Мулоқоти намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ бо интихобкунандагон

№26 (4132) 27.02.2020

Бисту чоруми феврали соли ҷорӣ дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, мулоқоти роҳбарият ва намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар бо интихобкунандагон барпо гардид.

Роҳбарият ва намояндагони ҳизбҳои сотсиалистии Тоҷикис­тон Абдуҳалим Ғаффоров, ислоҳоти иқтисодӣ Рустам Қудратов, коммунистии Тоҷикистон Қурбонҷон Мирзоева, демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Юлдошев, аграрии Тоҷикистон Мирзоанвар Ахмедов ва ҲХДТ дар вилояти Суғд Матлуба Амонзода доир ба ҳадаф, марому мақсад, дурнамои ҳизбҳо аз иштирок дар интихоботи дарпешистода маълумоти муфассал доданд.

Қайд гардид, ки дар замони муосир интихобот аз меъёрҳои асосӣ мебошад, ки тавассути он иштироки шаҳрвандон дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин карда мешавад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 соли хеле муҳиму арзишнок маҳсуб меёбад, зеро раванди баргузории маъракаҳои ­қариб­ул­­вуқӯъ ҳамаро барои гузариш ба давраи сифатноки нави ҷомеа омода менамояд.

Мулоқот бо ибрози андешаю пешниҳодҳои судманд анҷом ёфт.

М. МАҚСУДОВ, «Садои мардум»