Ин посухи Закариёи Розӣ аст ба хурофотпарастон
Донишмандон мисли чароғ ҳастанд, ки ба давру бари хеш равшанӣ мебахшанд, чодари сиёҳи ҷаҳлу нодониро бармедоранд. Онҳо муштоқони илму маърифатро ба кӯи мурод раҳнамун месозанд.
Ниёгон низ дар таърихи илму адаб мисли офтоб дурахшидаанд ва осори гаронбаҳо боқӣ гузоштаанд. Давраи Сомониён, ки мардум аз осоиш бархӯрдор буданд, ба рушди илму маърифат низ мусоидат кард. Ба ҷуз ин, шоҳони Сомонӣ низ ба илму адабиёт таваҷҷуҳи хос доштанд. Олимпарварию адибнавозиашон шароити хубро дар ҳавзаҳои илму фарҳанг фароҳам сохт. Мақом ва ҷойгоҳи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар дарбори шоҳони Сомонӣ гувоҳи гуфтаҳои болост. Ба ҷуз устод Рӯдакӣ олимону шоироне чун Абулфазли Балъамӣ, Робияи Балхӣ, Фирдавсӣ, Сино, Закариёи Розӣ ва дигар мутафаккирони барҷаста ба майдон омаданд. Ҳамон даврон гиромидошти забони миллӣ пайдо шуд ва бо забони модарӣ асарҳои барҷаста ба вуҷуд омад. Дар ин кор нақши давлати Сомониён хеле бузург аст.
Таъкид кардан бамаврид мебошад, ки сиёсати хирадмандонаи Сомониён ба асрҳои минбаъда низ таъсир гузошт. Ин боиси он гашт, ки симоҳои барҷаста дар дунёи илм ба вуҷуд оянд ва мақому ҷойгоҳи ҷаҳонӣ касб созанд. Яке аз чеҳраҳои тобноки илм Муҳаммад Абубакр Закариёи Розӣ мебошад. Нубуғи ӯ дар илми кимиё ҷаҳонро фаро гирифтааст.
Номбурда соли 865 дар шаҳри Рай чашм ба олами ҳастӣ кушода, аз овони ҷавонӣ ба касби илм машғул гашта, ба илмҳои замон тасаллут пайдо мекунад. Табиатшиносӣ, кимиё, физика, риёзӣ, нуҷум, тибро меомӯзад ва корҳои бузурги илмиро анҷом медиҳад.
Вай, аслан марди ҳунарманд буд, заргарӣ мекард. Бо ашёе чун тилло, нуқра, мис ва амсоли инҳо сарукор дошт. Яъне, олим коргоҳи заргариро чун озмоишгоҳи илмӣ истифода мебурд.
Ӯ дар соҳаи кимиё кашфиёти зиёд кардааст. Омӯзиши осораш ин хулосаро дар зеҳн равшан месозад, ки дар он даврон дар илми кимиё касе бо вай баробар набуд. Таъсири ӯ ба инкишофи ин соҳа дар асрҳои баъдӣ низ хеле барҷаста аст. Аз ҳамин ҷост, ки ӯро барҳақ падари илми кимиё меноманд. Таъкид кардан бамаврид аст, ки Закариёи Розӣ асосгузори оксидҳо ва ихтироъкори спирт мебошад. Ҳамчунин, вай яке аз поягузорони илми тибби замонаш аст.
Қаҳрамони матлаб аввалин маротиба дар бораи пайдоиши микробҳо ва зарари онҳо дар илми тиб таҳқиқот гузаронидааст. Яъне, вай пеш аз олими англис Эдуард Ҷенер ин корро анҷом медиҳад.
Дар сарчашмаҳо сабаби ба илми тиб рӯ овардани Закариёи Розиро ба тариқи зайл зикр шудааст: Чашмонаш гирифтори беморӣ мегарданд. Ӯ ба табиб муроҷиат мекунад. Табиб баъди муоина мегӯяд, ки барои табобат 500 динор лозим аст, ки дар он замон маблағи ниҳоят калон буд. Баъди ин воқеа вай тамоми умрро ба омӯзиши тиб ва кори табобати маризон мебахшад. Дар давоми умри бобаракати хеш 60 асари илмӣ дар бораи тиб менависад. Масалан, яке аз корҳояш муайян намудани бемориҳои «нағзак» ва «сурхак» буда, роҳҳо ва усулҳои табобати онҳоро низ мушаххас кардааст.
Абӯалӣ ибни Сино худро тарбиятдидаи мактаби илмии Закариёи Розӣ медонад ва ба фаъолияти пурсамари ӯ дар соҳаи тиб баҳои баланд медиҳад.
Закариёи Розӣ ба илми физика низ рағбати калон дошт. Корҳои мушаххасеро дар самти физикаи назариявӣ – амалӣ анҷом дода, дар бораи атом, ду мақоми вақти комил ва мутлақ, вазни хоси ҷисмҳо ва вазни хоси тиллоро кор кардааст. Номбурда бори нахуст дар асри Х тарозуро ихтироъ мекунад.
Закариёи Розӣ дар илми риёзӣ низ корҳои ҳайратоварро анҷом медиҳад. Дар бораи воҳиди квадратӣ – диагонал, риёзиёти осмонӣ, таркиби хӯрок ва об пажӯҳиш мегузаронад. Асарҳои методии ӯро, ки дар асри Х навишта буд, соли 1923 олимон беҳтарин осори методӣ дар ҷаҳон номида буданд.
Назарияи офариниши олам, маркази гелиосентриро низ якумин маротиба Закариёи Розӣ пажӯҳиш кардааст. Баъдтар аз рӯи назарияи ӯ олими машҳури поляк Николай Коперник таҳқиқот гузаронида, ҳаққонияти онро исбот менамояд.
Ин нобиғаи бузург, агарчӣ шаст сол умр дид, осори гаронбаҳое дар ҳаҷми 238 китобу рисола, ки дар умум 30 ҷилдро ташкил медиҳанд, боқӣ гузоштааст. Вай то охирин нафас бар зидди хурофотпарастон мубориза мебарад. Дар охири умр нобино мешавад. Хурофотпарастон таънааш мезананд, ки ба муқобили диндорон, ки баромадӣ, оқибат кӯр шудӣ. Вай бо табассуми зебо посух медиҳад: «Чашмони ман аз дидани шумо хаста шудааст».
Муродалӣ ҲОШИМОВ, муаллими калони ДДТХ, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон