Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи тибқи рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон додани мандати вакилӣ ба номзад Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода

№23 (4763) 19.02.2024

Мувофиқи моддаи 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2024, №1207, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Бинобар пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо Сайдулло аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, тибқи рӯйхати номзадҳои интихобгардида аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мандати вакилӣ ба номзад Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода дода шавад.

2. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода ба қайд гирифта шуда, ваколатҳояш тасдиқ карда шавад.

3. Ба Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода тибқи тартиби муқарраргардида, шаҳодатномаи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад.

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. ХУДОЁРЗОДА

Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. САМАДЗОДА

ш. Душанбе, 19 феврали соли 2024, № 196