- мегӯяд вакили Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум Ҳошим Азимов
Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум аз ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич) чор нафар — Мазбуд Фозилов, Толиб Комилов, Аъзамалӣ Умаралиев ва Ҳошим Азимов иштирок доштанд. Бо гузашти 25 сол танҳо Ҳошим Азимов дар қайди ҳаёт аст. Ӯ ҳоло 75 сол дорад, вале оромиро намедонад. Дар ҳама чорабинию маъракаҳои мардуми ноҳия, ба қавле, дасту остин бар зада, хизмат менамояд. Маслиҳатгару машваратдеҳ аст.
Ман ӯро солҳост мешиносам, аз давроне, ки дар идораи кишоварзии ноҳия сарагроном буд. Солҳо гузаштанду Ҳошим Азимовро ба совхози «Қалъаи Дӯст» ба вазифаи сарагроном фиристоданд. Сипас, директори совхоз таъин шуда, ободкории зиёд кард ва пас аз алоҳида шудани совхози «Басманда» ӯро сарвар интихоб намуданд. Замона дигар шуду «Басманда» номи Ҳотам Қурбоновро гирифт ва роҳбариашро боз ба зиммаи Ҳошим Азимов гузоштанд.
Мардуми деҳаи калонтарини ноҳияи Деваштич — Басманда аз азал меҳнатдӯст, бунёдкор ва баҳри ободии диёр заҳматкаш мебошанд. Аз замин самаранок истифода мебаранд. Хусусан, дар саргаҳи ҷӯю заҳбурҳо шинонидани қаламчаҳои сафедор дар он ҷо ба ҳукми анъана даромадааст. Аз даромадгоҳи деҳа то охир қатори сафедорҳои сарбафалак гӯё ба истиқболи одамон саф оростаанд. Ана, ҳамин анъанаро, ки замоне аз ҷониби сокини деҳа Ортуқбой Аминов сар шуд, Ҳошим Азимов гӯё ба ҳукми қонун даровард. Аз сафедорҳои фаровон бо роҳи ҳашар чойхонаю беморхона, таваллудхона, бозор бунёд кард. Толори варзишию синфхонаҳои иловагӣ, бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 47 низ аз чӯби сафедор ва қувваи ройгони мардум қомат афрохтанд.
Ҳошим Азимов, вақте ки даромади хоҷагӣ зиёд шуд, омӯзгорону табибони деҳа, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, оилаҳои камбизоат ва яккаву танҳоро фаромӯш намекард. Барояшон ғалла, сабзавот, картошка, ему хошок ҷудо ва дар гузаронидани маъракаҳо дастгирӣ менамуд. Туфайли заҳмат ӯ ба гирифтани ордени «Шараф», нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гашт. Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012 ба тавофи Хонаи Худо — Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара мушарраф шуд.
Чун суҳбат бо ин пири хираду заҳмат дар атрофи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон печид, гуфт:
- Пас аз пош хӯрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ, вақте ки миллати тоҷик баъди ҳазор сол соҳиби давлат гардид, қувваҳои пасипардагии дохилию берунӣ вазъиятро ноором карданд. Дар пойтахти кишвар майдонҳои «Шаҳидон» ва «Озодӣ» ташкил шуд, вазъи кишвар рӯз ба рӯз вазнин гашт. Кор ба дараҷае расид, ки падару писар ва бародар бо бародар муқобили ҳамдигар истоданд. Дар ҳамон давра бисёр ноҳияҳои ҷануби мамлакат дар муҳосираи иқтисодӣ қарор доштанд. Тобистони соли 1992 ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуду оташи он доман зад.
Президент ва Ҳукумати муросои миллии ҳамон давра аз уҳдаи ба эътидол овардани вазъ набаромаданд. Ин вазифаи мушкилро бояд Шӯрои Олии кишвар ҳал мекард, вале дар ҳамон шароити буғранҷ ҷамъ овардани вакилон ва доир намудани иҷлосия дар мавзеъҳои ҷангзада ниҳоят мушкил буд, зеро Ҳукумати муросои миллӣ, ки зери фишори сахти қувваҳои мухолиф амал мекард, қарорҳои яктарафа мебаровард. Бинобар ин, Ҳукумати муросои миллиро аксарияти аҳолии Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамсоя дастгирӣ накарданд. Ин ва дигар омилҳо боиси ба истеъфо рафтани Ҳукумат гардид. Зарурати даъват кардани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ба миён омад.
Ҷасорат, мардонагӣ ва қаҳрамонии Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал маълум буд. Тавонистанд дар муддати кӯтоҳ ба ваъда вафо карда, ҷони худро зери хатар гузошта, дар минтақаҳои даргиру хавфноки кишвар ва давлати Афғонистон бо сарварони мухолифин вохӯрӣ гузарониданд. Гурезаҳоро ба Ватан баргардонда, харобиҳои ҷангро барқарор ва Ватанро ободу дастархони мардумро пурнозу неъмат карданд.
Ман имрӯз ба чеҳраҳои хандону шукуфони мардум, хусусан тифлакон, назар карда, дилам кушода мешавад ва ба даргоҳи Парвардигор ҳазорон шукрона мегӯям ва дуо мекунам, ки Худои азза ва ҷалла, пеш аз ҳама, умри Сарвари давлати моро дароз кунад, тану ҷонашонро саломат нигоҳ дорад ва ба халқи кишвар омади кор ва хушиҳои рӯзгорро муяссар созад.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО,
«Садои мардум»