Ба истиқболи 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чаҳор мувофиқати тасодуф

№48 (3685) 04.05.2017

Ё назаре ба иҷлосияи тақдирсози миллат баъди чаҳоряк аср

Чанде пеш яке аз шиносони деринам — Азимҷон Дадобоев — сокини деҳоти «Унҷӣ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, аз боби таҷлили 25-умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пурсид:

- Мирзоҷон, шумо аз мувофиқатҳои тасодуфии Қасри Арбоб бохабар ­ҳастед?

- Не, чӣ буд? — гуфтам.

- Ин тавр бошад, гӯш кунед. Қасри Арбоб дорои 16 сутун аст. Инро ба ман яке аз муҳандисони сохтмон зиндаёд Махкамбой Самебоев гуфта буд. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар ҳамин бино 16 ноябр оғоз шуд. Он расман 12 рӯз идома ёфта бошад ҳам, аз рӯи баҳисобгирии омодагӣ 16 рӯз ҳисоб мешавад…

Азимҷонако хайрухуш карда рафт, вале пеши назари ман беихтиёр он рӯзҳои вазнину барои миллат ҳассос ҷилвагар шуданд.

Замони даргириҳои сиёсӣ дар рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» (он вақт «Ҳақиқати Ленинобод») масъули инъикоси ҳаёти ҷавонон будам. Дар иҷлосия шахсан иштирок накардаам, аммо чун корманди масъули рӯзномаи вилоятӣ дар инъикоси он дар матбуоти даврӣ саҳм гузоштаам.

Воқеан, бо гузашти рӯзу моҳу солҳо қадру манзалати он рӯйдоди муҳими таърихӣ баландтар мегардад. Шояд дар рӯзҳои аввали баргузории иҷлосия, ­айёми гузоштани таҳкурсии сулҳу ваҳдат, ба сари қудрат омадани фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷараёни муқаррарӣ меҳособидем. Аммо имрӯз, чун аз даричаи таърих ба он назар меафканем, дарк мекунем, ки дар ҳақиқат, ба қавли устод Лоиқ ба ҳоли халқи азияткашида «раҳми Парвардигори мо» омад.

Чанде пеш бастаи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод»-ро варақгардон намудам ва бори дигар бовар кардам, ки барои иншои таърих яке аз сарчашмаҳои беҳтарин ҳамин рӯзнома мебошад.

Аҳли эҷоди «Ҳақиқати Ленинобод» таҳти роҳбарии сармуҳаррир, собиқадори матбуоти тоҷик Файзуллохоҷа Атохоҷаев тавонистаанд, ки рафти ҷаласаҳои иҷлосияро бо нозукиҳояш инъикос намояд. Ҷараёни иҷлосия таҳти рубрикаи «Сессияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯзи якум то рӯзи охир ба таври мукаммал инъикос ёфтааст. Рӯзномаро варақгардон намуда, дарёфтам, ки аз миёни қаламкашони онвақтаи рӯзнома бештари мақолаҳои таҳлилӣ ва гоҳҳо ошкорову ҷасуронаро журналисти варзида Ғафури Нарзулло иншо кардааст.

Дар шумораҳои аввал орзуву умеди бошандагони вилоят аз иҷлосия равшан ифода ёфтаанд. Масалан, шоир Назар Ашӯрзода дар шеъри худ «Ватанро дар амон монед!» ба гурӯҳҳои силоҳбадаст муроҷиат карда гуфтааст:

 

Ватанро дар паноҳи одамони меҳрубон монед,

Заминро бе садои тиру бешӯру фиғон монед,

Камонро пора бинмоеду андар қӯра сӯзонед,

Ҳаёти одамонро, одамон андар амон монед.

(«Ҳақиқати Ленинобод», №163, 12.Х1.1992)

 Дар ҳамон шумора мақола таҳти унвони «Арзи дили собиқадорон» ба чоп расидааст. Аз ҷумла, собиқ котиби якуми Кумитаи вилоятии ҳизби коммунистӣ Рифъат Ҳоҷиев фикру мулоҳизаи худро чун роҳбари соҳибтаҷриба баён доштааст. Вай, аз ҷумла, мегӯяд: «Ба фикри ман, дар иҷлосия бояд масъалаи идоракунии минбаъдаи президентӣ мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Дар давоми ду сол ду президент интихоб кардем, ин шаҳодат медиҳад, ки мо ҳоло ба ин шакли давлатдорӣ омода нестем. Бигзор як парламенти бақувват интихоб шаваду корро пеш барад…».

Воқеан, гуфтаҳои ин пири рӯзгордида ва дар роҳбарӣ соҳибтаҷриба амалӣ шуданд.

Дар миёни навиштаҳо мақолаи «Маҷлиси намояндагони минтақаҳои ҷумҳурӣ» диққати маро бештар ҷалб кард, ки ба АМИТ «Ховар» мутааллиқ аст. Аз мутолиаи он ба хулоса омадам, ки вакилону иштирокдорони иҷлосия, ки на ба ҳама баромад ва таклифу пешниҳод диққату эътибори ҷиддӣ медоданд, баромади раиси вақти ­Кумиҷроияи вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмоновро бодиққат гӯш кардаанд: «Иштирокдорони маҷлис ба суханронии раиси Кумиҷроияи вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмонов, алалхусус диққат доданд, ки ин, албатта, беҳуда нест. Чандин вақт аст, ки вилоят дар муҳосираи иқтисодӣ мебошад. Дар асари ин аҳолии вилоят аз нарасидани озуқа машаққат мекашад.

Ҳукуматдорон меъёри шабонарӯзии нонро ба ҳар сокин ночор то 50 грамм расонидаанд. — Мо, — гуфт Э. Раҳмонов, — аз Кумиҷроия вилояти Ленинобод, аз меҳнаткашони шаҳри Хуҷанд барои фароҳам овардани шароити хуби гузаронидани Иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷикистон бағоят миннатдорем. Аз ҷанги дохилӣ бисёр ҷойҳо валангор шуданд, даҳҳо ҳазор одам ба шаҳодат расид. Барои ободонии хароботи ин фоҷиаи даҳшатнок даҳҳо сол зарур аст. Давом додани хунрезӣ камоли беақлист. Мо ҷаҳд дорем, ки дар ҳар хонадон сулҳу салоҳ муқимӣ гардад. Мо маҳз бо ҳамин мақсади наҷиб ба иҷлосия омадем…». («Ҳақиқати Ленинобод», №167, 21.Х1.1992).

Дар мақолаи мухбири рӯзнома Ғафури Нарзулло таҳти унвони «Раиси нав интихоб шуд» чизи дигари ҷолибро мутолиа кардам: «Вакилон тасмим гирифтанд, ки интихоби Раиси Шӯрои Олӣ тариқи овоздиҳии пинҳонӣ сурат гирад. Вақте ин чорабинӣ амалӣ мегардид, бо чанде аз иштироккунандагони иҷлосия нисбат ба шахсияти Эмомалӣ Раҳмонов суҳбат оростем ва ростӣ, ки касе дар ҳаққи ӯ сухани бадро раво надид. Ҳама ӯро чун инсони софдилу поквиҷдон, адолатхоҳу ватандӯсти ҳақиқӣ сифат карданд. Аз рӯҳияи онҳо маълум буд, ки ҳама ба тарафдории ӯ овоз медиҳанд ва дар ҳақиқат ҳам аз 197 вакил 186 нафараш ин фикрро тасдиқ карданд».(«Ҳақиқати Ленинобод», №167, 21.Х1.1992).

Доир ба ҷараёни минбаъдаи кори иҷлосия таҳти роҳбарии Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бисёр гуфтаанду навиштаанд. Ман мехоҳам дар он бора нависам, ки кам гуфтаанд ё умуман нагуфтаанд. Масалан, дар бораи барпо намудани «Оши оштӣ». Аз мақолаи «Биёед, дар Хуҷанд оши оштӣ пазем!», ки дар шумораи 170-уми рӯзнома чоп шудаасту ба қалами мухбири рӯзномаи вилоятии «Ленинабадская правда» Пӯлод Ҷалил тааллуқ дорад, пухтани оши оштиро собиқ раиси Кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Йӯлчӣ Бобоев дар ҷашни 80-солагиаш таклиф карда будааст. Ин пири рӯзгордида дар интиҳои ҷашн бо арзи сипос ба қадршиносии меҳнати хоксоронааш аз вазъи муташанниҷи ҷумҳурӣ ёдовар шуда, гуфтааст, ки «ниёгони ногапи мо дар гузашта маҳз бо якҷоя тановул намудани оши палав ҳамдигарро бахшида, бо ҳам оштӣ мекарданд».

Пешниҳоди ин пири рӯзгордида аз ҷониби умум дастгирӣ ёфт ва 26 ноябр дар саҳни Қасри Арбоб оши оштӣ пухта шуд. Собиқадори ҷанг ва маориф, шодравон Иброҳимхоҷа Хоҷаев барои оташбаси ҷонибҳои мусаллаҳ гӯсфанди бӯрдоқии худро барои қурбонӣ пешкаш намуд (акси ӯ дар саҳифаи 1-и шумораи №173-юми рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» бо гӯсфанди барои қурбонӣ овардааш ҷой дода шудааст).

Қарорҳои иҷлосия рӯҳияи меҳнаткашони ҷумҳуриро баланд бардошт. Иддае ҳимматбаландӣ зоҳир карда, барои гурезагони иҷборӣ музди меҳнати якрӯзаи худро бахшиданд. Ин гуна олиҳимматӣ тибқи хабари рӯзнома аз ҷониби коргарони Колоннаи сайёри механиконидаи № 3-и ноҳияи Мастчоҳ ба ҷо оварда шуд: «Дар аввали маҷлис депутат Малик Қурбонов хабар дод, ки коргарони КСМ №3-и ноҳияи Мастчоҳ қарорҳои иҷлосияро, ки мақсад аз онҳо ба эътидол овардани вазъият мебошад, маъқул дониста, тасмим гирифтанд, ки музди кори якрӯзаашонро ба ҳисоби гурезаҳо гузаронанд. Баъзе коргарон 500-1000- сӯмӣ гузарониданд». «Ҳақиқати Ленинобод», №173, «Иттилоъ»).

Бештари аҳли зиё рӯзҳои баргузории иҷлосия фаъол буданд ва тавассути баромаду муроҷиатҳо ба мардум ҷонибҳои даргирро ба сулҳу салоҳ ва оташбас даъват мекарданд. Яке аз онҳо шоира Сафиябону Шокирова буд, ки дар шеъри худ «Тоҷикон» мегӯяд:

Тоҷикони хоксорам, хоки поят тӯтиё,

Ҳиммате кун, боз дасти пурсахоятро кушо.

Модари тоҷик ҳоло хору зорӣ мекунад,

Дидаи худро кушо, фарзанди хушақли расо.

Модари бечора зору хонавайрон шуд хароб,

Сулҳ кун имрӯз, то ки модарат гардад ризо. 

(Ҳақиқати Ленинобод», №171, 

аз 26.Х1.1992)

 Зиндаёд Ҳасани Порсо дар яке аз шумораҳои рӯзнома бо номи «Далелҳои аҷиб аз иҷлосия» мақолаи ҷолибе навиштааст, ки бо овардани баъзе бандҳо хулосаи онро ба қазовати хонанда ҳавола мекунем:

«25 ноябр дар иҷлосия чунин манзараро дидам: соати 10.14 дақиқа 43 депутат рӯзнома мехонд, 8 нафари дигар китоб, 6 нафар ким-чиро қайд мекард, 13 ҷуфт бо ҳамдигар суҳбат ­доштанд. Дар иҷлосия масъалаи гумрук муҳокима мешуд»

«Аввалин барқияе, ки 27 ноябр омад, аз тоҷикони Амрико буд»…

«Дар дафтари матбуот занги телефонӣ дақиқае хомӯшӣ надорад. Беш аз 70 рӯзноманигор ба расонаҳои маҳаллӣ ва мамолики Амрико хабар мефиристанд»…

«Дар муҳофизату амнияти намояндагони халқ ва меҳмонон зиёда аз 2200 корманди умури дохила, 200 нақлиёт ва дигар воситаҳо иштирок доранд. Дар рӯзҳои иҷлосия ягон ҳодисаи фавқулода рух надодааст. Дар атрофи Қасри Арбоб садои тире ба гӯш нарасидааст»…

«Дар рӯзҳои иҷлосия қариб 150 дег оши палав пухта шуд. Вале аз биринҷи девзираву равғани зағир не!»…

«Дар давраи иҷлосия қариб ба маблағи 116 ҳазор сӯм дорувор ва сақич (жвачка) ба савдо рафтааст. Ҳамчунин, 147 қолинча бо расми ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Саидхоҷа Ӯрунхоҷаевро харидаанд»…

«Хароҷоти сессия аз рӯи гуфти ҳисобдонҳо эҳтимол ба 80-90 млн. сӯм дакка задааст» («Ҳақиқати Ленинобод», №175, 3. Х11.1992).

Кори иҷлосияи тақдирсози миллатро сармақолаи рӯзнома таҳти унвони «Мо хоҳони сулҳем» то андозае ҷамъбаст кардааст: «Рӯзҳои бисёр душвори кори иҷлосия, ки тантанаи қонунро бар беадолатӣ собит намуд, паси сар шуданд. Вале, беихтиёр кас аз дил мегузаронад, ки кай мо самараи ба эътидол омадани ҳаётамонро мебинем?!…

Муаллифи сатрҳои боло ва дар маҷмӯъ мардуми ҷумҳурӣ, он шабу рӯзҳо намедонистанд, ки дар пеш боз расо панҷ соли дигар вазниниҳои сахти иқтисодиву иҷтимоӣ, гуруснагиву ҷангу ҷидол моро интизор аст. Ниҳоят, баъди 5 соли расо, бо кӯшишу ғайрат ва ҷонбозиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов (27 июни соли 1997) ба диёри офатзадаи мо сулҳу амонӣ омад. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расиду халқ оҳи сабук кашид. Танҳо баъди он Роҳбари давлат имкон пайдо кард, ки пурра дар андешаи пеш бурдани иқтисодиёт ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ шавад.

Ҳадаф аз варақгардон намудани саҳифаҳои таърихи Ватани маҳбуб танҳо як чиз аст: ба насли наврас хотиррасон кардани рӯзгори чаҳоряк аср пеши халқи азизамон, ки кӣ будему чӣ шудем? Дар кадом сатҳ қарор доштему бо кӯшишу заҳмати фарзанди фарзонаи халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ба куҷо расидем? Дар урфият мегӯянд: «халқ гавҳаршинос аст». Сиёҳро аз сафед, талхро аз ширин ба хубӣ фарқ мекунад. Маҳз ҳамин хислати ҳамидаи халқи баору баномус буд, ки ба Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ унвони олии Пешвои миллатро сазовору арзанда донист.

Мирзоаъзам Мақсудов,

узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон