Дар даврони шӯравӣ баъзе хоҷагиҳои пешкадам аз ҳар гектар замин 40- 45 сентнерӣ пахта мерӯёниданд. Имрӯз шумораи хоҷагиҳое, ки аз ҳар гектар 30 сентнер пахта рӯёнанд, хеле кам аст. Аз ин рӯ, аксар хоҷагиҳои деҳконӣ барои аз ҳар гектар замин гирифтани даромади бештар зироати нисбатан манфиатоварро кишт мекунанд. Аз ҷумла, ба ҷойи пахта гандуму ҷуворимакка кишт мешавад, зеро хароҷоту заҳмати рӯёнидани ин зироатҳо нисбат ба пахта камтару фурӯхтанашон осонтар аст.
Имрӯз шояд бисёриҳо дар бораи канаб (Cannabis sativa) ном зироати техникӣ чизе надонанд. Ҳол он ки 8000 сол боз ин зироатро дар мамолики гуногун парвариш мекунанд. Ватани он Осиёи Марказӣ аст. Канаб аз асри даҳуми пеш аз мелод то асри XIX яке аз паҳншудатарин зироат дар ҷаҳон ба шумор мерафт. Парвариши он манбаи ашёи хоми соҳаи саноат маҳсуб меёфт. Аз ҷумла, нахи он барои истеҳсоли матоъ ва коғаз, равғанаш барои чароғ, доруворӣ ва ғизо истифода мешуд. То соли 1820 кариб 80 фоизи матоъҳои дар дунё истеҳсолшуда ба канаб рост меомад.
Дар Месопотамияи бостонӣ археологҳо порчаи аз нахи канаб тайёршударо ёфтанд. Китоби маҷмӯи дуоҳо («Дҳарани») дар Чини кадим пурра аз коғази аз канаб истеҳсолшуда буд. Бодбони киштиҳои Христофор Колумбро, ки дар экспедитсияи соли 1492 ширкат варзидааст, аз нахи канаб тайёр карда буданд.
Канаб зироати стратегӣ буда, аз он 30000 номгӯй маҳсулот гирифтан мумкин аст. Нахи канаб бо дуруштию мустаҳкамии худ аз дигар нахҳо бартарӣ дорад ва ба пӯсидан аз таъсири намӣ тобовар аст. Аз ин рӯ, барои тайёр кардани банду ресмон, тӯрҳои моҳидорӣ, халтаю канор, брезент ва бодбони киштиҳо асосан аз нахи канаб истифода мекарданд. Нахи канаб нисбат ба пахта 10 маротиба мустаҳкамтар буда, аз он либосҳои гуногун медӯзанд. Аз лиҳози экологӣ низ парвариши канаб нисбат ба пахта бартарӣ дорад.
Олимон ҳисоб кардаанд, ки барои истеҳсоли 1 тонна нахи пахта 2,5 тонна гази карбонат ба фазо ихроҷ мешавад. Ин ракам дар канаб як тоннаро ташкил медиҳад.
Барои нигоҳубини канаб хеле кам техника истифода мешавад ва нисбат ба пахта ҳашароти зараррасон ба он камтар «ҳамла» мекунанд. Пахта ба обёрии зиёд ва хоки ҳосилхез ниёз дорад. Канаб дар ҳар гуна замин рӯида, ба камобӣ тобовар ва ҳосилнокии он се маротиба аз пахта зиёдтар аст.
Нахи канабӣ нисбат ба пахтагӣ манфиатноктар мебошад. Хосияти антисептикӣ ва бактериякушӣ дошта, захмҳоро сиҳат карда, дардро таскин мебахшад, ҳаворо хубтар мегузаронад. Зимистон гарм ва тобистон салкин мегирад. 95 фоиз нурҳои ултрабунафшро, ки ба пӯсти инсон зарар мерасонанд, намегузаронад. Матои аз канаб дӯхташуда зуд намедарад.
Яке аз бартариҳои канаб истифодаи он дар истеҳсоли коғаз ба шумор меравад. Аз як гектар канабзор нисбат ба як гектар ҷангал 4 маротиба бештар нахи коғазбоб гирифтан мумкин аст. Агар ин таҷриба дар ҷаҳон васеъ паҳн шавад, миллионҳо гектар дарахтзори тӯли садсолаҳо ба воярасидаро метавон аз буридан эмин дошт. Бо ин роҳ олами набототу ҳайвонотро низ аз маҳвшавӣ нигоҳ доштан мумкин аст. Барои истеҳсоли коғаз аз канаб нисбат ба чӯб хеле кам воситаҳои заҳрноки химиявӣ истифода мешавад. Коғази аз канаб истеҳсолшуда ба сафедкунӣ бо хлор эҳтиёҷ надорад. Зимни сафедкунии коғази аз чӯб гирифташуда моддаи диоксин ҳосил мешавад, ки дарёву баҳрҳоро заҳролуд мегардонад.
Аз донаву пояи канаб ангишт, метан ва бензин гирифтан мумкин аст, ки зимни сӯхтани онҳо сулфур ихроҷ намешавад. Сулфур сабабгори асосии боридани боронҳои ишкорӣ мегардад, ки боиси хушкшавии бисёр намуди дарахтон мешаванд. Ангишти аз канаб гирифташуда беҳтарин сӯзишвории неругоҳҳои ҳароратӣ буда, ифлосшавии ҳаворо хеле кам мекунад. Як катор муҳаррики дизелӣ бемалол метавонанд бо равғани канаб кор кунанд. Биоэтаноли аз канаб истеҳсолшударо ба бензин ҳамроҳ карда, сӯзишвории хушсифату аз лиҳози экологӣ тозатар ҳосил кардан мумкин аст.
Аз канаб метавон биопластика истеҳсол кард. Соли 1930 Генри Форд корпуси мошинашро аз биопластика сохта, онро бо сӯзишвории аз равғани канаб тавлидшуда ба ҳаракат дароварда буд.
Асрҳо ин ҷониб табибон канабро барои муолиҷаи невралгия, астма (дикки нафас), бехобӣ, афсурдаҳолӣ (депрессия), шакика (дарди нимсар, мигрен), ревматизм, дарди буғумҳо, илтиҳоб ва ғайра истифода мебаранд. Дар таркиби донаи он минералҳои калтсий, руҳ (синк), оҳан магний, манган, фосфор, калий ва ғайра мавҷуд аст.
Кислотаи «Омега- 3»-и таркиби равғани канабро «иксири ҷавонӣ» меноманд. Кислотаҳои чарбии он организми инсонро аз холестерини зарарнок пок сохта, масуният (иммунитет)- ро бокувват мекунанд. Ғоз (клетчатка)-е, ки дар таркиби шавлаи канабӣ мавҷуд аст, яке аз моддаҳои барои инсон зарурӣ маҳсуб меёбад. Истеъмоли чунин шавла фаъолияти меъдаю рӯдаро пурзӯр мекунад. Он хосияти поксозии ҷисмро дошта, кабзият (запор)-ро дур, сатҳи кандро дар хун паст менамояд. Дар таркиби равғани канаб витаминҳои А, В1, В2, В6, С ва D зиёданд.
Канабро барои истеҳсоли мебел ва маҳсулоти сохтмонӣ ҳам истифода мебаранд. Аз нахи он дар якҷоягӣ бо резин фанер ва плитаҳои гуногун истеҳсол кардан мумкин аст. Чунин плитаҳо хеле бадошту мустаҳкаманд. Умуман, ҳар чизеро, ки аз пахта ва маҳсулоти нафтӣ истеҳсол кардан мумкин аст, аз канаб ҳам метавон истеҳсол кард. Канабро дар як майдон то 7 сол паи ҳам кишт кардан мумкин аст.
Шоҳи рус Пётри 1 тиҷорати канабро хуб ба роҳ монда буд. Он вакт маҳсулоти канабӣ ба Англия, Голландия ва дигар кишварҳои Аврупои Ғарбӣ содир мешуд. Дар асри XVIII содироти нахи он аз Россия солона 37000 тоннаро ташкил медод. Майдони кишти канаб дар собик ИҶШС (СССР) ба 680 ҳазор гектар расида буд, ки ин аз панҷ чор ҳиссаи майдони кишти канаби ҷаҳонро ташкил медод. Мутаассифона, бо такозою иғвои мафияи тоҷирони истеҳсолкунандаи коғази ИМА тадриҷан кишти канаб на танҳо дар Иттиҳоди Шӯравӣ, балки дар ҷаҳон маҳдуд гардид.
Гап сари он меравад, ки соли 1916 вакилони парламенти ИМА бо максади ҳифзи табиат пешниҳод карданд, ки то соли 1940 маҳсулоти коғазӣ аз канаб тайёр карда шавад. Ин пешниҳод ба тоҷироне, ки аз ҳисоби буридани ҷангали тайёр даромади муфт ба даст меоварданд, писанд наомад. Аз ин рӯ, мафияи тоҷирони истеҳсолкунандаи коғазу селюллоза бо пули калон дар рӯзномаҳо силсилаи маколаҳои фармоиширо дар хусуси маводи мухаддир будани канаб чоп кардаанд. Дар натиҷа, соли 1937 Ҳукумати ИМА ба канабпарварон андози баланд ҷорӣ намуд. Вакте фермерон аз парвариши канаб бинобар андози баланд даромади кам мегирифтагӣ шуданд, ба парвариши дигар зироат гузаштанд. Маҳз бо фишори ИМА Созмони Милали Муттаҳид Конвенсия дар бораи «Маводи мухаддир»- ро кабул кард, ки соли 1961 СССР низ ба он ҳамроҳ шуд. Дар муддати кӯтоҳ ҳазорон гектар канабзор нобуд шуд ва техникаи ҳосилғундору корхонаҳои коркарди нахи канаб бекор монданд. Вакт нишон дод, ки тасмими мазкур хато будааст.
Аз миёнаи солҳои 90-уми асри гузашта майдони кишти канаб аз нав дар ҷаҳон рӯ ба афзоиш овард. Дар ин ҷода Ҷумҳурии Халкии Хитой, Канада, Франсия, Руминия, Германия, Венгрия, Италия, Япония ва як катор кишварҳои Амрикои Лотинӣ пешсафанд. Мувофики ҳисоби коршиносони байналмилалӣ, арзиши нахи канаб дар бозори ҷаҳонӣ нисбат ба пахта ду маротиба бештар аст. Талабот ба матои канабӣ солона дар ҷаҳон 30 фоиз афзуда истодааст.
Дар Ҷумҳурии Халкии Хитой тасмим гирифтаанд, ки то соли 2020 майдони кишти канабро ба 667 ҳазор гектар расонанд. Ин имкон медиҳад, ки 3 миллион нафар деҳкони хитоӣ бо ҷойи кор таъмин шаванд. Хитой, инчунин барои рушди канабпарварӣ дар Казокистон 1 миллиард евро маблағгузорӣ намуд.
Соли 2011 директори Хадамоти федералии назорат ба маводи мухаддири Федератсияи Россия Виктор Иванов пешниҳод кард, ки дар Россия парвариши канаби техникӣ дубора ба роҳ монда шавад.
Дар Пажӯҳишгоҳҳои улуми кишоварзии Пенза, Чувашистон ва Краснодар вобаста ба тухмипарварии канаби техникӣ корҳои зиёди илмӣ мебаранд. Олимони соҳаи растанипарварии Россия 22 навъи канаби техникиро ихтироъ кардаанд. Дар шаҳри Улан — Удэи ин кишвар корхонаи дӯзандагие фаъолият мекунад, ки маҳсулоташ танҳо аз матои канабӣ аст. Матоъро аз Таиланд ворид мекунанд. Ба гуфти дизайнери корхонаи мазкур Владимир Холбоев, талабот ба ин маҳсулоти табиӣ торафт зиёд мешавад. Зеро истифодабарандагон бартарии либосҳои канабиро дар таҷриба диданд. Дар Ҷумҳурии Украина низ 2 навъи канаби техникиро ихтироъ намудаанд, ки дар он моддаи тетрагидраканнабинол аз 0, 2 фоиз зиёд нест.
Иктисодшиносони Федератсияи Россия ба ин акидаанд, ки эҳёи канабпарварӣ дар ин кишвар метавонад боиси эҷоди то 1 миллион ҷойи корӣ гардад.
Маҳсулоти канабиро дар тамоми соҳа истифода мебаранд. Масалан, ҳавопаймои «Боинг- 787» аз авиапластика иборат аст, ки 87 фоизи онро канаб ташкил медиҳад. Тросҳое, ки дар киштиҳои калон истифода мебаранд, маҳз аз канаб истеҳсол мешаванд. Маҳсулоти парфюмерии аз канаб истеҳсолшуда низ харидорони зиёд дорад. Аз пояи канаб ҳамчун сӯзишворӣ брикет истеҳсол мекунанд.
Дар ҳамкорӣ бо олимону мутахассисони Хитой, Федератсияи Россия, Украина ва Казокистон парвариши канабу истеҳсоли маҳсулоти канабиро дар Тоҷикистон низ ба роҳ мондан мумкин аст. Масалан, агар канабпарвариро дар вилояти Хатлон ба роҳ монда, дар МОИ «Данғара» ва ё «Панҷ» корхонаи коғазбарорӣ ва равғанкашӣ аз канаб ба роҳ монда шавад, кишоварзон бурд хоҳанд кард. Харидорони коғазу картон дар Афғонистон, Ӯзбекистон, Кирғизистон низ зиёданд. Модом ки аз ин зироат 30000 номгӯй маҳсулот истеҳсол мешавад, дар ҷумҳурӣ истеҳсоли як кисми он боиси таъсиси ҳазорон ҷойи нави корӣ хоҳад шуд. Кишоварзони тоҷик метавонанд дар як майдон онро соле ду бор кишт кунанд.
Ривоҷ додани соҳаи канабпарварӣ дар Тоҷикистон набояд аз ҳисоби маҳдуд кардани майдони пахта сурат гирад. Зеро дар ҷумҳурӣ корхонаҳои нассоҷию матоъҳои пахтагин фаъолият карда истодаанду ба ашёи хоми арзони ватанӣ эҳтиёҷ доранд.
Канаб яке аз беҳтарин зироатҳо барои киштгардон маҳсуб ёфта, баъди ғундоштани он замин аз бисёр намуди зараррасонҳо тоза мешавад.
Тибки иттилои дастрасшуда, барои тоза кардани майдонҳои гирду атрофи Неругоҳи атомии «Чернобил» чанд сол канаб киштанд. Маълум мешавад, ки он ба замин баҳри тоза шудан аз радиатсия низ кумак мекардааст. Ин таҷрибаро метавон дар заминҳои гирду атрофи шаҳрҳои Истиклол ва Бӯстон амалӣ кард.
Хулоса, ба роҳ мондани канабпарварӣ ҷанбаҳои мусбати зиёд дорад. Хуб мешуд, агар олимону мутахассисони Академияи илмҳои кишоварзии ҷумҳурӣ, Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, устодони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Вазорати рушди иктисод ва савдо, Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар ин хусус фикру мулоҳиза баён менамуданд.
Таҳияи Сайфиддин СУННАТӢ,
бо истифода аз ВАО — и хориҷӣ