Қарори КМИР «Дар бораи ташкил намудани участкаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷ аз Тоҷикистон»

№118-119 (3103-3104) 23.09.2013

 Мутобиқи моддаи  9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар асоси пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор  мекунад:

1. Бо мақсади таъмини иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  берун  аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат доранд, участкаҳои интихоботӣ дар намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои зерин ташкил карда шаванд:

дар Федератсияи Россия — шаҳрҳои Москва,Санкт- Петербург, Твер, Тула, Ярославл, Рязан, Калининград, Саратов, Волгоград, Қазон, Уфа, Нижний Новгород, Краснодар, Астрахан,  Екатеринбург, Тюмен,  Челябинск, Красноярск,  Благовешенск, Новосибирск, Самара, Перм, инчунин дар кишвари Хабаровск ва Ҷумҳурии Саха (Якутия);

дар Ҷумҳурии Беларус — шаҳри Минск;

дар Ҷумҳурии Қазоқистон- шаҳрҳои Остона ва Алмаато;

дар Ҷумҳурии Қирғизистон — шаҳри Бишкек;

дар Озарбойҷон- шаҳри Боку;

дар Туркманистон — шаҳри Ашхобод;

дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон- шаҳри Тошкент;

дар Украина- шаҳри Киев;

дар Ҷумҳурии Исломии Эрон- шаҳрҳои Теҳрон ва Машҳад;

дар Ҷумҳурии Мисри Араб — шаҳри Қоҳира;

дар Арабистони Саудӣ — шаҳрҳои Ар-Риёз,  Макка ва Мадина;

дар Аморати Муттаҳидаи Араб- шаҳрҳои Дубай ва Абу-Забӣ;

дар Давлати Қатар- шаҳри Доҳа;

дар Ҷумҳурии Ҳиндустон- шаҳри Деҳлӣ;

дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон- шаҳрҳои Кобул, Мазори  Шариф, Файзобод ва  Қундуз;

дар Ҷумҳурии Исломии Покистон- шаҳри Исломобод,

дар Ҷумҳурии Туркия- шаҳрҳои Анқара ва Истамбул;

дар Ҷумҳурии Халқии Хитой- шаҳрҳои Пекин ва Урумчӣ;

дар Ҷопон- шаҳри Токио;

дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка — шаҳрҳои Вашингтон ва Ню-Йорк;

дар Шоҳигарии Белгия- шаҳри Брюссел;

дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон- шаҳри Берлин;

дар Британияи Кабир- шаҳри Лондон;

дар Конфедератсияи Швейтсария- шаҳри Женева;

дар Ҷумҳурии Австрия- шаҳри Вена.

2. Участкаҳои интихоботӣ, ки дар хориҷи Тоҷикистон воқеъ гардидаанд дар Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шоҳмансур № 3 ба қайд гирифта шаванд.

3. Участкаҳои интихоботии мазкур натиҷаҳои овоздиҳиро оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмансур № 3  пешниҳод намоянд.

 

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                   Ш. Шоҳиён

 

Котиби  Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон                               В. Наимова

 ш. Душанбе,  19 сентябри соли 2013 №56