Дар Анҷумани XXXI Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ тасдиқ шуд. Оид ба муҳтавои Барномаи зикршуда Котиби КМ ҲКТ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Талбаков ба хабарнигори рӯзнома чунин ибрози андеша кард:
- Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳадафҳои асосии барномавии ҳизб бармеояд ва ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, дар заминаи таҳлили дақиқу ҳамаҷонибаи вазъи имрӯзаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа, омӯзиши давраи шӯравӣ, айёми истиқлолият ва таҷрибаи кишварҳои рушдёфта таҳия ва тасдиқ шудааст.
Ҳадафи асосии Барнома аз тақвият бахшидани рушди иҷтимоии ҷомеа, ки ҷавобгӯйи манфиатҳои табақаҳои ниёзманд ва умуман меҳнаткашон бошад, иборат буда, ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон нигаронида шудааст ва амалӣ гардидани он шароити шоистаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавиро барои зиндагии арзанда фароҳам меорад.
Шиори Ҳизби коммунисти Тоҷикистон «Аз ҳар кас мувофиқи қобилияташ, ба ҳар кас мувофиқи меҳнаташ» дар меҳвари фаъолияти ҳизб қарор дорад ва мо содиқ будани худро ба арзишҳои соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ эълон медорем. Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар ҳама ҷанбаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа баробар бо дигар ҳизбҳо, созмонҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат меварзад.
Бо иштирок дар фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз тариқи интихоб шудан ба онҳо ва тавассути намояндагони худ дар доираи меъёрҳои муқаррарнамудаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории амалкунанда барои ноил омадан ба ҳадафҳои барномавиамон саъй хоҳем кард.
Барои расидан ба мақсадҳои барномавӣ ҲКТ ҳалли вазифаҳои зеринро бо роҳи ислоҳоти қонунгузорӣ ва татбиқи онҳо зарур мешуморад:
Мо дар соҳаи сиёсат ба соҳибихтиёрии давлатӣ, эҷоди зиндагии шоиста ба ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ, таҳким бахшидани дастовардҳо, таъмини сулҳу субот, якпорчагии кишвар, волоияти қонун ва ваҳдати миллӣ диққати аввалиндараҷа медиҳем.
Масъалаи муносибатҳои миллӣ, ки ба тақвият бахшидани ваҳдати миллӣ, инкишофи шуур ва фарҳанги миллӣ, тарбияи ҳамаҷонибаи сиёсию тахассусии кадрҳо мусоидат менамояд, маҳалгароию қавмпарастиро истисно карда, ҳамоҳангсозии сатҳи иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақаҳои мамлакат, бахусус деҳотро, таъмин менамояд, дар Барномаи пешазинтихоботӣ мавқеи муҳимро ишғол мекунад.
Ноил шудан ба таъмин кардани афзалияти моликияти давлатӣ, коллективӣ ва шаклҳои дигари моликияти ҷамъиятӣ дар иқтисодиёт, ҳамоҳангсозии шаклҳои хоҷагидории давлатӣ, коллективӣ, инфиродӣ ва хусусӣ, ки бо роҳи банақшагирӣ ва танзими муносибатҳои бозоргонӣ нигаронида шудааст, аз ҷанбаҳои муҳими самти иқтисодии Барнома маҳсуб меёбад. Ҷиҳати таъмини рушди комплекси энергетикии мамлакат ҳамчун омили бунёдии рушди устувор бо роҳи самаранок истифода бурдани захираҳои гидроэнергетикӣ ва дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия, анҷом додани сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», аҳамияти аввалиндараҷа додан ба рушди истеҳсолоти ватанӣ, дар асосҳои шартномавӣ ташкил намудани хариди давлатии молу маҳсулоти ватанӣ низ аз ҷумлаи ҳадафҳои барномавии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мебошанд. Кишоварзӣ соҳаи асосии хоҷагии халқи Тоҷикистон буда, эҳёи фаъолияти самараноки институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, хоҷагиҳои таҷрибавии тухмипарварию зотпарвариро аз шартҳои асосии рушди ин соҳа мешуморем.
Ба масъалаҳои татбиқи сиёсати иҷтимоӣ дар Барнома таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст. Пурра фаро гирифтани шахсони қобили меҳнат бо шуғли доимӣ ва мавсимӣ, ки боиси ҳар чӣ камтар рафтани шаҳрвандон ба муҳоҷирати меҳнатӣ мегардад, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, индексатсияи пасандозҳои пулии беқурбшудаи аҳолӣ, муҳайё сохтани шароит барои назорат оид ба пардохти музди кор, нафақа, кумакпулӣ ва стипендия, ба Фонди нафақаи Тоҷикистон баргардонидани андози иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷумлаи масъалаҳое аст, ки вакилони Маҷлиси намояндагон, ки аз Ҳизби коммунист ба он интихоб ва шомил шудаанд, таваҷҷуҳи бештар доранд. Рушди тандурустӣ, илм, маориф ва фарҳанг низ аз масъалаҳои калидии самти иҷтимоии Барномаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Қисмати дигари Барнома масъалаҳои ислоҳоти идоракунӣ, таъмини волоияти қонун, ислоҳоти судию ҳуқуқиро ва такмили қонунгузориро фаро мегирад. Мо мақсад дорем, ки ҷиҳати рушди низоми қонунгузорӣ, таҳкими рукнҳои давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи сулҳу субот ва амнияти иқтисодии кишвар ташаббуси қонунгузории хешро бо роҳи пешниҳод ва қабули лоиҳаҳои дахлдори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вусъат бахшем.
Дар самти сиёсати хориҷӣ мо ривоҷ додани муносибатҳои ҳамкориро бо Федератсияи Россия, кишварҳои дигари аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ҷумҳурии Халқии Хитой, давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ басо муҳим меҳисобем.
Баҳри амалӣ намудани Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мо, аъзои ҳизб ва ҷонибдоронамон, дар атрофи ҳизб ва ҳайати роҳбарикунандаи он муттаҳид шудаем.
Тибқи моддаи 1-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари мо давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Вобаста ба ин ва бо дарназардошти дигаргуншавии ҷомеаи ҷаҳони муосир, ҳама неруҳои сиёсӣ ва ҷамъиятиро барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ягонагии кишвар, сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодиёт, таъмини амнияти озуқаворӣ, энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва беҳтар намудани зиндагии мардум ба ҳамкорӣ даъват мекунем. Барномаҳо ва стратегияҳои тарҳрезишуда ва қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба амалӣ кардани ин мақсадҳо нигаронида шудаанд, ҷонибдорӣ намуда, дар татбиқи онҳо ширкати фаъол хоҳем кард.
Ҳама гуна амалҳои ифротгаройӣ, террористӣ ва хурофатпарастиро, ки ба оромии ҷомеа, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ таҳдид мекунанд, маҳкум менамоем ва дар атрофи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро пуштибонӣ менамоем, зеро мо хуб медонем, ки таъмини якпорчагии Ватани азизамон, сулҳ, ваҳдат, оромӣ ва шинохти Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ бо чӣ арзиши молию ҷонӣ ба даст омад.
Дар ниҳоят, аз ҳамаи интихобкунандагон, ки бо мо ҳамраъй мебошанд, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки дар рӯзи интихобот ба ҷонибдории ҳизби мо ва номзадҳоямон овоз диҳанд.
Абдулмаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»