Нуҳуми феврали соли 2015 таҳти раёсати раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён ҷаласаи навбатӣ баргузор гардид. Дар он масъалаҳои аккредитатсияи нозирони байналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкории Шанхай, Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар шаҳри Душанбе ва Сафорати Туркманистон дар ҷумҳурии мо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
-Бо даъватномаи Вазорати корҳои хориҷии кишвар нозирони байналмилалӣ ба ҷумҳурӣ ташриф оварда истодаанд. Даъвати нозирони байналмилалӣ ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон алоқаманд буда, иштироки онҳо ба баргузории интихоботи шаффофу ошкоро мусоидат мекунад,- иброз дошт Шермуҳаммади Шоҳиён.
Ташкилотҳои байналмилалӣ ба интихоботи дарпешистода таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд. То ба имрӯз дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон 131 нафар нозирони байналмилалӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини фаъолияти босамари нозирони байналмилалӣ диққати ҷиддӣ медиҳад. Маҳз ба ҳамин хотир маводи мукаммали зарурӣ, ки паҳлуҳои гуногуни раванди омодагиҳоро ба интихобот дар бар мегирад, бо сифати баланд бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ чоп ва ба онҳо дастрас мешавад.
Нозирони байналмилалӣ бо фаъолияти комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот шинос шуда, ҳамзамон дар семинарҳои омӯзишӣ бо иштироки аъзои комиссияҳои поёнии интихобот дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд ва инчунин дар ҷаласаҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд.
Мутобиқи талаботи моддаҳои 82 ва 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарорҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 нафар нозири байналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, се нафар аз Созмони Ҳамкории Шанхай, 11 нафар аз Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, 42 нафар аз Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Тоҷикистон, як нафар аз Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар шаҳри Душанбе ва ду нафар аз Сафорати Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия карда, ба онҳо шаҳодатномаи нозири байналмилалӣ супорида мешавад.
Масъалаҳои аккредитатсияи минбаъдаи нозирон аз дигар созмонҳои байналмилалӣ, бо дарназардошти ворид шудани пешниҳодҳо, дар ҷаласаҳои минбаъдаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»