Баррасии масъалаҳо вобаста ба интихобот

№136 (3121) 26.10.2013

24 октябри соли 2013 таҳти раёсати раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ҷаласа баргузор гардид, ки дар он якчанд масъала мавриди баррасӣ қарор ёфт.

Нахуст масъалаи тартиби нобуд кардани бюллетенҳо ва варақаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор намуд, ки баъди ҳисоби овозҳо бюллетенҳои интихоботӣ ва варақаҳои интихоботӣ аз ҷониби комиссияҳои участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар шакли муҳрзада, алоҳида басташуда) ба комиссияҳои интихоботии дахлдор супорида шуда, дар он ҷо то давраи дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд кардани Президенти интихобшуда нигоҳ дошта шаванд.

Инчунин, мувофиқи қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми бюллетенҳои интихоботӣ ва варақаҳои интихоботиро оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури раисон ва котибони комиссияҳои участкавии интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нобуд месозанд ва санад тартиб дода, онро ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд. Дар санад бояд миқдори умумии бюллетенҳо ва варақаҳо дар ҳар як участка алоҳида нишон дода шуда, аз ҷумла бюллетенҳои ботилшуда, боэътибор ва беэътибор донисташуда зикр мегарданд.

Баъд масъалаҳои аккредитатсияи нозирони байналмилалӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Ҳамкории Шанхай, Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Парлумони Аврупо ва Ассамблеяи Парлумонии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо баррасӣ шуданд.

Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар асоси дархостномаҳои пешниҳодгардида намояндагони ин ниҳоду ташкилот ба ҳайси нозирони байналмилалӣ аккредитатсия ва ба онҳо шаҳодатнома дода мешавад.

Оид ба ҳар яке аз масъалаҳои мазкур Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдор қабул намуд. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аккредитатсияи нозирони байналмилалӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Британияи Кабир ва Франсия қарорҳои дахлдор қабул намуд, ки тибқи онҳо намояндагони ин кишварҳо ба ҳайси нозирони байналмилалӣ аккредитатсия карда шуда, ба онҳо низ шаҳодатнома дода мешавад.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»