1 марти соли 2015- интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Ҳадафи асосӣ — амалисозии сиёсати Сарвари давлат

№24-25 (3325-3326) 20.02.2015

МУАРРИФИНОМА

абдуллоевАбдуллозода  Иброҳим Ғоибназарӣ 25 феврали соли 1957 дар шаҳри Истаравшан, дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ  узви Ҳизби коммунистии Тоҷикистон аз соли 1986 мебошад.

Номбурда пас аз хатми мактаби миёнаи №14-и ба номи Обидхӯҷа Лутфӣ ба факултети агрономии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон дохил шуда, онро бо ихтисоси «агроном-олим» хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси ҳисобчии отряди механиконидашудаи Иттиҳодияи агросаноатии шаҳри Истаравшан оғоз намудааст. Соли 1978 дар сафи Артиши Шӯравӣ, аввал дар Ҷумҳурии Қазоқистон, баъд дар Ҷумҳурии  Исломии Афғонистон хизмат кардааст. И.Ғ. Абдуллозода соли 1980 дар хоҷагии давлатии «Коммунист» ба ҳайси агрономи калон ифои вазифа намуда, солҳои 1990-1993 дар вазифаи сарагрономи хоҷагии ниҳолпарварӣ кор кардааст. Солҳои 1993 -2000-ум, яъне то ба кор омадан ба вазифаи масъули Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан сардори муассисаи қабули чорвои шаҳр буд.

Солҳои 2000-2007 муовини раиси шаҳри Истаравшан, солҳои 2007-2011 раиси Ҷамоати деҳоти «Зарҳалол» буд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 январи соли 2011 иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан ва аз моҳи июли ҳамон сол раиси шаҳри Истаравшан таъин гардида, то 3 феврали соли 2015 дар ин вазифа кор кард.

25 феврали соли 2012 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентиро ба уҳда дорад.

28 феврали соли 2010 аз ҳавзаи интихоботии №34 ӯ  вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд интихоб гардида буд.

Барои хизматҳои шоён И.Ғ. Абдуллозода бо ордену медалҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳамчун намояндаи парлумони Тоҷикистон бо медали «Барои пойдории ҳамкориҳои байнипарлумонӣ» сарфароз гардидааст.

Оиладор, соҳиби чор нафар фарзанд ва 11 набера мебошад.

Шаҳри бостонии Истаравшан, ки моҳи сентябри соли 2002 бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2500-солагиаш бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд, дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи ҳамаи шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои мамлакат ҳам аз нигоҳи сиёсиву иқтисодӣ ва ҳам аз ҷиҳати иҷтимоиву фарҳангӣ хеле пеш рафт.

Бино ба нишондодҳои оморӣ тӯли ин муддат дар шаҳри Истаравшан наздик ба 900 иншооти гуногуни маданию маишӣ, иҷтимоиву хизматрасонӣ сохта, ба истифода дода шуд. Соҳаи маориф дар ин давра соҳиби 22 бинои нав, 220 синфхонаи иловагӣ гардид. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳр аз 24 миллиону 900 ҳазор сомонии соли 1991 ба зиёда аз 200 миллион сомонӣ расид, ки дар муқоиса ҳашт баробар зиёд аст. Агар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ соли 1991 ҳамагӣ 137,6 миллион сомониро ташкил дода бошад, ин нишондиҳанда имрӯз ба 420 миллион сомонӣ расидааст. Ин ҳама дастовардҳо маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва заҳмати шабонарӯзии сокинони шаҳр ба даст омаданд.

Инчунин саҳми номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Истаравшан №23 Абдуллозода Иброҳим Ғоибназарӣ дар ин дастовардҳо назаррас аст. Зеро номбурда аз моҳи январи соли 2000-ум то моҳи феврали соли 2007 (зиёда аз ҳафт сол) вазифаи муовинии раиси шаҳри Истаравшан ва зиёда аз чор сол сарварии яке аз ҷамоатҳои калони саноатии шаҳр-Ҷамоати деҳоти «Зарҳалол»-ро ба уҳда дошт. 7 январи соли 2011 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан ва аз моҳи июли ҳамон сол ба ҳайси раиси шаҳр таъин гардида, то 3 феврали соли равон пурсамар кор кард.

Мавсуф ҳамчунин узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ ва муовини раиси Комиссияи доимии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Борҳо вакили Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи  шаҳриву вилоятӣ интихоб шудааст.

Дар Пленуми муттаҳидаи 5-уми кумитаҳои шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Шаҳристони Ҳизби коммунистии Тоҷикистон номзадии ӯ ба маснади вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардидааст.

- Саҳм гузоштан дар ободии Ватан ва беҳдошти рӯзгори мардум қарзи шаҳрвандии ҳар як шахси соҳибватан мебошад. Ман ифтихор мекунам, ки қисми зиёди умрам сарфи ҳамин кори пуршараф шуд.

Сарвари давлатамон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 фармудаанд: «Ҳар яки мо вазифадорем, ки тамоми азму ирода ва неруву имкониятҳои худро барои хизмат ба халқу Ватани маҳбубамон ва минбаъд низ сазовор будан ба эътимоди мардуми кишвар сафарбар намоем».

Аз ин рӯ, вақте гуфтанд, ки розигиамро нисбати пешбарӣ шуданам ба номзадии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон диҳам, маҳз ба ҳамин хотир розӣ шудам,-изҳори назар намуд И.Ғ.Абдуллозода.

Ҳадафи асосии Барномаи пешазинтихоботии мавсуф, ки аз Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон бармеояд, мусоидат намудан ба таъмини инкишофи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва баланд бардоштани мавқеъ, нуфузи Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ буда, бандҳои зеринро дар бар мегирад:

-таҳияи маҷмӯи санадҳо ва барномаҳои миллӣ, ки Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари сулҳҷӯ ва созанда муаррифӣ мекунанд;

-иштироки фаъолона дар таҳияи қонунҳои ба риояи меъёрҳо ва тартиботи байналмилалӣ мувофиқ, ки дар самти рушди ҷомеа нигаронида шудаанд;

-иштирок дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хориҷи кишвар, махсусан муҳоҷирати меҳнатӣ ҳимоя менамоянд;

-мусоидат дар такмил додани барномаҳои миллӣ ва таҳияи барномаҳои минтақавии шуғли аҳолӣ;

-иштироки фаъолона  дар ислоҳоти соҳаи маорифи Тоҷикистон бо мақсади омодасозии ҷавонон ба меҳнати бунёдкорона баҳри пешрафти Тоҷикистон.

Қобили зикр аст, ки номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон И.Ғ Абдуллозода барои амалигардонии ин ҳадафҳо дар самти такмили қонунгузорӣ пешниҳодҳои мушаххас ва аз ҷиҳати илмӣ асоснок низ дорад.

Ба назари мо, агар интихобкунандагони шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Шаҳристон ба ҷонибдории ин номзади арзанда овоз диҳанд, хато нахоҳанд кард. Зеро Абдуллозода дар шохаҳои гуногуни фаъолияти хеш ҳамеша вазифаи худро бо дарки масъулияти баланд ва эҳсоси ватандорӣ анҷом додааст ва ҳамчун вакили муносиб дар парлумони кишвар метавонад дар таҳия ва қабули қонуну санадҳои барои мардум ҳаётан муҳим саҳми босазо дошта бошад.

Ҳусейни Назрулло,  «Садои мардум»