Бақайдгирии номзадҳо тибқи рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ

№ 21.01.2015

20 январи соли 2015 таҳти раёсати раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён ҷаласа баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои бақайдгирии рӯйхати номзадҳо аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот тибқи пешниҳоди ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони боэътимоди онҳо, инчунин аккредитатсияи нозирони байналмилалӣ аз Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Баъд аз омӯзиши ҳамаҷонибаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи ҳизбҳои сиёсӣ бо қарорҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи талаботи моддаҳои 12, 35 ва 38 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», рӯйхати шаш нафар номзад аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, шаш нафар номзад аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва чор нафар номзад аз Ҳизби демократи Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо ба қайд гирифта шуданд.

Дар ҷаласаи Комиссия зикр гардид, ки Анҷумани Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон номзадии ҳафт нафар аъзои ҳизбро тибқи рӯйхат ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот пешбарӣ карда буд. Бинобар сабаби беморӣ як нафар номзади пешбаришудаи ин ҳизб ҳуҷҷатҳои худро ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод накарда, бо ариза хоҳиш намудааст, ки номзадии ӯ тибқи рӯйхати ҳизб ба қайд гирифта нашавад. Бинобар ин, бо Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии Ғаниев Изатулло Наврӯзович –профессор, мушовири кафедраи технологияи истеҳсолоти электрохимиявии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ аз рӯйхати Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон хориҷ карда шуд.

Дар робита ба масъалаи аккредитатсияи нозирони байналмилалӣ аз Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо барои иштироки онҳо дар интихоботи дарпешистода бошад, зикр гардид, ки тибқи қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  28 нафар нозир аз ин созмони байналмилалӣ аккредитатсия карда, ба онҳо шаҳодатномаи нозири байналмилалӣ супорида мешавад.

***

21 январи соли 2015 дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид, ки дар он бо қарорҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати 27 нафар номзад аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва 13 нафар номзад аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо ба қайд гирифта шуданд.

Дар ҷаласа зикр гардид, ки Анҷумани Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон номзадии 28 нафар аъзои ҳизбро тибқи рӯйхат ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот пешбарӣ карда буд. Аммо, бинобар сабаби ба вазифаи дигар гузаштан ва аз номзад ба вакилӣ даст кашидани як нафар номзади пешбаришуда, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо мактуби хаттӣ муроҷиат карда, хоҳиш намудааст, ки номзадии ӯ тибқи рӯйхати ҳизб ба қайд гирифта нашавад. Бинобар ин, бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии Лоиқов Қаноатшо Холиқович- иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт аз рӯйхати Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон хориҷ карда шуд.

Ҳамчунин бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон 130 нафар шахсони боэътимоди Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва 65 нафар шахсони боэътимоди Ҳизби аграрии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»