Тавре хабар дода будем, вохӯрии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Рашт №12 Шукурҷон Зуҳуров дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт идома дорад.
Дар ноҳияи Нуробод вохӯрӣ бо номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров хеле самимӣ баргузор гардид. Сокинони ноҳия, ки ба пешвози номзад баромада буданд, хоса калонсолон, бо номзад ҳамчун собиқ раиси ноҳия муносибат мекарданд. Аз хизматҳои эшон дар ободонии ноҳия ҳарф мезаданд ва бо ифтихор мегуфтанд, ки қадамҳои нахустини худро дар арсаи сиёсат Шукурҷон Зуҳуров дар ноҳияи Нуробод (собиқ Комсомолобод) гузоштааст.
-Ман аз он рӯзҳое, ки Шукурҷон Зуҳуров дар ноҳияи мо раис буд, хотираҳои зиёд дорам,- гуфт дар суҳбат собиқадори меҳнат Тоҳир Олимов. –Замоне, ки ӯ раиси Кумитаи иҷроияи ноҳия таъин шуд, ҳамагӣ сиву як сол дошт. Бо вуҷуди ҷавонӣ дар ҳалли масъалаҳо нозукбинона ва мисли як марди таҷрибаандӯхта муносибат мекард.
Як лаҳзаи дигарро низ мехоҳам барои шумо қисса кунам. Ин лаҳзаро аз телевизион тамошо кардам. Шукурҷон Зуҳуров ҳамроҳи марди кордон, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, раиси номдор шодравон Талбак Садриддинов тибқи дастури Президент ба назди фирориёне, ки дар кишвари ҳамсоя -Афғонистон буданд, рафтанд. Шукурҷон Зуҳуров бо суҳбати пурмазмуну хирадмандонаашон онҳоро барои ба Ватан баргаштан тарғиб намуданд. Ҳама барои бозгашт ба Ватан розигӣ доданд.
-Ман дар бистари беморӣ мехобидам,- аз минбар хитоб кард, собиқ депутати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадори меҳнат Оростамоҳ Сатторова. –Сари субҳ шунидам, ки раис барои вохӯрӣ омадаанд. Касалиам гум шуд. Омадам, ки ба Шукурҷон Зуҳуров барои хизматҳояш дар ободонии ноҳияамон аз номи модарони диёр изҳори миннатдорӣ намоям. Мо — модарон дуо мекунем, ки номзади мо ҳамеша дар паҳлуи Президенти муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон бошад.
Мирзомуддин Аслонзода аз Барномаи пешазинтихоботии номзад ёд кард ва гузаронидани кофтуковҳои археологиро дар минтақаи Рашт барои равшан намудани таърихи тоҷикон масъалаи муҳими рӯз гуфт. –Омӯзиши қалъаи Дарбандро аз ҳама зарур медонам, — гуфт М. Аслонзода.
Абдулмуъмин Раҳмонов дар бораи номзад суханҳои нек гуфт ва дар охир дархост кард, ки чанд сол боз дар водии Рашт Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон фаъолият дорад ва дар тарбияи мутахассисон барои мактабҳои маҳал хизмати хуб мекунад. Агар ҳамин донишкада ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум номгузорӣ гардад, кори хайре мешуд.
Шаҳнози Шукрулло — омӯзгори ҷавон аз номи ҷавонони ноҳия ба Президенти мамлакат, ки нисбати ҷавонон ғамхориҳои падарона мекунанд, изҳори миннатдорӣ кард ва гуфт, ки тамоми ҷавонони ноҳия аз сиёсати Сарвари давлат ҷонибдорӣ мекунанд. Дар интихобот сарҷамъона иштирок мекунанд ва ба тарафдории номзади арзанда овоз медиҳанд.
-Ман ҳамроҳи Шукурҷон Зуҳуров солҳои зиёд паҳлу ба паҳлу кор кардам, — гуфт собиқ раиси Кумитаи иҷроияи ноҳияи Нуробод Ғаюр Мубораков. -Дар симои ин шахси наҷиб ҳамаи хислатҳои неки инсониро пайдо кардам ва аз вай бисёр чизҳоро омӯхтам.
-Мехостам суҳбати имрӯзаро аз суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намоям,- гуфт номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров. –Сарвари давлат атрофи як масъалаи муҳими рӯз муҳокимаронӣ кард. Коррупсия метавонад решаҳои давлатдории моро суст гардонад. Давлати ҷавони Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бадном кунад. Ба муқобили ин падидаи номатлаб бояд нотарсона мубориза бурд. Муҳтарам Президент таъкид карданд, ки Тоҷикистон Ватани ҳамаи мост ва ҳифзи ному нанги он ба зиммаи тамоми мардуми бошараф аст.
Имрӯз вазъи сиёсии дунё дар як ҳолати нооромист ва як зумра ҷавонони тоҷик аз содагӣ, аз бесаводӣ, мутаассифона, ба гурӯҳҳои зиддимазҳабӣ мепайванданд. Шумораи онҳо кам аст, аммо барои мо ҳаёти ҳар як нафар шаҳрванди Тоҷикистон арзиши баланд дорад. Мо ба ҷавонон бояд ҳақиқатро фаҳмонем, онҳоро аз гумроҳӣ берун кунем. Ҳар як шахси бофарҳанг бояд байни мардум кор барад. Фаҳмонад, ки ин дастаҳои даҳшатнок, ки дар чанд гӯшаи олам фаъолият доранд, душманони исломанд. Ба хотири бадном кардани мусулмонон ин қадар ваҳшиёна рафтор мекунанд.
Сарвари давлат талош дорад, ки дар ояндаи наздик дар Тоҷикистон баробари соҳаи аграрӣ соҳаи саноат ҳам тараққӣ ёбад. Рушди соҳаи мазкур имконият медиҳад, ки садҳо ҷойи кори нав пайдо шавад. Шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ кам гардад. Барои рушди саноат неруи барқ лозим аст. Хушбахтона, созмонҳои байналмилалӣ баъди омӯхтани ҳуҷҷатҳои Неругоҳи барқи обии «Роғун» фикрҳои мусбат гуфта истодаанд. Дар ҳудуди ноҳияи Нуробод сохтмони ду неругоҳи барқи обӣ ба нақша гирифта шудааст. Як неругоҳ тамоми аҳолии минтақаи Раштро бо қувваи барқ таъмин мекунад. Ҳамчунин чандин корхонаҳои саноатӣ сохтан мумкин аст ва мо метавонем маҳсулоти хоми ин маҳалро бо истифодаи қувваи кории маҳаллӣ коркард намоем.
Дар хотима Шукурҷон Зуҳуров дар бораи хизмати Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ибрози назар кард. Аз ҷумла зикр намуд, ки Барномаи пешазинтихоботии ӯ аз Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар пешрафти ҷомеа, ваҳдати миллӣ, пойдории сулҳи кишвар корҳои зиёдро ба сомон расонидааст.
Дар вохӯрӣ раиси ноҳияи Нуробод Сайдамир Сиёҳмардзода ва намояндагони комиссияи ҳавзавии интихобот иштирок доштанд.
* * *
Вохӯрии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо интихобкунандагон дар Қасри фарҳанги маркази ноҳияи Тавилдара баргузор гардид. Шахси боэътимоди номзад ба вакилӣ Раҳмоналӣ Умаров роҷеъ ба ҳолнома ва Барномаи пешазинтихоботии номзад мухтасар изҳори назар кард.
Номбурда, аз ҷумла изҳор дошт, ки ба ҷонибдории номзади арзандаи хеш Шукурҷон Зуҳуров овоз дода, шумо шахсеро ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар интихоб менамоед, ки ҳамчун фарзанди фарзонаи халқу диёр, яке аз чеҳраҳои маъруфи мамлакат тамоми фаъолияти худро барои ободии кишвар сарф кардааст. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳамчун раис ва муовини якуми раиси ҳайати ҳукуматӣ дар гуфтушуниди сулҳи миёни тоҷикон фаъолона иштирок намуда, барои ба Ватан баргардонидани муҳоҷирон ва фирориёни иҷборӣ саҳми сазовор гузоштааст. Таҳти роҳбарии ӯ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ба марҳилаи нави фаъолият ворид гардид.
-Шукурҷон Зуҳуров ба вакилии мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар номзади сазовору шоиста аст. Умедворем ба ҷонибдории ин номзади арзанда овоз дода, ҷиҳати беҳбудии рӯзгори худ, ободии сарзамини бостонии Раштонзамин саҳми муносиб мегузоред,-гуфт Р. Умаров.
Баъдан Назокат Исмонова, Темур Қурбонов, Сафар Раҷабов оид ба фаъолияти номзад бо вакилӣ сухан ронданд. Номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон — Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар бораи Барномаи пешазинтихоботии худ ва дигар масъалаҳои муҳими минтақа ва кишвар изҳори назар кард.
Дар вохӯрӣ раиси ноҳияи Тавилдара Ҳиммати Ғайрат ва намояндагони комиссияи ҳавзавии интихобот иштирок доштанд.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»