ҲАТ номзадии Рустам Латифзодаро ба маснади президентӣ пешбарӣ намуд

№100 (4206) 18.08.2020

DSC_1897Понздаҳуми августи соли равон дар толори Академияи миллии илм­ҳои ҷумҳурӣ Анҷумани ҳаштуми Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) баргузор шуд, ки дар он намояндагони КМИР, Вазорати адлия ва қисме аз аъзои ҳизб ҳамчун вакил иштирок намуда, масъалаи иштироки ҲАТ дар интихоботи президентиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раиси ҲАТ Рустам Латифзода изҳор дошт, ки ҳизби онҳо таҷрибаи иштирок дар маъракаҳои сиёсиро дорад ва дар интихоботи Президенти Тоҷикистон ширкат хоҳад намуд.

- Тавре маълум аст, бо қарори Ҷаласаи ­якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, аз 6 августи соли ҷорӣ, №26, рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 октябри соли 2020 таъин гардид. Раёсати Кумитаи марказии Ҳизби аграрии Тоҷикистон ҳамон рӯз ҷаласа доир кард ва ин масъаларо баррасӣ намуд, — изҳор дошт Рустам Латифзода. – Мақсад аз иштироки Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар маъракаи сиёсии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду нумӯи Тоҷикистони азиз, боз ҳам хубтару беҳтар намудани шароити зиндагии мардум мебошад.

Бино ба қавли Рустам Латифзода, ҲАТ ягона неруи сиёсии шаклгирифтаест, ки дар ду даъвати охири Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баробари ҲХДТ, фраксияи парлумонӣ таъсис дод ва доир ба масоили муҳиме, ки дар мақоми олии қонунгузории мамлакат мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд, назари хоса дорад.

- Мо бо ҷонибдорӣ аз раванди демократӣ дар кишвар ба он назарем, ки интихобот иштироки фаъоли ҳизбҳои сиёсиро тақозо мекунад ва мардуми кишвар озоду шаффоф ва ба таври демократӣ дар баргузории он иштирок хоҳанд кард. Бинобар ин, раёсати Кумитаи марказии Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар ин маъракаи муҳими тақдирсоз, ки таҷассумгари иродаи миллӣ ва демократия мебошад, набояд бетарафӣ зоҳир намояд, балки барои рушду ободии ҷумҳурӣ, таъмини зиндагии арзандаи шаҳрвандони кишвар бо пешбарии номзад ширкат варзад.

Доир ба масъалаи пешбарии номзад аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон узви раёсати он Зайниддин Сафаров баромад намуда, номзадии раиси ҳизб Рус­там Латифзодаро барои иштирок дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд. Ӯ, аз ҷумла, гуфт:

- Раиси ҳизб Рустам Латифзода шахсияти шинохта аст. Ӯ нафарест, ки дар оилаи намунавӣ ба воя расидааст. Ҳамчунин, аз рӯзи аввали таъсисёбии ҳизб барномаи онро дар сатҳи гуногун муаррифӣ намудааст. Бинобар ин, агар иштирокчиёни анҷуман номзадии ­Рустам Латифзодаро ҷонибдорӣ кунанд, бовар дорем, ки ӯ мақсаду мароми ҳизбро дар сатҳи ҷумҳурӣ ҳимоя карда метавонад.

Аъзои ҳизб – вакилон Ризқизода Музаффар, Сафарова Рупия, Ахмедов Мирзоанвар ва Мусозода Шодӣ аз иштирокчиён даъват намуданд, ки номзадии Рустам Латифзодаро ҷонибдорӣ кунанд. Ҳамин тариқ, иштирокдорон якдилона ба ҷонибдории номзадии раиси ҳизб овоз доданд.

Рустам Латифзода ба ҳозирин барои бовариашон миннатдорӣ изҳор намуда, лоиҳаи барномаи пешазинтихоботии ҳизбро манзури иштирокчиён гардонд, ки дар он ба масъалаҳои зерин таваҷҷуҳ зоҳир шудааст: амнияти давлатӣ ва сарҳадот, озуқаворӣ, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ ва ҷавонон, рушди деҳот, иқтисодиёт, рушди энергетика, кишоварзӣ, логистика, об ва истифодаи самараноки замин, сохтмони обанборҳои хурду миёна, хариди давлатӣ ва фармоиши давлатӣ, андоз, баланд бардоштани нафақаи кишоварзон, фарҳангу маънавиёти аҳолӣ ва ғайра.

М. УСМОН, «Садои мардум»