Бадриддин Садриддинов дар оилаи яке аз деҳқонони номию машҳури мамлакат, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, депутати Шӯрои Олии СССР, як даъват депутати Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон Талбак Садриддинов, ки солҳои тӯлонӣ сарварии яке аз хоҷагиҳои калону серсоҳаи овозадори ба номи Ломоносови ноҳияи Шаҳритузро ба уҳда дошт, камол ёфтааст. Падари бузургвораш бобои Талбак аз хурдсолӣ фарзандони худ, аз ҷумла Бадриддинро бо нозукиҳои пешаи деҳқонӣ ошно ва барои хизмати ҳалолу содиқона ба халқу Ватан ҳидоят намудааст.
Азбаски Бадриддин Садриддинов мутахассиси варзидаи ин соҳа буд, вазифаҳои гуногуни бахши кишоварзиро дар сатҳи ноҳия иҷро намуда, чун маслиҳатчию мушовир дар татбиқи амалии сиёсати Сарвари давлат оид ба таҷдиди хоҷагиҳо саҳми назаррас гузошт ва бо меҳнати ҳалолу кордонии хеш дар минтақа ном баровард.
Аз кишоварзи одӣ ба дараҷаи сарварии яке аз хоҷагиҳои калонтарину овозадори ин минтақа –хоҷагии ба номи Ломоносови ноҳияи Шаҳритуз пухта расид.
Ҳамин кордонию мардумписандиаш буд, ки интихобкунандагони ноҳияҳои Шаҳритуз, Қубодиён ва ба номи Носири Хусрав соли 2005 ба ҷонибдориаш раъй дода, ӯро вакили хеш дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд. Бори дувум ӯ ба ин гуна боварӣ соли 2010 сазовор гардид. Тавре интихобкунандагон зимни суҳбат иброз доштанд, онҳо Бадриддин Садриддиновро чанд сол қабл намояндаи хеш дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуда, хато накардаанд. Зеро номбурда чун мутахассиси варзидаи ин соҳа дар таҳияву такмили қонунҳое, ки боиси пешравии бахши кишоварзӣ дар мамлакат гардидаанд, саҳми муносиб гузоштааст. Ҳамчун узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, узви Кумитаи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қабули қонунҳои наву зарурии ин соҳа, тағйирот дар қонунҳои амалкунанда, инчунин таҳияи санадҳои беҳбуд бахшидани вазъи экологии мамлакату минтақа ҳиссагузорӣ кардааст. Ӯ узви гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо парлумони Ҷумҳурии Финландия, Вулуси Ҷиргаи Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ал-Маҷлис-ул-Иттиҳоди-ул -Ватани Аморати Муттаҳидаи Араб мебошад.
Пешрафту мушкилоти ҳалталаби минтақае, ки ӯ намояндаашон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, низ аз мадди назари Бадриддин Садриддинов дур намондааст. Тӯли фаъолияти намояндагиаш вобаста ба ҳалли ин масъалаҳо ва таклифу дархости интихобкунандагон борҳо бо дархости вакилӣ ба вазорату сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ муроҷиат намудааст. Бадриддин Садриддинов аз ҷумлаи он вакилони масъулиятшинос аст, ки тӯли солҳои фаъолияташ дар парлумон ба дурдасттарин гӯшаю минтақаҳои ҳавзаи интихоботиаш, аз ҷумла мавзеи «Искра»-и ноҳияи Шаҳритуз, хоҷагии «Тоҷикистон»-и ноҳияи Қубодиён ва инчунин нуқтаҳои аз марказ дури ноҳияи ба номи Носири Хусрав сафар карда, бо интихобкунандагони худ аз наздик мулоқотҳо доир намудааст. Маҳз натиҷаи ҳамин масъулиятшиносӣ ва корҳои хуби ба сомон расондааш мебошад, ки Бадриддин Садриддинов бори сеюм ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Қубодиён №31 номзад пешбарӣ шудааст.
Ин иқдоми нек дар Конференсияи якҷояи бахши ХҲДТ дар ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритузу ба номи Носири Хусрав ба вуқӯъ пайваст. Бадриддин Садриддинов, ки мактаби хуби вакилиро тӯли даҳ соли фаъолият дар парлумон гузаштааст, ҷавобан ба боварии мардум Барномаи мукаммали пешазинтихоботӣ мураттаб намудааст. Чун ӯ аз ҷониби ҲХДТ номзад пешбарӣ гардидааст, мехоҳад дар амалӣ гардидани Барномаи ин ҳизб, ки ба пешравии истеҳсолот, аз ҷумла бахши кишоварзӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи суботи сиёсӣ дар ҷомеа, таҳкими истиқлолияти давлатии кишвар, такмили қонунгузорӣ, татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат, беҳбуд бахшидани соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, дараҷаи зисту зиндагии мардум ва масъалаҳои муҳими дигари ҳаётӣ нигаронида шудааст, саҳми бештар гузорад. Ҳамчунин ӯ мақсад дорад, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар татбиқи барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритуз, Носири Хусрав нақши муносибе дошта бошад.
Д. СУЛТОНОВ, «Садои мардум»