Дар 29 давлат участкаҳои интихоботӣ таъсис ёфт

№105 (4211) 29.08.2020

Бисту чоруми августи соли равон таҳти раёсати раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъй­пурсии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон (КМИР) Бахтиёр Худоёрзода ҷаласа доир гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба ташкил ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Аз ҷумла, намуна ва шакли ҳуҷҷатҳо барои гузаронидани интихобот, ташкили гурӯҳҳои корӣ оид ба таъмини фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ, баррасии арзу шикоятҳо, санҷиши асолати имзоҳои ба тарафдории номзадҳои пешбаришуда ҷамъоваригардида, таъсиси Маркази матбуотии КМИР, тартиби муайян намудани сатҳи донистани забони давлатӣ аз ҷониби номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили участкаҳои интихоботӣ дар давлатҳои хориҷӣ, Роҳнамои ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, кормандони милитсия (ҷиҳати таъмини бехатарии раванди интихобот) ва волонтёрон дар интихоботи президентӣ баррасӣ ва қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Зикр гардид, ки бо қарори КМИР дар 29 давлати хориҷӣ назди сафоратхонаҳо, намояндагиҳо ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 39 участкаи интихоботӣ ташкил ­шудааст.

 М. УСМОН, «Садои мардум»