ҚАРОРИ
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи бақайдгирии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Мувофиқи моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва протоколҳои Анҷумани X Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Анҷумани XХI (ғайринавбатии) Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Анҷумани XI Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар бораи пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бланкаҳо бо имзои шаҳрвандон оид ба дастгирии номзадии вай, маълумот дар бораи тарҷимаи ҳол ва аризаи ӯро оид ба додани розигиаш барои ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намудани номзадиаш баррасӣ намуда, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Эмомалӣ Раҳмон, соли таваллудаш 1952, раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шавад.
Раиси Комиссияи марказии интихобот
ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Шоҳиён
Котиби Комиссияи марказии интихобот
ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон В. Наимова
ш. Душанбе, 9 октябри соли 2013 № 66
ҚАРОРИ
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи бақайдгирии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бухориев Т.А.
Мувофиқи моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва протоколи Анҷумани V ғайринавбатии Ҳизби Аграрии Тоҷикистонро дар бораи пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бланкаҳо бо имзои шаҳрвандон оид ба дастгирии номзадии вай, маълумот дар бораи тарҷимаи ҳол ва аризаи ӯро оид ба додани розигиаш барои ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намудани номзадиаш баррасӣ намуда, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Бухориев Толибек Аҳмадович, соли таваллудаш 1954, узви Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, ноиби Президенти Академияҳои илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ҳамчун номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шавад.
Раиси Комиссияи марказии интихобот
ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Шоҳиён
Котиби Комиссияи марказии интихобот
ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон В. Наимова
ш. Душанбе, 9 октябри соли 2013 № 68
ҚАРОРИ
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи бақайдгирии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоев О.
Мувофиқи моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва протоколи Анҷумани IV ғайринавбатии Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистонро дар бораи пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бланкаҳо бо имзои шаҳрвандон оид ба дастгирии номзадии вай, маълумот дар бораи тарҷимаи ҳол ва аризаи ӯро оид ба додани розигиаш барои ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намудани номзадиаш баррасӣ намуда, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Бобоев Олимҷон, соли таваллудаш 1952, раиси Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон, директори Институти иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шавад.
Раиси Комиссияи марказии интихобот
ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Шоҳиён
Котиби Комиссияи марказии интихобот
ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон В. Наимова
ш. Душанбе, 9 октябри соли 2013 № 69
ҚАРОРИ
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи бақайдгирии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффоров А.
Мувофиқи моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва протоколи Анҷумани VIII Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистонро дар бораи пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бланкаҳо бо имзои шаҳрвандон оид ба дастгирии номзадии вай, маълумот дар бораи тарҷимаи ҳол ва аризаи ӯро оид ба додани розигиаш барои ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намудани номзадиаш баррасӣ намуда, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ғаффоров Абдуҳалим, соли таваллудаш 1951, раиси Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ ҳамчун номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шавад.
Раиси Комиссияи марказии интихобот
ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Шоҳиён
Котиби Комиссияи марказии интихобот
ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон В. Наимова
ш. Душанбе,10 октябри соли 2013 № 72
ҚАРОРИ
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи бақайдгирии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмонов С.И.
Мувофиқи моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва протоколи Анҷумани XII Ҳизби Демократи Тоҷикистонро дар бораи пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бланкаҳо бо имзои шаҳрвандон оид ба дастгирии номзадии вай, маълумот дар бораи тарҷимаи ҳол ва аризаи ӯро оид ба додани розигиаш барои ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намудани номзадиаш баррасӣ намуда, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Исмонов Саидҷаъфар Исмонович, соли таваллудаш 1960, раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон ҳамчун номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шавад.
Раиси Комиссияи марказии интихобот
ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Шоҳиён
Котиби Комиссияи марказии интихобот
ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон В. Наимова
ш. Душанбе, 10 октябри соли 2013 № 73
ҚАРОРИ
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи бақайдгирии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбаков И. И.
Мувофиқи моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва протоколи Анҷумани ХХХ Ҳизби Коммунистии Тоҷикистонро дар бораи пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бланкаҳо бо имзои шаҳрвандон оид ба дастгирии номзадии вай, маълумот дар бораи тарҷимаи ҳол ва аризаи ӯро оид ба додани розигиаш барои ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намудани номзадиаш баррасӣ намуда, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Талбаков Исмоил Иброимович, соли таваллудаш 1955, котиби Комитети марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шавад.
Раиси Комиссияи марказии интихобот
ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Шоҳиён
Котиби Комиссияи марказии интихобот
ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон В. Наимова
ш. Душанбе, 10 октябри соли 2013 № 74