Бозингарони сиёсии беруна ба ивазшавии роҳбарият дар Тоҷикистон манфиатдор нестанд,

№128-129 (3113-3114) 12.10.2013

зеро симое нест, ки ҳамвазни Эмомалӣ Раҳмон  бошад

Бозингарони сиёсии беруна ба ивазшавии роҳбарият дар Тоҷикистон манфиатдор нестанд, зеро дар арсаи сиёсат симое нест, ки дар ҳақиқат ба Эмомалӣ Раҳмон баробар бошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз бехатарии сармоягузории хитойӣ, ҳузури низомиёни Федератсияи Россия  ва як қатор лоиҳаҳои иқтисодии ин кишварро, аз қабили нефти «Сариқамиш» ва НБО-и «Сангтўда-1» таъмин месозад. Дар ин хусус мушовири директори Донишгоҳи тадқиқоти сиёсати хориҷӣ ва ибтикор (Красноярск), коршинос оид ба кишвари Эрон ва Осиёи Миёна Игор Панкратенко дар мусоҳибаи ихтисосие бо сомонаи CA-News  иброз дошт.

- Номзади ягона барои президентӣ аз ҷониби мухолифин Ойниҳол Бобоназарова интихоб шуда буд. Оё ин як навъ амсилае барои занҳои номзад ба президентӣ буда наметавонад (зеро дар Қирғизистони ҳамсоя замоне Роза Отунбаева президент интихоб шуда буд)?  Ба ақидаи Шумо оё ў имконияти пирўз шуданро дорад?

- Албатта, ин иқдоми фаъол ва ҳатто то андозае иқдоми театрӣ мебошад, ки бо доштани имкониятҳои комилан ночиз барои пирўзӣ, ба «Иттиҳоди мухолифин» иҷозат медиҳад, ки дар назди Ғарб зебо ҷилва намоянд. Тавре ки аллакай гуфтам, хонум Бобоназарова тамоман имконияти пирўзиро дар даст надорад, вале ин ҷо гап сари имкониятҳо намеравад. Бо ин пешбарӣ «Иттиҳоди мухолифин» намоиш медиҳад, ки онҳо бар зидди президенти имрўза баромаданӣ нестанд ва иштирок дар интихобот барои мухолифин як навъ бозии сиёсист. Рости гап, инро пинҳон ҳам намекунанд. Ҷаноби Кабирӣ дар мусоҳибаи Радиои Озодӣ рўйирост гуфта буд: «Шояд мо дар интихобот мағлуб шавем, вале метавонем ин имкониятро барои аз худ хабар додан истифода барем».

Вале тарафи дигари ин пешбарӣ низ вуҷуд дорад. Мефаҳмед, осонтар аз ҳама нисбати номзади мазкур китфҳоро афшондану гуфтани на дузди бозор ва на шайхи мазор осонтар аст. Хонум Бобоназарова  бечунучаро инсони муҳтарам аст,  вале на сиёсатмадор. Вале, модоме ки ҷониби мухолифин танҳо чунин номзадро «пайдо намудаанд», пас, ин чунин маъно дорад, ки ҳеҷ гуна мухолифин вуҷуд надорад, танҳо дастаи одамонеанд, ки аз худ мухолифин тарошида, наметавонанд ба Тоҷикистон алтернативаи воқеии даври президенти имрўзаро пешниҳод намоянд.

- Агар дар интихобот Президенти амалкунандаи Тоҷикистон пирўз гардад, ки ин бешубҳа аст, оё месазад аз ў ягон хел ислоҳотро интизор шуд?

- Биёед, яку якбора муайян кунем, ки дар бораи кадом ислоҳот сухан меравад. Агар танҳо  ислоҳоти сиёсиро дар назар дошта бошед, ба ақидаи ман чунин ислоҳот дар ҳоли ҳозир ба Тоҷикистон  лозим нест, зеро ислоҳоти сиёсӣ ба кишвари дорои маҳсулоти умумии дохилӣ дар соли 2012 баробари 6,987 миллиард $ (маълумот мутобиқи The World Bank: Gross Domestic Product 2012 дода шудааст) – ин, маро бубахшед, таҳқиру масхарабозӣ мешавад.

Вазифаи асосии ҷумҳурӣ  ин баланд бардоштани иқтисодиёт аст. Чӣ тавр бояд инро анҷом дод, имрўз касе дар ин бора чизе гуфта наметавонад, на дар Душанбе, на дар Москва ва на дар Ғарб. На барои   он ки атрофиён ҳама нодонанд, балки ба он хотир, ки Тоҷикистон «аз маъракаи иқтисодии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ берун мондааст». Хотирнишон месозам, ки вазъият чунин аст: дар ҷумҳурӣ сатҳи рушди иқтисодиёти истеҳсолӣ фавқулодда паст аст. Сабаби асосӣ -  бекорӣ ва сатҳи пасти зиндагист. Дар шароити бозорӣ, махсусан, бозори глобалӣ, иқтисодиёти истеҳсолкунанда танҳо масъалаи «меҳнатдўстӣ» ва ҳатто «сармоягузорӣ», ки ҳар замон дар бораашон таъкид мекунанд, буда наметавонад. Дар ҳоле ки субъекти иқтисодӣ дорои тоқи худ набошад, ҳеҷ як меҳнатдўстӣ ё маблағгузорӣ наметавонад кўмак расонад. Агар мо рушди иқтисодиёти Тоҷикистонро хоҳонем, масалан ман, бисёр мехоҳам, ки ҷумҳурии дўстдоштаам пойдору аҳолии он дорои зиндагии сазовор бошанд, пас бояд чунин масъалагузорӣ карда шавад: мавқеи Тоҷикистон дар тақсимоти меҳнати минтақа ва ҷаҳонӣ чӣ гуна аст?  Яъне, аҳолии Тоҷикистон бояд чӣ кор кунанд, ки барои дигарон дархостӣ бошанд? Сайёҳиро инкишоф диҳанд? Оё пешниҳодоти ҷиддие ҳаст?

Якбора илова мекунам, ки Тоҷикистон бо ин шароиташ танҳо нест. Чӣ, дар Қирғизистон вазъият хуб аст? Дар Черногория? Дар Косова? Давлатҳое, ки аз иқтисоди глобалӣ «каноранд» зиёданд ва ин мушкилоти сохторӣ аст, ки ҳеҷ кас ба ислоҳ шуданаш кўшиш намекунад. Аз ин рў, Тоҷикистонро зарур аст, ки мустақилона модели худро ёбад.

Бигзор ин гуфтаҳои ман ғайрисиёсӣ садо диҳанд, дар маҷмуъ банда воқеан ҳам шахси ғайрисиёсиам. Агар имрўз яке аз ҷабҳаҳои иқтисоди Тоҷикистон интиқоли маблағҳои муҳоҷирон аст, биёед, дар самти омода намудан, баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва касбияти онҳо кор барем, то ин ки онҳо на ин ки 200-300 доллар ба хона равон кунанд, балки зиёдтар аз ин. Биёед, бо манотиқи Россия оид ба бо ҷойи кор таъмин намудан, омўзиш ва аз ҳама муҳим ҳифзи иҷтимоии онҳо созиш кунем. Бечунучаро дар ин самт ислоҳот зарур аст.

-Оё ба назари Шумо номзади ягона аз мухолифин ба манфиатҳои Федератсияи Россия, ИМА ва Хитой ҷавобгўй аст?

- Ба он водорам мекунед, ки ман гўям, инсоне, ки солҳои 1996 ва то 2007 Фонди Соросро дар Тоҷикистон роҳбарӣ мекард ва имрўз низ роҳбарии як созмони ҳифзи ҳуқуқ- «Перспектива+»-ро бар уҳда дорад, танҳо Амрикоро қонеъ карда метавонад. Фикр мекунам, ки онҳоро дар он ҳолат метавонад қонеъ кунад, агар барои онҳо ноамнӣ дар Тоҷикистон лозим бошад. Дар бораи Россия ва Хитой намегўям, то ҷое, ки аён аст, ҳамааш қонеънакунанда аст. Биёед, бубинед, бо чӣ номзад ба интихобот мераванд? Хонум Бобоназарова таъкид мекунад, ки дар сурати ғолиб омадан дар интихобот ҳамчун «Президенти муваққатӣ» ваколатро ба Парлумон дода, Ҳукуматро ғайримарказӣ мекунад. Воқеан, сухан сари дар Тоҷикистон таъсис додани ҷумҳурии парлумонӣ меравад, албатта, ҳамчун ҳамаи дигар ислоҳотҳое, ки мухолифин пешниҳод мекунанд, ҳамчун қисмҳои барномаҳое, ки дар онҳо гуфта мешавад «тиҷорати хурду миёна», «артиши касбӣ», ин ҳама орзуҳои сиёсианд. Фаразан, ў дар интихобот ғолиб меояд. Баъд чӣ? Дар ҳолати парламентаризмӣ ҳама гуна ислоҳоти куллӣ ғайриимкон аст. Дар шароити «парламентаризми шарқӣ» бошад, ислоҳот тамоман номумкин аст. Чаро? Барои он ки Парлумон зуд ба макони тақсими ҳисобҳо миёни қабилаҳо, макони тақсими ҷараёни маблағҳо, ба маконе, ки онҷо сиёсатмадорони бумӣ савдоро барои боло бурдани «маблағ барои риояи қонун» дар муносибот бо ҳукумати марказӣ оғоз мекунанд, табдил меёбад. Ин гуна сенария Тоҷикистонро қонеъ мекунад? Ин Россия ва Хитойро ҳам қонеъ намекунад, то ҷое ба ин кишварҳо ҳам Тоҷикистони амн лозим аст.

- Оё бозингарони беруна ба иваз шудани роҳбар дар Тоҷикистон ҳавасманданд?

-Ҳам Россия ва ҳам Хитой — на. Ва сабаб ин ҷо дар «таваҷҷуҳи» хос ба Эмомалӣ Раҳмон нест, гап на ба самти асотирии «русиягаройӣ» ё «хитойигароӣ»-и вай аст. Дар он аст, ки имрўз дар арсаи сиёсат ҳамвазни ў нест. Президенти Тоҷикистон имрўз амнияти сармояи Хитой, будубоши ҳарбиёни рус ва як қатор барномаҳои иқтисодии Россияро, аз қабили нефти «Сариқамиш» ва НБО «Сангтўда-1» таъмин мекунад.

Фикр мекунам, ки шароити иловагии пешниҳоднамудаи Эмомалӣ Раҳмон оид ба зиёд намудани ҳаҷми маблағ дар навкунии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҷониби Москваро қонеъ мегардонад.

Зиёда аз ин, 1 октябр, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома оид ба мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи ҳарбии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ кард.

ИМА то анҷом ёфтани монтажи таркиби «Афғонистон баъди соли 2014»-ҳамчунин ба иваз шудани Эмомалӣ Раҳмон ҳавасманд нест, ки инро низ ҷаноби Маҳмадалӣ Ҳайит-роҳбари ситоди интихоботии Бобоназарова дар мулоқот бо намояндаи Сафорати Амрико дар Тоҷикистон Катсакис таъкид кардааст. Дар назар аст, ки мавқеи Амрико дар соли 2014 мумкин аст шадидан тағйир ёбад, лек дар ин бора ҳоло гуфтан барвақт аст.

 -Нишонаҳои нави сиёсати беруна чӣ гуна хоҳанд буд? Мутобиқи қонунгузорӣ пас аз интихоботи президентӣ дарҳол Ҳукумат ба истеъфо меравад ва ба ҷойи он ҳукумати нав таъин мегардад. Тибқи натиҷаҳои интихоботи гузашта шахсиятҳо дар Ҳукумати Тоҷикистон комилан тағйир наёфтаанд, дар айни ҳол вазъи кунунӣ чӣ гуна аст? Шарҳи Шумо.

- Ба ақидаи ман гап дар сари шахсиятҳо нест, балки дар тамоюлот аст. Ҳама бидуни дигаргунӣ мемонад. Эмомалӣ Раҳмон байни манфиатҳои Россия, Хитой ва ИМА дар ҳоли мувозинат қарор мегирад. Магар ў интихоби дигар ҳам дорад?

- Ташаккур барои суҳбат.

CA-News, 2 октябри соли 2013