1 марти соли 2015- интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Аҳмадҷон Қобилов: Ба ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аҳамияти бештар хоҳам дод

№24-25 (3325-3326) 20.02.2015

МУАРРИФИНОМА

Аҳмадҷон Қобилов 2 октябри соли 1953 дар шаҳраки Нови ноҳияи Спитамени вилояти Суғд дар оилаи коргар ба дунё омадааст.

Баъди хатми мактаби миёнаи №3-и ноҳияи Спитамен соли 1970 ба факултети гидромелиоративии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1975 бо ихтисоси муҳандис-гидротехник хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатии худро соли 1975 дар Идораи хоҷагии қишлоқи ноҳияи Спитамен ба ҳайси муҳандис-гидротехник оғоз намуда, баъдан дар корҳои роҳбарии комсомол, ҳизб ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ кор кардааст.

Солҳои 1998-2009 дар вазифаҳои намояндаи Корхонаи муштараки «Зафаробод» дар ноҳияи Спитамен ва ҷонишини директори генералии ҶСП «Деҳқон» фаъолият намудааст.

Моҳи январи соли 2009 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен таъин гардид. Аз моҳи марти соли 2010 инҷониб дар вазифаи муовини раиси вилояти Суғд фаъолият дорад.

Бо медалҳои «Барои меҳнати шоён», «50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» ва унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Аҳмадҷон Қобилов ҳамчун узви Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар конференсияи муштараки Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Спитамен, Зафаробод ва  Ғончӣ номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Спитамен №25 пешниҳод гардид.

Аҳмадҷон Қобилов дар давоми фаъолияти меҳнатиаш борҳо вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Спитамен ва Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд интихоб шудааст.

Барномаи пешазинтихоботии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Спитамен №25 Аҳмадҷон Қобилов дар асоси Барномаи Ҳизби аграрии Тоҷикистон ва татбиқи сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини рушди устувор ва дарозмуддати соҳаи кишоварзӣ, ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мамлакат таҳия гардидааст.

Аҳмадҷон Қобилов дар Барномаи пешазинтихоботии хеш дар соҳаҳои муҳимтарини хоҷагии халқи кишвар, аз қабили  иқтисодиёт, сиёсати аграрӣ, иҷтимоиёт, маънавиёт, ҷавонон, ободонӣ ва ғайра мушкилоти мавҷударо бо нишон додани роҳи ҳалли онҳо мавриди арзёбӣ қарор додааст. Татбиқи сиёсати иқтисодии давлатӣ ва таъмини фазои мусоид барои рушди соҳибкории хурду миёна дар минтақаҳои кишвар, такмили низоми андозбандӣ барои ҳавасмандкунии истеҳсолоти воқеии иқтисодиёти кишвар ва бо мақсади ҷалби бештари манбаъҳои  маблағгузорӣ ба сектори истеҳсолии иқтисод ва рушди бемамониати соҳибкорӣ, амалигардонии ислоҳоти ҷиддӣ дар соҳаи кишоварзӣ, таъмин шудани аҳолӣ бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, соҳиб гардидан ба рушди босуботи зерсоҳаҳои қобилияти баланди содиротидоштаи кишоварзӣ, хусусан боғдорию ангурпарварӣ, таъмини истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, таҳкими санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои истифодаи ғайриоқилонаи замин ва комилан мамнӯъ намудани сохтмони истеҳсолӣ ва манзил дар заминҳои корами обӣ, татбиқи дастгирии молиявии давлатӣ дар пешбурди соҳаи кишоварзӣ, хусусан тухмипарварӣ, зотпарварӣ, таҳқиқотҳои инноватсионӣ ва соҳаҳои дигари ояндадори комплекси агросаноатӣ, мусоидат барои воридоти техника, мошинолот ва технологияҳои муосир ба соҳаи кишоварзӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва соҳибкорони ватанӣ аз ҷумлаи нуктаҳои Барномаи пешазинтихоботӣ мебошанд. Аҳмадҷон Қобилов мехоҳад, ки дар таъмини шароити фароҳамоварандаи зиндагии арзанда ба ҳар як сокини кишвар ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, дастгирии ҳуқуқии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва мусоидат кардан ба ташкили ҷойҳои нави корӣ, вусъат бахшидани корҳо дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, такмили низоми касбомӯзии ҷавонон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва мусоидат дар интихоб, тарбия ва ҷалби ҷавонзанону духтарон ба хизмати давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон барои ҳимояи манфиатҳои онҳо ҷиҳати таъмини фаъолнокӣ дар ҳаёти  иҷтимоию сиёсии мамлакат, мусоидат дар пешбарии ҷавонон ба вазифаҳои интихобӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дастгирии соҳибкорони ҷавон, баланд бардоштани малакаи касбии мутахассисони ҷавон саҳм дошта бошад.

-Дар сурати интихоб гардиданам ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон талош меварзам, ки сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳуқуқҳои деҳқонон дар интихоби озоду мустақилонаи шаклҳои моликият ва хоҷагидорӣ амалӣ гарданд. Ҳамчунин масъалаи ба роҳ мондани робитаи қавӣ бо интихобкунандагон ва сари вақт баррасӣ шудани дархости онҳо дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодиро аз вазифаҳои асосии хеш меҳисобам,- мегӯяд Аҳмадҷон Қобилов.

Боварии комил дорем, ки интихобкунандагони ҳавзаи якмандатаи интихоботии Спитамен №25 дар рӯзи интихобот ба тарафдории номзади арзанда Аҳмадҷон Қобилов овоз медиҳанд.

Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»