9 октябри соли 2013 таҳти раёсати Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ҷаласа баргузор гардид, ки масъалаи бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ қарори Анҷумани Ҳизби аграрии Тоҷикистон оид ба пешбарии номзадии Бухориев Толибек Аҳмадович ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Анҷумани Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон оид ба пешбарии номзадии Бобоев Олимҷон ирсол гардида буданд.
Рўзи 7 октябри соли 2013 ҳуҷҷатҳо ва маводи зарурӣ, аз ҷумла бланкаҳо бо имзоҳои интихобкунандагон оид ба дастгирии номзадҳои пешбаригардида ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешниҳод шуданд. Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз 9 октябри соли 2013 Бухориев Толибек Аҳмадович ва Бобоев Олимҷон ҳамчун номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд.
10 октябри соли равон дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ба қайд гирифтани номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд. Ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ қарори Анҷумани Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон оид ба пешбарии номзадии Ғаффоров Абдуҳалим, қарори Анҷумани Ҳизби демократи Тоҷикистон оид ба пешбарии номзадии Исмонов Саидҷаъфар, қарори Анҷумани Ҳизби коммунистии Тоҷикистон оид ба пешбарии номзадии Талбаков Исмоил ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардида буданд.
8 октябри соли 2013 Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, 9 октябр Ҳизби демократи Тоҷикистон ва Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳо ва маводи зарурӣ, аз ҷумла бланкаҳо бо имзоҳои интихобкунандагон оид ба дастгирии номзади пешбаригардидаро ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешниҳод намуданд. Ҳуҷҷатҳо ва маводи пешниҳодшуда ба талаботи моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ мебошанд. Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз 10 октябри соли 2013 Ғаффоров Абдуҳалим, Исмонов Саидҷаъфар ва Талбаков Исмоил ҳамчун номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд.
Ҳамзамон 15 нафарӣ шахсони боэътимод, ки барои бақайдгирӣ ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешниҳод гардида буданд, ба сифати шахсони боэътимод барои гузаронидани маъракаи интихоботии номзадҳо, ташвиқот бурдан ва ҳимояи манфиатҳои номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»