Даҳуми сентябри соли равон таҳти раёсати раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ҷаласа доир гардид, ки дар он масъалаҳо оид ба шакл ва ҳаҷми ягонаи лавҳаи иттилоотии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини шароити баробар барои онҳо дар раванди интихобот (ташвиқоти пешазинтихоботӣ), мушаххас кардани ҳайати комиссияҳои ҳавзавии интихобот ва ҷалби коршиносон ба давраи тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва дар робита ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Қайд шуд, ки лавҳаи иттилоотии номзадҳо дар шакл ва ҳаҷми ягона аз ҷониби Комиссияи марказӣ чоп ва ба ҳар як ҳавза ва участкаи интихоботӣ дастрас карда мешавад.
М. УСМОН,
«Садои мардум»