Ваҳдати миллӣ. Ба шарофати ин неъмати бебаҳо 20 сол аст, ки дар Тоҷикистон дигар садои тиру туфанг, нолаи талхи модарон ба гӯш намерасад, мардум нафаси осуда мекашад ва бо эътимоди комил, бо дили пур аз умед, орзуҳои наҷиб ба сӯйи фардои дурахшон собитқадамона роҳ мепаймояд. Ва, аммо зарур аст нафароне, ки чӣ будани ҷанги бемаънии хонумонсӯз, пайомадҳои даҳшатбори онро бо чашми сар дидаанд, ба насли наврас фаҳмонанд, ки Ваҳдати миллӣ, воқеан ҳам, неъмати бебаҳо асту бо баҳои ҷонҳо ба даст омадааст.
Оғози солҳои навадуми асри гузашта давлати тозаистиқлоламон ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор ва ҳама соҳа фалаҷ шуданд. Ҷомеаро буҳрони амиқи сиёсӣ фаро гирифт. Заволи давлат ва парокандагии миллат ногузир гардид. Хушбахтона, бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот, ваҳдати миллӣ дар кишвар таъмину пойдор гардид, заминаҳои воқеӣ ва мустаҳкам баҳри бунёди пояҳои давлатдории муосир ва инкишофи бемайлони ҷомеа гузошта шуд, ки боиси падид омадани як давлати воҳид, рӯ ба инкишоф ва дар низоми байналмилалӣ соҳибмақом шуд. Ҳамчунин, таҳкурсии гузариш аз як низоми сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба низоми дигар фароҳам омад, бо вуҷуди ҳама мушкилот давлати соҳибистиқлоламон муназзам рушд намуда истодааст ва пайванди ҷомеа бо ҷаҳони мутамаддини муосир, ки ҷавҳар ва асли онро низоми демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил медиҳад, ба вуҷуд омад.
Бо итминон метавон гуфт, ки маҳз дар давраи навини давлатдорӣ шаҳрвандони кишвар бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашта, аз сари нав Парчами Ватани азизамонро дар олам партавфишон намуданд, низоми давлатдориро дар кишвар устувор сохтанд, шохаҳои ҳокимиятро таҳким бахшиданд ва дар барпо намудани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба дастовардҳои беназир ноил гардида истодаанд. Дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат рушди афзалиятноки саноат, хусусан саноати сабук, хӯрокворӣ ва коркарди маъдан, густариши фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкории хурду миёна, такмили сиёсати буҷету андоз ва пулию қарзӣ, идомаи ислоҳоти идораи давлатӣ, ташаккули сохтори нави идораи иқтисодӣ, такмили тартиби ҷобаҷогузории кадрҳо дар асоси салоҳияти касбӣ, баланд бардоштани самаранокӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатии марказӣ ва маҳаллӣ, пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия, таъмини амнияти озуқавории кишвар, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ба раванди муттасил табдил ёфта, дар ин самт иқдомоти зиёде амалӣ шуда истодаанд.
Бо дарназардошти ин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон зикр карданд, ки «ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт».
Ҷаҳони пуртазод аз мо тақозо дорад, ки баробари ифтихор аз дастовардҳо, ба рӯйдодҳои таърихии замони муосир баҳои воқеӣ диҳем. Дар ин раванд таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати аз даст надодани зиракии сиёсӣ бояд мадди назар бошад. Ҳаводиси вақтҳои охир гувоҳи онанд, ки зиддиятҳои қудратҳои ҷаҳонӣ торафт авҷ гирифта, зуҳуроти даҳшатангези терроризм ва экстремизми диниву сиёсӣ беш аз пеш вусъат пайдо мекунанд ва дар минтақаву кишварҳои алоҳида хатари ба вуҷуд омадани низоъҳои нав пайдо шуда истодааст. Табиист, ки Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ аз ин равандҳои хатарнок дар канор буда наметавонад ва бояд кӯшиш намоем, ки бо тақвият бахшидани пояҳои давлати соҳибихтиёр манфиатҳои милливу давлатиро бо ҳушёриву садоқат ҳифз кунем.
Ардашер МУРОДОВ, мудири бахши назорати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон