Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№74 (4494) 16.06.2022

Дар бораи ташкили комиссияҳои ҳавзавии якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихоботии Фирдавсӣ №1, Рӯдакӣ №9 ва Данғара №36

Мутобиқи моддаҳои 13 ва 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва пешниҳоди раисони ноҳияҳои Фирдавсии шаҳри Душанбе, Рӯдакӣ ва Данғараи вилояти Хатлон Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Комиссияҳои ҳавзавии якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихоботии Фирдавсӣ №1, Рӯдакӣ №9 ва Данғара №36 дар ҳайати зерин ташкил карда шаванд:

 Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Фирдавсӣ №1

Раиси комиссия

Сафаров Зариф Шарифович — муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ ва тарбиявии Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии  кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Муовини раиси комиссия

Ҳабибзода Саидҷон Умед — директори Муассисаи давлатии «Нигоҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон» — и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

Котиби комиссия

Табарова Мавҷигул Негматуллоевна  — сардори шуъбаи умумӣ ва хазинадории Корхонаи  воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз»

Аъзои комиссия

Аюбӣ Мухбира — мудири шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

Ғуломзода Ҳабибуллои Раҳматулло — сардори раёсати корҳо ва ҳуқуқи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Юсупова Зарина Розиқовна — докторанти Интитути забон ва адабиёти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ниёзов Хисрав Муродович  — директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Фирдавсии  шаҳри Душанбе

Шамшерзода Зафар Чилла — сардори Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

Азимзода Зафар Маҳмадулло — сардори Нозироти «Идоракунӣ ва хизматрасонии фонди манзилӣ» — и ноҳияи Фирдавсии  шаҳри Душанбе

   қароргоҳ – шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев, 42/2 (бинои Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон)

 Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Рӯдакӣ №9

Раиси комиссия

Пирзода Абдулло Алимаҳмад — раиси Ҷамоати шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ

 Муовини раиси комиссия

Шарипов Одилҷон Муродович — омӯзгори Гимназияи №1-и ноҳияи Варзоб

Котиби комиссия

Баротова Ҷумъагул Давлатовна — омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №67-и ноҳияи Рӯдакӣ

Аъзои комиссия

Негматова Зулайхо Раҷабалиевна — раиси Ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ

Ахмедов Файзалӣ Умарович — нафақагир

Раҳматова Мунира Наимовна — директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и ноҳияи Варзоб

Салимова Мунира Нурмаҳмадовна — раиси Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Рӯдакӣ

Давлатов Ҷамшед Музафарович — раиси Ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ

 Каримов Қандилҷон  Ҷунайдуллоевич — муовини раиси Ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ

 Ходжаева Ситора Салоҳиддиновна — директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Варзоб

Саидов Меликбой Мирзоалиевич — раиси Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ

Ҳайдаров Фарҳод Эмомалиевич — раиси Ҷамоати деҳоти Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ

Ҷононаев Авзалшо Ҷумъаевич — мутахассиси Муассисаи давлатии «Раёсати кор бо маҳаллаҳо ва хизматрасонии фонди манзилию коммуналӣ» — и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

қароргоҳ – бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №67-и ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷамоати деҳоти Чоряккорон, деҳаи Чоряккорон

 Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Данғара №36

Раиси комиссия

Абдуллозода Қурбоншо Ҳайдар — директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Данғара»

Муовини раиси комиссия

Раҳимова Нигина Маҳмадуллоевна — муовини сардори Муассисаи давлатии «Шуъбаи манзилию коммуналии хоҷагидории шаҳри Норак»

Котиби комиссия

Исмоилова Сафармо Муллоевна — муовини раиси Ҷамоати шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара

Аъзои комиссия

Баротзода Амирхон — директори Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара

Ғафурова Дилором Ҷаборовна — декани факултети педагогикаи инноватсионӣ ва психологияи  Донишгоҳи давлатии Данғара

Раҳмонов Кароматулло Давлатмуродович — директори Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсияи назди шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара

Саидзода Суҳроб Барот — сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Норак

Шарипов Файзалӣ Пирназарович — раиси Иттифоқи касабаи кормандони Неругоҳи барқи обии «Норак»

Сайдализода Гулчеҳра Гурез — муовини директори Муассисаи давлатии «Кумаки аввалияи санитарию тиббӣ» дар ноҳияи Данғара

 қароргоҳ — ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ 34, бинои Маркази татбиқи лоиҳаҳои обёрии водии Данғара

 Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон         Б. ХУДОЁРЗОДА

 Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Н. САМАДЗОДА 

ш. Душанбе, 14 июни соли 2022, № 169