо ҳафт син — сипанд, санҷид, себ, сир, суманак, сабзӣ, сирко ва ҳафт шин – шир, шакар, шамъ, шароб, шиннӣ, шавла, шоҳдона оро дода мешавад…» («Зангӯлаи фараҳу шодмонӣ», ҳафтаномаи «Фараж», 11. 02. 2020).
То соли 1769 дар ИМА қонуне мавҷуд буд, ки тибқи он, барои саркашӣ аз кишти шоҳдона деҳқонро ба зиндон партофтан имкон дошт. Илова бар ин, то ибтидои асри XIX аҳолии он мамлакат ҳуқуқ дошт бо ин зироат андоз супорад. Яъне, шоҳдона арзиш ва мақоми баланд дошт.
Дар Россияи подшоҳӣ он миёни зироати содиротӣ дар ҷои дуюм меистодааст. Дар гузаштаи дур ин давлатро Россияи пасконӣ меномиданд. «Паскон» номи матоест, ки аз нахи шоҳдона истеҳсол мегардид. Аз давраҳои қадим русҳо шавлаи шоҳдонаӣ мепухтаанд, ки дар он дон ё тухми ин зироат истифода мегардид. То соли 1961 дар Иттиҳоди Шӯравӣ низ ин зироат парвариш мешуд. Соли 1936 бошад, дар собиқ ИҶШС аз панҷ чор ҳиссаи заминҳои кишт ё 680 ҳазор гектарро майдонҳои кишти шоҳдона ташкил медоданд. Дони он ва равғанаш ғизоӣ буду аз пояаш нах, коғаз, пластики пурдошт ва ҳатто маҳсулоте истеҳсол мешуд, ки метавонист нефтро иваз намояд.
Яке аз сабабҳои бадном гардиданаш хусусияти психотропӣ доштани баъзе намудҳои шоҳдона ва аз онҳо тайёр кардани маводи мухаддир аст. Ду навъи он аз 0,3 то 1,5 фоиз маводи психотропӣ дошта, дар таркиби навъи ҳиндии он ин нишондиҳанда то 20 фоиз мерасад.
РИШТА ВА МАТОЪ
Дар гузашта риштаву канаб, танобу арғамчинҳои шоҳдонаӣ машҳур буданд. Хусусан, баҳрнавардон барои тайёр кардани тӯру банд барои киштӣ асосан аз риштаҳои шоҳдонаӣ истифода мебурданд, зеро он риштаҳо хеле устувор буда, дар обу намии зиёд ба зудӣ намепӯсанд. Нахи аз шоҳдона тайёршуда нисбат ба нахи пахта 10 маротиба сахттар ва аз ҷиҳати экологӣ низ безарар аст. Дар гузашта нахи пахта табиӣ буд, ҳоло он аз чандин коркарди кимиёвӣ мегузарад. Барои шаҳдона оби зиёд ҳам лозим нест, дар ҳар гуна замин мерӯяд ва ҳосилнокиаш нисбат ба пахта 3-4 маротиба зиёд аст. Матоъҳои аз нахи шаҳдона тайёршуда хусусияти гипоаллергенӣ доранд ва ба зудӣ фарсуда намешаванд. Ҳамчунин, матоъҳои шоҳдонаӣ бадани инсонро то 95 фоиз аз нурҳои ултрабунафш ҳифз мекунанд. Дар ҳоле ки пахта 35 — 50 фоиз ҳифз менамояд.
ПУЛ ВА КОҒАЗ
Муҳаққиқон чунин мешуморанд, ки аввалин коғаз аз шоҳдона тайёр шудааст. Пулҳои нахустинро низ аз чунин коғаз бароварда будаанд. Коғази китобҳои ношири машҳури олмонӣ Гуттенберг низ аз шоҳдона буд, ки бо сифати баланд то замони мо расидаанд.
Истеҳсоли коғаз аз селлюлозаи дарахт боиси аз байн рафтани ҷангалзор гардида, барои муҳити атроф низ зарарнок аст. Коғази шоҳдона аз ҷиҳати экологӣ безарар ва суръати нашъунамои ин зироат нисбат ба дарахтон хеле баландтар аст.
ПЛАСТИКИ БЕЗАРАР ВА АВТОМОБИЛ АЗ ШОҲДОНА
Чанд сол пештар аз манъи кишти шоҳдона дар ИМА сарватманди машҳур — Генрих Форд автомобилеро намоиш дод, ки аз шоҳдона сохта шудааст. Маълум мегардад, ки аз шоҳдона бо роҳи фишор овардан тахта, ҳамчунин аз мағзи он пластик истеҳсол кардан мумкин аст. Ин маҳсулотро биопластик номидаанд. Айни ҳол аз шоҳдона полиэтилен, пластмасса ва селофан низ истеҳсол мешавад. Дар оянда он ҳатман ҷои пластики кимиёвиро хоҳад гирифт.
СӮЗИШВОРӢ
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки маҳсулоти аз шоҳдона тайёршуда дар оянда метавонад маҳсулоти нефтиро қариб пурра иваз намояд. Аввалан, аз дон ва баргу пояи шоҳдона ангишт, метанол, спирти чӯб, этанол, спирти одӣ ва ҳатто бензин истеҳсол кардан мумкин аст, ки баъди сӯхтан аз он сулфури зарарнок ҷудо намешавад. Метанол сӯзишвории хуби автомобилист, ки айни ҳол онро барои автомобилҳои варзишӣ дар мусобиқаҳо истифода мебаранд.
Воқеан, автомобили шоҳдонаии Генри Форд ҳам бо ин сӯзишворӣ ҳаракат мекард. Равғани дони шоҳдонаро метавон ҳамчун сӯзишвории автомобил истифода бурд. Доираи истифодаи спиртҳо ба ҳама маълум аст.
СОҲАИ ДОРУСОЗӢ
Дар ҳама китобҳои тиббӣ бо номҳои гуногуни шоҳдона дучор омадан мумкин аст. Чунки истеъмол ва истифодаи маҳсулоти зироати мазкур барои табобати бемориҳои гуногун тавсия мешавад. Аслан, хусусиятҳои шифоии шоҳдона аз давраҳои қадимтарин маълум буда, он барои табобати бемориҳои хеле ҷиддӣ, мисли саратон, ВНМО/БПНМ (ВИЧ/СПИД), атеросклероз, афсурдарӯҳӣ (депрессия), саръ (эпилепсия), сардард (мигрен), диққи нафас (астма), дардҳои сахт, дистония ва даҳҳо бемориҳои сабуки дигар манфиатнок будааст. Он, ҳамчунин, хазинаи бои витаминҳо, микроэлементҳо, сафедаҳо ва туршӣ (кислота)-ҳои Омега-3 ва Омега-6 аст, ки барои табобати бемориҳои дил муфид буда, холестеринро кам мекунад ва хавфи атеросклерозро бартараф месозад.
ҒИЗО
Аз дони он шавлаи шоҳдонаӣ мепазанд, ки ин таом миёни халқ машҳур аст. Лекин хӯрокҳои дигар низ аз ин зироат тайёр мешаванд. Азбаски кӯфтаи дони шоҳдона моддаҳои фаъоли психотропӣ надорад, аз он ҳатто барои тифлакони хурдсол ва занони ҳомила низ хӯрок тайёр кардан мумкин аст. Дар таркиби дон ё тухмии зироат руҳ (синк), оҳан, калтсий, марганетс, фосфор, калий, сулфур, сафедаҳои муфид ва элементҳои дигар зиёданд, ки рехтани мӯйро пешгирӣ мекунанд, фарбеҳиро рафъ, пӯст ва нохунҳоро мустаҳкам месозанд. Фаъолияти мағзи сарро беҳтар мегардонад. Шавлаи шоҳдона ҳам ба модарони ҷавон тавсия мешавад, ки ширашонро зиёд мегардонад. Аз орди шоҳдона макарон ва маҳсулоти нонӣ низ тайёр мекунанд. Дар бораи манфиатҳои онҳо ва паниру шоколади аз шоҳдона истеҳсолшуда чизе намегӯем.
«ДОМ КОНОПЛИ» («ХОНАИ ШОҲДОНА»)
Дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Москва бо ин ном қаҳвахонае бунёд ёфтааст, ки ба Максим Уваров ном соҳибкор тааллуқ дорад. Ҳоло қаҳвахонаи ӯ ба ҷои дӯстдоштаи мардуми атроф табдил ёфтааст, зеро хотираи халқ чизеро фаромӯш намесозад ва дар ин бино қариб ҳама ороишот аз баргу пояи шоҳдона асту худи М.Уваров донандаи хуби хусусият ва манфиатҳои ин зироат, ҳамчунин тарғибгари кишту парвариш ва истеҳсоли маҳсулот аз шоҳдона мебошад.
Дар Германия бонуи соҳибкор Кармен Хок Хайл аз нахи шоҳдона маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаро истеҳсол намудааст, ки гармии манзилҳоро нигоҳ медорад. Он метавонад «стекловата» («пахта аз шиша»)-ро, ки ҳам зарарнок асту ҳам сунъӣ иваз намояд, ба намиҳо тобовар аст, пайдошавии мағору замбурӯғҳоро пешгирӣ мекунад ва намесӯзад.
КОСМЕТОЛОГИЯ
Дар асоси равғани шоҳдона воситаҳои зиёди косметикӣ истеҳсол мегардад. Он сӯрохиҳои пӯстро пур накарда, имкон медиҳад, ки он роҳат нафас кашад. Хусусияти ҷавон кардани пӯстро низ дошта, захмҳоро шифо мебахшад.
Ин танҳо як қисми хеле хурди хусусиятҳо ва усулҳои истифодаи шоҳдона аст. Хусусияти муҳими дигари зироат он аст, ки дар 100-110 рӯз то 2 — 3 метр қад мекашад ва дар як сол чанд ҳосил медиҳад. Онро дар заминҳои харобгашта низ парвариш кардан мумкин аст, ки дар натиҷа таркиби хок ғанӣ мегардад.
Ҳоло дар Федератсияи Россия 28 навъи техникии он мавҷуд буда, маҳсулоти аз он тайёршуда соли 2021 ба даҳгонаи беҳтарини самтҳои сармоягузорӣ ворид гардидааст.
Чаро бо ин ҳама хусусият парвариш ва истифодаи шоҳдона мамнӯъ эълон гардид?
1. Як гектар шоҳдона барои истеҳсолот метавонад 4 га ҷангалро иваз намояд. Магар ин нишондиҳанда ҷангалбурону истеҳсолкунандагони коғазро хуш меояд?
2. Маҳсулоти аз шоҳдона истеҳсолгардида метавонад на танҳо нефт, балки маҳсулоти аз он истеҳсолшавандаи синтетикӣ, этанолу метанол ва спирту бензинро низ иваз кунад ва аз он маҳсулоти пластикӣ низ истеҳсол карда шавад. Табиист, ки ин ҷиҳат ба истеҳсолкунандаи нефт писанд нест.
Барои рӯшанӣ андохтан ба масъала ба солҳои сиюми асри гузашта бармегардем.
Дар он давра Ширкати «DU PONT» нахҳои синтетикии нейлон ва маҳсулоти кимиёвии сафедкунандаи коғаз истеҳсол менамуд. Вале оғози коркарди шоҳдона, истеҳсоли наху матои безарар ва коғаз аз он, ки майдони кишташ сол то сол зиёд мегарданд, монеаи кори ширкат гашт. Ба ибораи дигар, бозори онро касод намуд. Роҳбарияти ширкат барои раҳоӣ аз вазъият бо соҳибкори ҷанҷолӣ — Вилям Рэндолф Ҳерст- сарвари холдинги «Ҳерст Корпорейшн», ки муассиси рӯзнома буд ва бо туҳмату иғвову дасиса сарват ҷамъ менамуд, барои мубориза бар зидди шоҳдона ва маҳсулоти он забон як намуд. Баъд аз ин бо мақолаҳо ва фармудаҳои ин гурги борондида- медиамагнати «матбуоти зард», ки пайдошавии ҳар ду истилоҳ ҳам ба номи ӯ марбутанд, туҳмати зиёде ба сари шоҳдона рехт. Ҳама номҳои зироат — «canabis sativa», синонимҳо ва шаклҳои дигари он аз байн рафта, ҷои онҳоро вожаи манфуру даҳшатноки «марихуанна» гирифт. Журналистони рӯзномаҳои В. Ҳерст сабаби ҳамаи ҷиноятҳои вазнинро бо «марихуанна» алоқаманд менамуданд. Дар натиҷа, шоҳдона барои фаъолияти мағзи сар ва умуман саломатӣ зарарнок эълон гардида, аҳли ҷомеа нисбат ба он, аниқтараш «марихуанна», нафрат пайдо намуданд ва соли 1937 Конгресси ИМА кишти шоҳдонаро мамнӯъ эълон кард.
Дертар овозаҳои бардурӯғ то ИҶШС низ расид ва 30 марти соли 1961 дар Ню — Йорк бо иштироки аксари иштироккунандагон СММ Конвенсияи ягонаро оид ба манъ намудани парвариши шоҳдона қабул намуд. Намояндаи ИҶШС низ ба он имзо гузошт ва тибқи конвенсия кишту парвариши шоҳдона зери назорати ҷиддӣ қарор гирифт. Қариб 40 сол аз шоҳдона касе ёд намекард. Танҳо пас аз солҳои 2000-ум онро дар баъзе аз кишварҳои Аврупо ба ёд оварданд ва парваришу истифодаи шоҳдона аз нав ба роҳ монда шуд. Пас аз ворид намудани навъи техникии шоҳдона ба Реестри давлатии зироатҳои кишоварзии Федератсияи Россия парвариши он дар ин ҷо низ аз нав оғоз ёфт, вале дар ҳаҷми ночиз.
Шояд вақти он расидааст, ки соҳибкорони кишвари мо низ истеҳсоли ин зироатро, ки дони онро пас аз гандум, воқеан, метавон шоҳи донҳо номид, ба роҳ монанд. Он дар соҳаи кишоварзӣ метавонад таҳаввулот ба вуҷуд орад.
Н. НИЗОМӢ,
«Садои мардум»