То баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои башумор мондааст. Мухбирамон дар ин робита бо ду нафар сокини шаҳри Кӯлоб - яке нависандаи шинохта Сайид Раҳмон ва дигаре корманди Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи минтақаи Кӯлоб Абдуҷаббор Аҳмадов суҳбат орост.
- Устод, шумо дар миёни мардум чун рӯзноманигори собиқадор ва нависандаи сермаҳсул эҳтироми хоса доред. Хоҳишмандам андешаҳои худро доир ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намоед.
- Ман ба сифати як тан аз интихобкунандаи қаторӣ дар интихоб мавқеи хешро кайҳо муайян кардаам ва расидани рӯзи интихоботро интизорам, то раъйи худро ба ҷонибдории он номзаде диҳам, ки бо баҳои ҷон ва ақлу фазилати Худодод тоҷику тоҷикистониёнро аз ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ раҳонида, ин ҳардуро бо сифатҳои нек назди оламиён муаррифӣ кард. Номзади мо ба муаррифӣ ниёз надорад, вале аз рӯйи расмият бояд иқрор шавам, ки ин шахс ҳамон ҷавонмарди шуҷоу дурандешест, ки дар Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон назди намояндагони мардум қасам ёд карду то ҳол ба қавли додаи хеш истодагарӣ дорад.
Дар атрофи фаъолияти давлатдории Эмомалӣ Раҳмон гуфтаниҳои зиёд дорам, вале ин ҷо имконият маҳдуд аст. Фақат мехоҳам ду лаҳзаи хотирмонро ёдрас шавам, ки аз нияти софу дили бузург доштани номзади мо шаҳодат медиҳад:
Ҳамин мард буд, ки дар лаҳзаҳои мушкили умр-маризӣ ба аёдати Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода Москва рафта, устодро дилбардорӣ намуданд. Маҳз бо ҳидояти хосаи ӯ тобути устод аз Москва ба Душанбе интиқол ёфту маросими дафн бо расму русуми тоҷикона сурат гирифт. Ин иқдом ба он хотир буд, ки нависандаи бузургамон ғарибмазор набошад.
Иқдоми навбатии номзади мо аз ғурбат ба Ватан овардани устод Бозор Собир аст. Устод дар Амрико дар андешаи ёфтани макони муносиб барои роҳи охирати худ ранҷ мекашид. Акнун бо шарофати ғамхорию меҳрубониҳои Сарвари давлат, устод дар Ватан, дар ҳалқаи наздикону дӯстони хеш фароғати зиндагӣ дорад. Пас чаро мо -соҳибқаламон аз ин гуна фарзанди шарафманди миллат шукрона накарда, аз номзадии ӯ ҷонибдорӣ накунем?
- Тоҷикони дунё дар замони муосир соҳиби ду қаҳрамонанд, ки аввалинаш Эмомалӣ Раҳмон ва дуввумаш Аҳмадшоҳи Масъуд аст. Барои таҷассуми ҷонфидоиҳои Аҳмадшоҳи Масъуд ба деҳаи Ҷангалаки дараи Панҷшери Афғонистон рафтам. Айни ошноӣ дидам, ки дар як кунҷи хонаи аз таркиши снаряд валангор зане дар қуттии тирдони автомат барои аҳли хонаводаи хеш хамир мешӯрад. Дар сояи девори нимвайроне бо ном «гаҳворае» меистод, ки аз ҳар гуна партови оҳанпораҳо сохта шуда, дарунаш тифлаке ором мехобид. Бистару болини он тифл аз хас руба буд. Аз марди хона вазъи ҳол пурсидам ва ӯ дар посух маъюсона гуфт: — Падару модар ва наздикони ин тифл ҳама дар ҷанг нобуд шудаанд ва ман ӯро ҳамроҳи фарзандони хеш дар ҳамин вазъият тарбия дорам.
Оқибати фоҷиабори ҷанги сисолаи Афғонистонро бо чашми хеш дида, ногаҳон вуҷудамро як ҳиссиёти ғайримуқаррарие фаро гирифт, ки он лаҳзаро худам медонаму Худо. Марди хона ҳолати маро пай бурда, хавотиромез пурсон шуд: — Меҳмон, чаро ашк мерезӣ?
Баъди андаке ба худ омадан беихтиёр гиребонамро бо ду даст дошта, бо ашки резон ба он мард гуфтам: — Ҳазорон шукри Худои бузург, ки мо -тоҷикону тоҷикистониёнро аз ин ваҳшониятҳои ҷанги шаҳрвандӣ сари вақт раҳо кард.
Дидам, ки аз ин шукргузориҳои банда дар чашмони маъюси соҳибхона низ ашк ҳалқа зад. Баъди андаке ӯ як оҳи чуқуре кашида гуфт: -Худоё, моро ҳам мисли Эмомалӣ Раҳмон сарвар деҳ…
Дар ниҳоят гуфтаниам, ки аз миёни номзадҳо аз ҳама арзандааш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Охир ба дӯши ин абармард чун шиша бори нозуку гарони орзую ормонҳои ҳазорсолаи миллатамон истодааст, ки онро маҳз ҳамин мард қудрату тавони ба манзили мурод расонидан дорад.
- Абдуҷаббор Аҳмадов, шумо ҳамчун корманди ҷавони Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар радифи ин андешаҳои собиқадори матбуоти кишвар — нависанда Сайид Раҳмон чӣ гуфтаниҳо доред?
- Устод Сайид Раҳмон ин ҷо воқеияти ҳолро ёдовар шуданд. Ман бо тамоми масъулият ва бидуни шак гуфтаниам, ки маҳз маҷмӯи ана ҳамин воқеиятҳо, сабаби дар қалбам пайдо шудану маскан гирифтани меҳру муҳаббати беандоза нисбати номзад ба маснади Президентӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардид. Ман Президенти худро ба он дараҷае дӯст медорам, ки ҳадду ченак дар пеши ин муҳаббат оҷиз аст.
- Бигузор зиндагии тоҷику тоҷикистониён зери роҳбарии хирадмандонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду нумуъ ёбаду ҳамеша сарсабзию шукуфойӣ ёрашон бошад.
Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»