Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2020

Бохтар. Дидору мулоқот бо интихобкунандагон

№118-119 (4224-4225) 26.09.2020

FB_IMG_1600405485006Чанде пеш дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар вохӯрии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз панҷ ҳизби сиёсии кишвар бо доираи васеи интихобкунандагон баргузор гардид.

Зимни ифтитоҳи он раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Бохтар №44 Амонулло Ашӯрзода оид ба омодагӣ ба маъракаи сиёсӣ иттилоъ дод.

Сипас, Рустам Латифзода, номзад аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Абдуҳалим Ғаффорзода, номзад аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Абдуҷаббор Азизӣ, муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, шахси бовариноки номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Рустам Раҳматзода, номзад аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва Зирагул Мирҳасанова, котиби марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон оид ба барномаҳои пешазинтихоботӣ маълумот доданд.

Дар охир аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки зимни интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, барои ояндаи дурахшони кишвар ба ҷонибдорӣ аз номзадҳои арзанда овоз диҳанд.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»