1 марти соли 2015- интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Дар эҷоди қонун донишу маҳорат зарур аст

№23 (3324) 18.02.2015

МУАРРИФИНОМА

Азизмат ИмомовХолмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад 4 марти соли 1959 дар деҳаи Хиштхонаи деҳоти «Понғоз»-и ноҳияи Ашти вилояти Суғд дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Пас аз анҷоми мактаби миёнаи №13 ба номи Камоли Хуҷандии ноҳияи Ашт соли 1976 ба факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) дохил шуда, онро соли 1981 бомуваффақият хатм мекунад. Бо роҳхати донишгоҳ ба мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ ба кор қабул мешавад.

Ӯ дар вазифаҳои коромӯзи прокуратураи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, муфаттиши калони прокуратураи шаҳри Хуҷанд, муфаттиши прокуратураи ноҳияи Ашт, муфаттиши калони прокуратураи шаҳри Исфара, муфаттиши корҳои махсусан муҳим ва сардори шуъбаи тафтишотии прокуратураи вилояти Суғд, муовини сардори Раёсати тафтишотӣ, сардори шуъбаи назорат бар тафтишоти пешакӣ ва таҳқиқ дар мақомоти Вазорати корҳои дохилии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати тафтишотии прокуратураи вилояти Суғд, прокурори вилояти Хатлон, муовини якуми прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовин ва муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Хизматҳои А.Х. Холмуҳаммадзода дар мустаҳкам кардани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо ордени «Шараф, рутбаи Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 2 (генерал-лейтенанти адлия), Корманди фахрии Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтихорномаҳои прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ қадрдонӣ шудааст. Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ. Оиладор ва соҳиби ду писар мебошад.

28 феврали соли 2010 аз ҳавзаи интихоботии Ашт №17 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум интихоб шудааст.

Аз ҷониби бахши ҲХДТ дар ноҳияи Ашт маротибаи дуюм дар ҳавзаи якмандатаи интихоботии Ашт №17 Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ ва ба қайд гирифта шуд.

 Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад бо таҷрибаи зиёди дар соҳаи ҳуқуқ доштааш ҳамчун вакил дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Дар парлумони доимоамалкунандаи кишвар қонун ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул мешаванд. Ин санадҳо фарогири тамоми соҳаҳо буда, раванди татбиқи онҳо ба низому риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ замина мегузоранд. Эҷоди қонун талабот ва қоидаҳои хосаи худро дорад. Дар ин ҷода доштани дониши ҳуқуқӣ муҳим мебошад.

Ҳанӯз замони дар мақомоти прокуратура кор карданаш дар ташвиқу тарғиби қонунгузорӣ, тавзеҳи он ва мустаҳкам намудани қонуният иштироки фаъол дошт. Аз ҷумла ӯ гурӯҳи тафтишотии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо парвандаи ҷиноятӣ оид ба куштори нахустин прокурори генералӣ Нурулло Ҳувайдуллоев роҳбарӣ намуда, дар муайян ва ба ҷавобгарӣ кашидани қотилон саҳми босазо гузоштааст.

Ҳангоми фаъолият дар мақомоти қонунгузорӣ Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад дар таҳия ва баррасии лоиҳаҳои қонунҳо таҷрибаи андӯхтаашро истифода мебарад. Дар давраи фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ӯ дар таҳия ва қабули лоиҳаи қонунҳо саҳми муносиб гузоштааст.

Донишу малака, сатҳи баланди кордонӣ ва хислатҳои неки Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад имконият доданд, ки ӯ раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бундестаги (Парламенти) Ҷумҳурии Федеративии Германия интихоб шавад.

Фаъолият ба ҳайси раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон собит намуданд, ки ӯ яке аз вакилони сермаҳсул ва масъулиятшинос мебошад. Кори Комиссияи номбурдаро дар дараҷаи зарурӣ ба роҳ монда, тамоми чораҳои ташкиливу амалиро ба он равона намудааст, ки муқаррароти Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ва бенуқсон иҷро гарданд. Оид ба такмили Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам пешниҳодҳо омода намуда, шарҳи асосноки муқаррароти он ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои он таъмин менамояд.

Бо мақсади самаранокгардонии фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он, Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки кори сохторҳои Маҷлиси намояндагонро ба низом медароранд, дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намуд. Ин пешниҳоди вакил аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гашт ва айни ҳол санадҳои меъёрии ҳуқуқии мазкур мавриди татбиқ қарор гирифтаанд. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» меъёрҳои Дастур дар мувофиқати байни ҳамдигар ҷо ба ҷо шуда, тартиби баррасӣ ва ҳалли тамоми масъалаҳое, ки ба салоҳияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансубанд, муайян шуданд.

Лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурӣ, ки ӯ таҳия ва пешниҳод намудааст, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва мавриди амал қарор гирифтаанд.

Ба ҳайси раиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бундестаги (Парламенти) Ҷумҳурии Федеративии Германия пайваста ҷиҳати мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкории Тоҷикистон бо ин кишвари пешрафта кор мебарад.

Баробари фаъолият дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани донишу малакаи худ пайваста кӯшиш менамояд. Вай шахси бомаърифат, илмдӯст мебошад. Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад моҳи июли соли 2003 дар Шӯрои диссертатсионии Шӯрои байниакадемиявии байналмилалии шаҳри Москва дар мавзӯи «Ҷанбаҳои ҳуқуқӣ – ҷиноятии мубориза бар зидди терроризм дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд ва ба дарёфти унвони номзади илми ҳуқуқшиносӣ мушарраф гардид.

Се монография ва зиёда аз панҷоҳ мақолаи илмии Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад оид ба пешгирӣ ва мубориза бо терроризм, экстремизм, савдои одамон, коррупсия, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва намудҳои дигари ҷиноятҳои муташаккил ба нашр расидаанд, ки аҳамияти илмӣ ва амалӣ дошта, раҳнамо барои донишҷӯён ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошанд.

Дар конференсия ва ҳамоишҳои байналмилалӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Ҷумҳурии Федеративии Германия, Италия, Дания, Австрия, Швейтсария, Шветсия, Туркия, Миср, Македония, Сербия,  Федератсияи Россия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкорӣ ва Амният дар Аврупо ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай таҷриба ва дастовардҳои Тоҷикистонро оид ба пешгирӣ ва мубориза бо терроризм, экстремизм, савдои одамон ва намудҳои дигари ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ муаррифӣ намудааст.

Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи Барномаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Барои Ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум»-ро ҷонибдорӣ менамояд. Мутобиқи Барномаи пешазинтихоботии худ дар омода намудани заминаҳои ҳуқуқии рушди соҳаҳои илму маориф, фарҳанги миллӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи насли наврас мехоҳад иштироки фаъолона дошта бошад.

Дар ноҳияи Ашт масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодии ҳалталаб зиёданд ва ӯ ҳамчун намояндаи ин минтақа дар парлумон бо истифода аз ваколатҳои худ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар ҳалли онҳо саҳм гузорад. Аз ҷумла дар бунёди хатти баландшиддати барқии «Қайроққум- Ашт», хатти барқи «Шайдон-Понғоз», роҳи автомобилгарди «Хуҷанд- Шайдон».

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»