Ҳидоятномаи рушди устувор, роҳнамои созандагӣ, таҳрикдиҳандаи хуррамгардонии диёр, заминасози фатҳи музаффариятҳои нав дар замони соҳибистиқлолӣ, илҳомбахши бунёдкориҳои пуравҷ ва ҳуҷҷати муҳими барномавӣ будани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки бо таҳлили муфассали дастовардҳо, қиёс намудани нишондодҳои оморӣ, вазифагузории мушаххас, дурнамосозӣ ва ояндабинии воқеънигарона ҳастиву бақои миллату давлатро дар марҳилаи муайяни таърихӣ тарҳрезӣ, нақшагирӣ ва баҳогузориву хулосабарорӣ менамояд.
Агар ба таърихномаи ироаи паёмҳои Президенти мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ назар афканем, хоҳем дид, ки муҳтавои онҳо ҳамеша ба хостаҳои аҳли ҷомеа посухгӯ будаанд. Пешвои миллат доимо ҳарфи дили мардумро мегӯянд, мушкилотеро масъалагузорӣ намуда, баҳри рафъаш дар назди масъулон вазифагузорӣ мекунанд, ки боиси сабукии кору рӯзгори ҳамватанон мегардад. Бо дарназардошти ин, табақаҳои гуногуни аҳолӣ ҳар сол Паёми Президенти мамлакатро ба парламенти кишвар мунтазир мешаванд, зеро бовар доранд, ки тарҳи нави ободкориҳои азим ба миён гузошта мешавад ва аз равиши нави амал баҳри шукуфоии иқтисод ва равнақи ҳаёти иҷтимоӣ Сарвари давлат муждагонӣ хоҳанд дод.
Дар Паёми соли 2019 Пешвои миллат зикр карданд, ки «таъмини чорабиниҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2020» ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон, мусоидат намуд».
Ҳамин маъниро, ки ҷавҳари асосии талошҳои сарварӣ ва фаъолияти давлатдории Пешвои миллатро ташкил медиҳад, дар қисмати хотимавии Паём пурратар иброз намуданд:
«Ҳадаф аз стратегияву барномаҳои қабулшуда, ки ҷараёни татбиқи онҳо дар Паёми имрӯза таҳлилу баррасӣ гардид, инчунин, мақсади ниҳоии қонунҳои қабулкардаи парламент, фармону амрҳои Президент ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат аз он иборат аст, ки пешрафти давлат, ободии Ватан ва муҳимтар аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон таъмин карда шавад».
Аз ҳар ду таъкиди Президенти мамлакат бармеояд, ки мақсад аз чор ҳадафи стратегӣ, ҳадафи олӣ ва мақсади ниҳоӣ боло бурдани дараҷаи некуаҳволӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардуми кишвар аст.
Дар масири ватансозиву ватандорӣ Пешвои миллат ҳамеша ба неруи бузуги халқ, хусусан, ҳамовозию ҷонибдории ҷавонон ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа ва ояндасози боэътимоди миллат, такя менамоянд. Маҳз аз ин ҷост, ки аҳли ҷомеа, аз ҷумла, ҷавонон, ки беш аз ҳафтод фоизи аҳолии мамлакатро ташкил медиҳанд, дар татбиқи ташаббусу иқдомҳои ватанхоҳонаи Пешвои миллат ҳиссагузорӣ менамоянд. Дар робита ба ин, Президенти кишвар дар Паём бо изҳори ризоят баён доштанд:
«Насли ҷавони кишвари мо бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ исбот намуд, ки роҳи интихобкардаи мо дар масири ватансозиву ватандорӣ дуруст мебошад».
Дар ҳамин замина, Пешвои миллат возеҳ ва дурнигарона чунин вазифагузориҳои мушаххас намуданд: «дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад».
Ҳамчунин, мисли паёмҳои қаблӣ ва ҳама нутқу суханрониҳояшон Президенти ҷумҳурӣ халқи кишварро даъват намуданд, ки «бо сарҷамъиву муттаҳидӣ камбудиҳои мавҷударо бартараф кунем». Ҷойи дигар бо самимияту ҳисси саршор аз умед ҳамаро ба сарҷамъӣ дар ободгарии мулк ва масъулият дар назди ояндагон даъват карда, ин ҳарфҳои пурмеҳрро баён доштанд: «мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибистиқлоламон ва Ватани аҷдодиамон — Тоҷикистони озоду маҳбуб минбаъд низ сарҷамъона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаи халқи худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи мову шумо ифтихор намоянд».
Пас, месазад, ки ватандӯстиро на танҳо дар сухан, балки дар амал нишон дода, имондорона дар ҷавоб ба даъвату роҳнамоӣ ва ҳидояту вазифагузориҳои Пешвои маҳбуби миллат, ки аз Паёмашон бармеояд, дар ҷодаи ҳифзи дастовардҳои миллӣ, афзун ва зиёда гардонидани музаффариятҳои замони соҳибихтиёрӣ саҳму нақши доимӣ дошта бошем ва бо комёбиҳои пурарзиш 30 — солагии Истиқлолияти давлатиро бо шаҳомату шукӯҳи хоса истиқбол гирем.
Суҳроб РУШАНЗОДА,
раиси Суди ноҳияи Сино