Ҷиҳати ташреҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияту зарурати тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодгашта дар навоҳии водии Зарафшон мулоқоти гурӯҳҳои кории Ҳукумат ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олим Салимзода бо сокинон доир шуд. Аз ҷумла, 19 феврал дар деҳоти «Вору»-и ноҳияи Панҷакент Олим Салимзода мазмуну мундариҷаи Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу эзоҳ дод ва гуфт, ки дар амал татбиқ гардидани се ҳадафи стратегии давлат имкон фароҳам меорад, то зиндагии мардум ва вазъи иқтисодии кишвар беҳтару хубтар шавад.
Олим Салимзода дар ин мулоқот, ҳамчунин тағйиру иловаҳои пешниҳодшударо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тавзеҳ дода, зикр намуд, ки онҳо дар маҷмӯъ ба рушди ҷомеа нигаронида шудаанд.
Қабл аз ин, мулоқоти Олим Салимзода бо сокинони ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ ва Айнӣ баргузор гардида буд. Дар ҷараёни ин мулоқотҳо бо ишора ба нуктаҳои Паёми Пешвои миллат ҷавононро даъват кард, ки бештар ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосир шуғл варзида, фарҳанг ва тамаддуни бостонии миллатро ҳифз намоянд. Илова бар ин, дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки ғӯтавар ба буҳрони маънавию иқтисодӣ гардидааст, ҷавонони ҳушманди кишвар бояд бо иқдоми шоиста ва ибтикори созанда алайҳи ҳама гуна гурӯҳ ва аҳзоби тундрави иртиҷойӣ, ки ҳадафҳои нопоку ғаразноки хешро мехоҳанд дар кишварҳои амни минтақа амалӣ созанд, мубориза баранд.
Сокинони ноҳияҳои номбурда доир ба Паёми сарнавиштсози Пешвои миллат ва аҳамияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша карда, ҷонибдории худро аз сиёсати имрӯзаи Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон баён намуданд.
С. Абдувосит, «Садои мардум»